Атмосфераи саёраҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
clean up, added orphan tag using AWB
х →‎Атмосфераи Зуҳал: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 14:
 
== Атмосфераи Зуҳал ==
Атмосфераи Зуҳал асосан аз ҳидроген, омехтаи гелий ва нишонаҳои об, метан, аммиак, фосфин, этан ва дигарон унсурҳо иборат буда, 96,3 дарсади қабатҳои болоӣ аз ҳидроген ва 3,25 дарсад аз гелий, қабатҳои поёнӣ аз ҳидро­сулфиди аммоний (NH4SH) ё об таркиб ёфтаанд. Аз рӯйи маълумоти дастгоҳҳои кайҳонии амрикоии «Вояҷер» дар Зуҳал бодҳои сахти суръаташон то 500 м/с мевазанд. Дар атмосфераи Зуҳал гоҳе гирдбодҳои шадид ба амал меоянд, ки он хосси сайёраҳои газии Манзумаи Офтоб мебошад. Тақр. дар 30 сол як маротиба гирдбоди ба ном «Доираи бузурги сафед» ва зуд-зуд гирдбодҳои хурд ба амал меоянд. 12 ноябри 2008 пойгоҳи «Кассини» тасвири қутби шимолии Зуҳалро дар соҳаи инфрасурх аксбардорӣ намуд. Дар тасвир олимон фаҷрҳои қутбиро пайдо намудаанд, ки дар Манзумаи Офтоб то ҳол мушоҳида нашуда буд. Ин ҳодиса аз ҳамҷошавии хатҳои майдони магнитии доменҳои магнитии гуногун дар як нуқта таҳти таъсири боди офтобӣ ба амал меояд. Шакл ва намуди фаҷрҳои қутбӣ бо мурури вақт тағйир ёфта, мавқеъ ва дурахши онҳо аз фишори боди офтобӣ вобаста аст. Қимати миёнаи тавоноии фаҷрҳои қутбӣ 50 ГВт дар соҳаи 80–170 нм (ултрабунафш) ва 150–300 ГВт дар соҳаи 3–4 мкм (инфрасурх)-ро ташкил медиҳад. Дар вақти тӯфон дар Зуҳал раъду барқҳои шадид ба амал меоянд, ки якеи онҳоро пойгоҳи «Кассини» 28 декабри 2010 аксбардорӣ намудааст. Дар солҳои 80 асрисадаи 20XX дастгоҳи кайҳонии «Вояҷер» абрҳои шашкунҷаи бузургеро дар қутби Зуҳал пайдо намуд, ки монанди он дар Манзумаи Офтоб ёфт нашудааст. Ин абри шашкунҷа дар арзи 78° воқеъ буда, ҳар тарафи он тақрибан 13800 км ва даври гардишаш 10 соату 39 дақиқаро ташкил медиҳад. Зуҳал майдони магнитие дорад, ки ба 1 млн км ба самти Офтоб тӯл кашидааст. Ҳалқаҳои Зуҳал асосан аз яхпораҳо, унсурҳои вазнин ва чанг иборатанд. Дар гирди сайёра 62 радиф давр мезанад, ки калонтарини онҳо Титан (дуюмин радифи бузург дар Манзумаи Офтоб, пас аз Ганимед) аст. Титан радифи дорои атмосфера буда, ба ғайр аз Замин ягона дар он мавҷудияти об ба қайд гирифта шудааст. Атмосфераи он асосан аз нитроген, миқдори ками метан ва этан иборат аст, ки дар як­ҷоягӣ абрро ташкил медиҳанд. Зуҳал чун се сайёраи бузурги газмонанд (Муштарӣ, Уран, Нептун) дорои чор ҳалқа мебошад, ки хеле машҳуранд. Онҳо аз млрд зарраи хурди ях (93%) иборат буда, қутрашон 250 000 км ва ғафсиашон то 1 км аст.
 
== Атмосфераи Муштарӣ ==