Балучистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 5:
 
== Таърих ==
Мувофиқи маълумоти маъхазҳои хаттӣ, даврони қадим дар ҳудуди Балучистон ақвоми мака, гедрот ва ғ. зиндагӣ мекарданд. Балучистони асрҳои миёна тадриҷан ба ҳайати Хилофати Араб, давлатҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ҳулогуиён, Темуриён дохил мегардид. Дар ибт. садаи 17 дар ҳудуди Балучистон чанд хонигарии феодалӣ ба майдон омаданд, ки ҳокимонашон тобеи Сафавиён ва Темуриёни Ҳинд буданд. Баъдан, дар бадали талошу муборизаи якҷои қабоили балучу браҳвай алайҳи Темуриёни Ҳинд, дар садаи 17 хонигарии Калот таъсис ёфт, ки аз диг. хонигариҳои балуч пурқувваттар буд. Сардорони хонигарии Калот дар имтидоди солиёни дароз гоҳ алайҳи калҳурони Синд, гоҳ бар зидди ғилзуёни Афғонистон мубориза бурда, муттасил сарҳадди Балучистонро тағйир медоданд. Ниҳоят, ҳокими баруманди хонигарии Калот Мирносирхони Балуч (1750-95) хонигариҳои дигари балучро таҳти итоати худ дароварда, ҳудуди хонигариро тақр. то сарҳадди ҳозира Балучистони Покистон вусъат бахшид ва худашро тобеи шоҳони Дурронии афғон эълон намуд. Баробари зуҳури ҳолландиён ва баъдтар, англисҳо дар Халиҷи Форс аҳаммияти хонигарии Калот ва тамоми қаламрави балучнишин муттасил афзудан гирифт, зеро Балучистонро мустамликадорони Британияи Кабир майдони мувофиқе барои истилои Ҳиндустону Эрону Афғонистон меҳисобиданд. Соли 1839 аз ҷониби миссияи Британияву сардорони Калот аҳднома ба тасвиб расид, ки балучонро уҳдадор менамуд, то дар бадали таъмини истиқлолиятистиқлол ва тамомияти арзияшон амнияти қувваҳои низомӣ ва убури нақлиёти британиҳоро ба сарҳадди Афғонистон кафолат диҳанд. Мувофиқи шартномаи солҳои 1854, 1876 ва 1879, ки бар дӯши ҳокимони Калоту Кобул бор карда буданд, Балучистони Шарқӣ ба Англия тобеъ ва расман ба Балучистони Британия ва Федератсияи музофоти Балучистон (Калот, Хорон, Мукрон, Лос-Бало) тақсим карда шуд. Дар давоми солҳои 1849-57 Балучистони Ғарбӣ ба ҳайати Эрон, авг. 1947, баъди соҳибистиқлол шудани Покистон Балучистони Британия ва марти 1948 Федератсияи музофоти Балучистон ба ҳайати Покистон дохил карда шуданд. Сарҳадди байни Балучистони Шарқиву Ғарбӣ 25 окт. соли 1956, мувофиқи шартномаи Эрону Покистон, мушаххасу муқаррар гардид. Қавму қабилаҳои балучӣ бештар аз 650 номгӯйро ташкил дода, бар иловаи Покистону Эрон, дар қаламрави Афғонистон, Туркманистон, Уммон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (Иморот) зиндагӣ ба сар мебаранд. Шумораи умумии балучҳо (2010) бештар аз 7,5 млн нафар буда, забони адабии балучӣ, ки ба гурӯҳи шарқӣ-ғарбии забонҳои эронии хонадони забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад, муттаҳидашон медорад. Алҳол ба ин забон дар Покистон қариби 6 млн, Эрон 1,5 млн, Афғонистон 500 ҳазор, Уммон 130 ҳазор, Иморот тақр. 100 ҳазор, Ҳиндустон наздики 100 ҳазор, Туркманистон наздики 40 ҳазор нафар гуфтугӯ мекунанд. Забони балучиро, маъмулан, ба ду гурӯҳи лаҳҷаҳо ҷудо мекунанд — шимолӣ ва ғарбӣ. Асоси хатту алифбои балучони Покистону Эрону Афғонистон ва мамолики арабро алифбои арабӣ ташкил дода, нахустин навиштаҷоти арабиасоси балучӣ мутааллиқи садаи 18 мебошанд. Ибт. солҳои 1930 барои балучони Иттиҳоди Шӯравӣ алифбои лотинибунёд офариданд, ки баъди муддате чоп кардани рӯзномаҳои маҳаллӣ ва тарҷумаи маводди идеологӣ, ох. солҳои 1930, корбурдаш қатъ гардид. Дек. 1989 дар рӯзномаи ноҳ. Иёлатон «Тоза дурмуш» («Рӯзгори нав») саҳифае ба забони балучӣ мунташир гардид, ки дар заминаи алифбои кириллӣ сурат гирифта буд. Ниҳоят, соли 1990, донишманди ленинградӣ С. Аксёнов ҳамроҳи намояндагони илму маорифи шӯравии балуч дар заминаи алифбои кириллӣ алифбои нави балучиро таҳия намуд, ки солҳои 1992-93 тавассути он чанд дастури таълимӣ, соли 2005, дар Институти тарҷумаи Библия, матни балучии Инҷили Луқоро мунташир сохтанд.
 
== Ҷуғрофиё ==
Сатри 34:
* Ҳамон. Аграрный вопрос и крестьянское движение на северо-западе Индии. М., 1933;
* Карл Маркс. Хронологические выписки по истории Индии. М., 1947;
* Рейснер И. М. Развитие феодализма и образование государства уӯ афганцев. М., 1954;
* Крачковский И. Ю. Избранные сочинения. Т. 4, М., 1957;
* Пикулин М. Г. Белуджи. М., 1959;