Додохон Мирбобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 1:
'''Додохон Мирбобоев''' (тав. 12. 12. 1929, шаҳри [[Конибодом]])—, муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1966), дотсент (1969).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1948–1953 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1953–1955 муаллими Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров, 1955–1959 муаллими мактаби миёнаи ба номи Коммунизми шаҳри Конибодом, 1959–1962 аспиранти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС дар шаҳри Москва, 1962– 1963 ходими илмии Институти таърихи ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон, 1963–1982 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1982–1990 мудири кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1990–2004 ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 2004 ба нафақа баромадааст. Муаллифи зиёда аз 50 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои сиёсати хориҷии Афғонистон дар марҳилаи аввали истиқлолиятистиқлол, муносибатҳои халқи авғону шӯравӣ дар бар мегирад. Бо медали «Барои меҳнати шоён» ба муносибати 100 солагии В.И. Ленин, нишонҳои сарисинагии «Барои муваффақиятҳо дар кори мактаби олии ИҶШС» (1979) ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1990) қадр карда шудааст.
== Осор ==
* Сиёсати хориҷии Афғонистон дар марҳилаи аввали ташаккули истиқлолиятистиқлол (бо забони русӣ), Д., 1964;
* Дӯстӣ ва ҳамкорӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1964;
* Муносибатҳои афғону шӯравӣ дар марҳилаи аввали тараққиёти Афғонистон (солҳои 1919–1928), (бо забони русӣ ), Д., 1965;