Беларус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 34:
|Эзоҳот=
}}
'''Белорус''' ({{забон-код|be|Рэспубліка Беларусь}}; {{забон-код|ru|Белорус, Республика Беларусь}}) — давлат дар [[Аврупои Шарқӣ]]. Дар Ғарб бо Полша, дар Шимол Ғарби бо [[Литва]] ва [[Латвия]], дар Шарқ – бо [[Русия]] ва дар Ҷануб бо [[Украина]] ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 207600 км<sup>2</sup>, аҳолиаш 10 млн нафар (2012), зичии миёнаи аҳолӣ 45,6 нафар дар 1 км<sup>2</sup>. Пойтахташ шаҳри [[Минск]]. Аз 6 вилоят: [[Брест]], [[Витебск]], [[Гомел]], [[Гродно]], [[Могилёв]], [[Минск]] – бо марказҳои ҳамном, 12 шаҳр, 118 ноҳия иборат аст. Иди миллӣ – [[Рӯзи истиқлолиятистиқлол]] – 3 июл. Забонҳои давлатӣ [[Забони белорусӣ|белорусӣ]] ва [[Забони русӣ|русӣ]]. Воҳиди пулӣ – рубли белорусӣ.
==Таърих==
[[File:St Barys and Hleb Church Horadnia.JPG|alt=Калисои Колож, ёдгории ҳифзшавандаи асри XII |thumb|319x319px|'''Калисои Колож''', ёдгории ҳифзшавандаи асри XII]]
Сатри 40:
Дар садаи XVI дар як қатор шаҳрҳо ҳаракатҳои динӣ маорифпарварӣ сар заданд, ки дар инкишофи забон ва фарҳанги миллӣ нақши намоён бозиданд. Маорифпарвар Ф. Скорина аввалин китобҳои славянҳои шарқиро ба табъ расонд. Сарзамини Белорус дар давоми асрҳо саҳнаи ҷангҳои манфиатҷӯёнаи хунрез буд (ҷанги Ливон – 1558–1583; ҷанги русҳо бо полшагиҳо – 1654–1667; Ҷанги шимолии байни Россияву Реч Посполитая ва Шветсия – 1700 – 1711). Дар натиҷаи се қисм тақсим гардидани Реч Посполитая (1772–1795) заминҳои онвақтаи Белоруссия (губҳои Вилен, Витебск, Гродно, Минск, Могилёв) ба империяи Россия ҳамроҳ карда шуданд. Ҳангоми Ҷанги ватании соли 1812 ҳудуди Белоруссияро фаронсавиҳо ишғол карданд. Нимаи дуюми садаи XIX сохтмони роҳҳои оҳани Маскав–Брест, Либава–Ромен, Петербург–Варшава боиси пешравии иқтисодии Белорус гашт, вале Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–1918) ба ин пешравӣ зарба зад.
[[File:Boris and Gleb Church (silver) rv.png|alt=Тангаи хотиравӣ|left|frameless]]
Баъди Инқилоби февралии соли 1917 Комитети Миллии Белорус (дертар Радаи Бузурги Белорус ном гирифт) бо талаби додани мухторият дар ҳайати Республикаи Россия баромад кард. Шӯрои депутатҳои коргариву солдатӣ дар шаҳрҳо ва лашкарҳо тарғибот мебурданд. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар мавзеъҳои аз сипоҳиёни олмонӣ озоди Белоруссия барқароркунии ҳокимияти шӯравӣ шурӯъ гардид. 3 январи 1918 Шӯрои Съезди умумибелорусӣ Кумитаи иҷроияи съездро таъсис дод, ки он дар бораи ташкил шудани Республикаи Халқии Белорус қарор қабул кард. Баъди имзо шудани Аҳдномаи сулҳи Брест (15 март) бо Олмон ва иттифоқчиёнаш дар Съезди умумироссиягии Советҳо, ки мувофиқи он қисми зиёди ҳудудҳои ба Россия ҳамроҳшуда ба Белоруссия мегузашт, Шӯрои Съезди умумибелорусӣ 25 март оиди аз Россия чун давлати озод ва соҳибистиқлол ҷудо шудани Белоруссия Грамотаи уставӣ қабул кард. Ин замон сипоҳиёни Олмон қариб тамоми ҳудуди Белоруссияро ғасб кард (забткорӣ то охири соли 1918 идома дошт). [[1 январ]] [[1919]] Белорус — Республикаи Советии Сотсиалистии Беларуссия эълон шуд ва ҳукумати муваққатии он ба Минск кӯчид. Баъди эътироф шудани истиқлолиятиистиқлоли Белоруссия [[27 феврал]]и [[1919]] Республикаи муттаҳиди Советии Сотсиалистии Литваю Белоруссия ташкил шуд. Дертар қисми зиёди заминҳои Белоруссияро сипоҳиёни Полша тасарруф карданд. Дар ҷанги байни давлати Шӯравию Полша (1920) ва озод кардани Минск, [[31 июл]]и [[1920]] ҶШС Белоруссия барқарор шуд. Мувофиқи аҳдномаи дар Рига ба имзорасидаи соли 1922 Белоруссияи Ғарбӣ ба ҳайати Полша ворид карда шуд. 30 декабр 1922 ҶШС Белоруссия чун ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҳайати ИҶШС дохил гардид. Солҳои 1924 – 26 бо қарори Комитети Иҷроияи Умумироссиягӣ 15 уезди мансуби губҳои Витебск, Гомел ва Смоленск, ки аҳолиашон асосан белорусҳо буданд, аз ҳайати РСФСР бароварда ба Белоруссия баргардонда шуданд. Армияи Сурх сентябр 1939 Белоруссияи Ғарбиро ба ҶШС Б. ва кишварҳои Вилно ва Виленро озод карда ба Литва дод.
Солҳои баъдӣ Белоруссия рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар ибт. [[ҶБВ]] (1941–45) ҳудуди ҶШС Белоруссияро лашкариёни фашистӣ пурра забт карданд ва дар тамоми мамлакат ҷанги партизанӣ авҷ гирифт. Наздики 200 бригада, 1100 отряди партизанӣ бо душман муборизаҳои шадид мебурданд. Дар ҷанг шаҳрҳои Минск, Брест, Витебск, Могилёв, боз 209 шаҳри хурди дигар, 9200 деҳа харобу ба хок яксон ва 2,5 млн аҳолии мамлакат қурбон шудаанд. Наздики 300 ҳазор аҳолӣ, 70 дарсади говҳо ба Олмон ронда ва ҳазорон трактору мошинҳо ба он ҷо интиқол дода шуданд, тамоми саноат ва 74 дарсади фонди манзилӣ хароб гардид. Нақши бузурги Белоруссия дар мубориза бо фашизм ва натсизми Олмон буд, ки ҶШСБ, яке аз давлатҳои муассиси СММ гардид. Тибқи шартномаи байни Полша ва Иттиҳоди Шӯравӣ (18 августи 1945) 17 ноҳияи вил. Белосток бо марказаш ва 3 ноҳияи вилояти Брест ба Полша дода шуд. Баъди ҷанг барқароркунии босуръати мамлакат ба роҳ монда шуда, иқтисодиёти Белоруссия чун қисми таркибии маҷмӯи ягонаи хоҷагии халқи ИҶШС рушд кард. 20 дарсади трактору мототсиклҳо, 10 дарсади дастгоҳҳои филиззбурӣ, нахи сунъӣ ва нуриҳои маъданӣ, 22 дарсади нахи катон, 15 дарсади картошка, 6 дарсади гӯшти дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсолшавандаро Белоруссия таъмин мекард. 27 июли 1991 Шӯрои Олии ҶШС Белоруссия оид ба истиқлолиятиистиқлоли давлатӣ Декларатсия қабул кард. [[19 сентябр]]и [[1991]] ҶШС Белоруссия Республикаи Беларус ном гирифт.
 
==Сохти давлатдорӣ==
Сатри 153:
Фолклори мусиқии сарзамини Белорус пеш аз ҳама бо сурудҳои маросимӣ (лолоӣ, ниёиш, ҷашни арӯсӣ), мавсимӣ (пешвози баҳор, киштукор, ҳосилғундорӣ), ҳаҷвию маишӣ зоҳир мешавад. Аз созҳои мусиқӣ бештар дудка (шабеҳи сурнай), жалейка (сози нафасии наймонанд), волинка (найанбон), лира, симбала (амсоли чанг) маъмуланд. Баъди қабули масеҳият дар Белоруссия жанри сурудҳои калисоӣ (антифон, ирмос, псалм, канон ва ғайра) ва мусиқии органӣ ривоҷ ёфт. Суруду мусиқии дунявӣ бо ҳаёти маишии дарбор, ҳарбиён ва сокинони шаҳрҳо вобаста буд. Дар садаи XIX таваҷҷуҳ ба сурудҳои халқӣ зиёд шуда, омӯзиш, коркард ва иҷрои онҳо дар саҳна маъмул гашт (М. Чарновская, АСРИ Абрамович). Жанрҳои оперетта, мазҳакаи мусиқӣ, консертҳои созӣ ривоҷ ёфтанд. Баъди Инқилоби Октябр асоси мактаби композиториро дар Б. Н. Аладов, АСРИ Богатирёв, Г. Пукст, Е. Тикотский гузоштанд. Эҷоди сурудҳои оммавӣ расм шуд, репертуари ҳунармандони соҳаи мусиқӣ ва театри миллӣ, жанри овозхонию симфонӣ (Н. Аладов, АСРИ Богатирёв) ғанӣ гашт. Техникумҳои мусиқӣ, студияҳо ва консерватория таъсис ёфтанд. Мусиқии Белоруссияро дар дохил ва хориҷи мамлакат Капеллаи давлатии хори ба номи Г. Ширма, хор ва оркестри эстрадавию симфонии Радиои Белорус, ансамблҳои созию овозии «Песняри», «Вераси», «Сябри» тарғиб мекунанд. Солҳои охир эҷодиёти гузаштагон, беҳтарин асарҳои мусиқӣ гирдоварӣ ва ҳифз мешаванд. Балети миллӣ баъди соли 1907 пайдо шуд (дар Театри якуми Беларус, дар Минск соли 1920 таъсис ёфтааст, ҳоло Театри ба номи Я. Купала). Соли 1930 дар Минск Студияи давлатии опера ва балет ташкил шуд, ки барои таъсиси Театри калони опера ва балети Беларус (1933) замина гузошт. Соли 1939 Омӯзишгоҳи театрӣ (бо шуъбаи хореографӣ) кушода шуд. Аввалин балети миллӣ «Булбул»-ро соли 1939 композитор М. Крошнер ва балетмейстерон АСРИ Ермолаев ва Ф. Лопухов рӯйи саҳна оварданд. Хореографҳои бузурги рус В. Вайнонен, К. Голейзовский, Р. Захаров дар Белорусия як қатор асарҳоро ба саҳна гузоштаанд.
==Театр==
Театри Белорус аз маросим, расму ойин, идҳои мавсимии қадима маншаъ гирифтааст. Санъати скоморохҳо, ки дар бозору майдонҳо, баъдтар дар қасрҳои феодалҳо баромад мекарданд, нишонаҳои ин санъатро доштанд. Дар асрҳои 16–18 дар коллегиумҳо, семинарияҳо, «мактабҳои бародарона»-и Брест, Витебск, Гродно, Минск, Орша, Пинск ва дигар шаҳрҳо ба ном «театрҳои мактабӣ» дар саҳна моралите ва мистерияҳо (дар мавзъӯҳои динӣ), сужетҳо аз драмаҳои антиқӣ ва таърихиро мебозиданд. Театри лӯхтак – батлейка низ маъмул гашт. Дар садаи XVII драмаи халқӣ (фолклорӣ) рӯйи саҳна омад (драмаи «Шоҳ Максимилян», ки аз он даврон то садаи XX намоиш дода мешуд). Дар садаи XVIII театрҳои крепостнойии князҳо Радзивиллов, Сапетов ва граф СОЛИ Зорич фаъолият доштанд. Аввали садаи XIX театрҳои доимӣ арзи вуҷуд карданд (Витебск, Гродно, Минск). Театри касбии миллӣ бо ибтикори В. Дунин-Марсинкевич соли 1852 ба фаъолият шурӯъ кард. Солҳои 60 садаи XX асарҳои классикаи ҷаҳониро ба саҳна мегузоштанд. Театрҳои доимоамалкунанда («Труппаи аввалини Белорус», таҳти сарварии И. Буйнитский) арзи вуҷуд карданд. Солҳои 1941–45 театрҳои Белоруссияро ба шаҳрҳои гуногуни РСФСР кӯчондандкӯҷонданд. Баъди ҷанг онҳо аз нав эҳё гардиданд ва асарҳои ифодакунандаи рӯҳи замон рӯйи саҳна омаданд: «Қалъаи Брест»-и К. Губаревич, «Одамон ва девҳо»-и К. Крапива, «Трибунал»-и АСРИ Макаёнок ва ғайра Инчунин асарҳои драматургони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва хориҷӣ таҳия мешуданд (асарҳои АСРИ Арбузов, Б. Брехт, М. Горкий, Я. Райнис, В. Розов ва дигарон). Дар шаҳрҳои Бобруйск, Брест, Гомел, Минск гузаронидани фестивалҳои театрӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
==Кино==
Соли 1914 дар ҳудуди Белорус 54 кинотеатри хусусӣ филмҳои русӣ ва хориҷиро намоиш медоданд. Аввалин филмҳои хроникавии белорусӣ («Сӯхтор дар Минск...») солҳои 1907 – 10 пайдо шудаанд. Соли 1922 Раёсати «Кинои Республикаи Белорус» таъсис ёфт, аввалин филмҳои хроникавӣ соли 1925 ва филми бадеии миллӣ («Ривояти ҷангал»-и Ю. Тарич, дар мавзӯи ҷанги гражданӣ) соли 1926 эҷод шудаанд. Соли 1928 дар Ленинград киностудияи «Беларусфилм» (аз соли 1933 ба Минск кӯчид) таъсис дода шуд. Филмҳои солҳои 30 садаи XX қаҳрамонии романтикӣ («Садои санавбарҳо»-и Л. Молчанов, «То фардо»-и Тарич), ахлоқию тарбиявӣ («Зан»-и Е. Дзиган, «Ҷӯяндагони бахт»-и Корш-Саблин ва ғайра), аз рӯйи асарҳои бадеӣ наворбардоришуда («Одам дар ғилоф», аз рӯйи асари АСРИ Чехов) ва филмҳои солҳои 1941–80 асосан дар мавзӯи ҷангу қаҳрамонӣ («Константин Заслонов», 1949; «Соат нисфи шаб аз гашт бозмонд» 1959; «Мушаки сеюм», 1963) буданд. Филмҳои мустанад низ бештар дар ҳамин мавзӯъ офарида мешуданд. «Москва – Генуя» (1964), «Ман, Франсиск Скорина» (1970) филмҳои таърихӣ буда, «Шаби якшанбе» (1977), «Дардат ба ҷонам» (1980) дар мавзӯи ахлоқиву маишӣ эҷод шудаанд. Солҳои 70 садаи XX «Беларусфилм» беҳтарин филмҳои телевизионӣ офарид («Харобаҳо тир мепаронанд» – 6 серия, 1970–72; «Замон моро интихоб кардааст» – 5 серия, 1976–78 ва ғайра). Филмҳои солҳои 1990–2000 дар мавзӯҳои таърихӣ, дар услуби «номҳо ва ҳодисаҳои фаромӯшшуда», фалсафӣ, масоили замон («Шабнами сафед»-и И. Добролюбов, «Политбюро»-и Пташук, «Парандагони белона»-и В. Дудин, «Ғасби Мистерия»-и Ф. Кудинейко ва ғайра) эҷод шудаанд. Дар ин давра филмҳои кӯтоҳметраж ва мустанади ҷолиб низ офарида шуданд.