Леонид Гайдай: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 1:
{{Синамогар}}
'''Гайда́й Леони́д И́ович''' ([[30 январ]]и [[1923]], [[Свободний (шаҳрак)|Свободний]], [[губернияи Амур]] — [[19 ноябр]]и [[1993]], [[Маскав]]) — коргардони филм, [[ҳунарпеша]], филмноманависи рус. Артисти халқии ИҶШС (1989). Иштирокдори ҶБВ (1941–1945).
 
== Зиндагинома ==
Пас аз хатми Институти умумииттифоқии давлатии кинематография (бахши коргардонӣ) аз соли 1955 дар киностудияи «Мосфилм» кор кардааст. Нахустин бор ҳунари хешро дар филми «Домод аз он дунё» (1958) намоиш дод. Филмҳои дар жанри мазҳакаи ҳаҷвӣ бо усулҳои назарфиреб ва шигарфҳои кинои беовози солҳои 1920, инчунин тақлидҳои ҳаҷвомез дар мавзӯъҳои рӯз банаворгирифтааш Леонид Гайдайро шуҳратманд гардониданд.
 
Леонид Гайдай дар киноновеллаи «Саг Барбос ва кросси ғайриодӣ» (дар маҷмӯаи «Комилан ҷиддӣ», 1961) образҳои Балбес, Трус ва Бивалийро дар ҳамкорӣ бо ҳунарпешагони маъруф Ю. Никулин, Г. Витсин ва Е. Моргунов офарид, ки баъдан онҳо дар филмҳои дигари Леонид Гайдай («Шаробпазҳо», 1962; «Амалиёти Ы ...», 1965; «Асири Қафқоз ...», 1967) ва дигар коргардонҳо (Э. Рязанов, Е. Карслова) дар байни бинандагони сершумор маъруф гаштанд. Филмҳои таҳиякардаи Леонид Гайдай бо возеҳии манзараҳои кинематографӣ, шаклҳои фасеҳ ва ҳассосияти хислатҳои персонажҳо фарқ мекунанд. Бисёр филмҳои ӯ («Мардуми корчаллон», 1963; «Дасти алмосӣ», 1968, Ҷоизаи давлатии ИҶШС, 1970 ва ғ.) ба фонди тилоии кинои Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудаанд. Леонид Гайдай дар филмбардории осори И. Илф ва Е. Петров («12 курсӣ», 1971), М. Булгаков («Иван Василевич касби худро иваз мекунад», 1973), М. Зошенко («Ин ғайримумкин аст!», 1975) аз воситаҳои тасвири тақлиди масхараомез ва хандаовар истифода кардааст. Ӯ солҳои 1980 бештар барои киножурнали ҳаҷвии «Фитил» саҳнаҳо ба навор бардошт. Корҳои маъруфи ӯ дар охири умр: «Барои гӯгирд» (1982, аз рӯйи асари М. Лассиле), «Спортлото – 82» (1982), «Ҳавои хуб дар Дерибасковский ...» (1992). Леонид Гайдай муаллифи сенарияи аксари филмҳои ба саҳна гузоштааш мебошад. Филмҳои Леонид Гайдай дар байни тамошобинони тоҷик маҳбубияти хосса доранд.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 13:
* {{ЭМТ|Гайдай Леонид Иович|4|муаллиф= }}
 
{{bio-stub}}
{{ПБ}}
 
 
{{bio-stub}}