Шоҳаншоҳии Ашконӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 20:
Ибтидои таърихи сулолаи Ашкониён ба таназзули давлатдории [[Селевкиён]] робитаи мустақим дорад. [[Искандари Мақдунӣ]] пойтахти аслии Ҳахоманишиён – Тахти Ҷамшедро оташ зада ба қудратмандии ин сулолаву давлатдорӣ хотима дод.
 
Селевкиён, ки бешубҳа, ҷонишинони билофасли онон дар [[Байнаннаҳрайн]] ва [[Эронзамин]] буданд, барои густариши бештари маданияти юнонӣ талош мекарданд. Фарҳанги эллинистӣ бар рӯҳу равони шарқиён комилан истило наёфт. Дар натиҷаи мухолифату муборизаҳо бо румиён ғурури миллии юнониён коҳиш ёфт ва шарқиён тавонмандӣ касб карданд. Пас аз Селевкиён Портиён дар шарқи Наздик тахминан ба муддати 500 сол қудратманд шуданд (аз нимаи дувуми садаи III-и то милод то ибтидои садаи III ммилод). Дар нимаҳои садаи III-и то милод вазъият дар сатрапияҳои Селевкиён муташанниҷ гардид. Ба ҳудуди шимоли шарқӣ зуд-зуд кӯчиён аз Осиёи Марказӣ ҳамлавар мешуданд. Дар баробари ин сатрапияҳо маҷбур буданд ба ҳукумати марказӣ барои мубориза бо Миср мадади моддию ҷонӣ расонанд. Муноқишаҳои байни юнониёну мақдуниён сатрапҳоро ба сӯи истиқлолиятистиқлол савқ медоданд. Дар ин нобасомониҳо қабилаи парнҳо бо сарварии пешвояшон Аршак пештоз буданд. Дар манбаъҳо ва маъхазҳои таърихӣ номаҳои Ситсерон, ашъори Ҳоратсия, навиштаҳои Патеркул, Фронтин, Патсий, Плутарх, Кассий, Арриан, Светония, Филострат, Лушан, осори ибронӣ, суриёнию хитойӣ маълумоти парокандае дар бораи Порт оварда шудаанд.
 
=== Таъсисёбии сулолаи Ашкониён ===