Қутбӣ Киром: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х →‎Ҷоизаҳо: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 16:
[[Шеър]]и аввалинаш соли 1957 дар журнали «Шарқи Сурх» чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш «Парвози меҳр» соли 1963 интишор ёфтааст. [[Ашъор]]и дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Бӯйи [[нон]]» (1966), «Илҳом» (1968), «Рези [[кӯҳ]]сор» (1970), «Остони баланд» (1972), «[[Хок]]и пайвандӣ» (1974), «Камон» (1974), «Чашми [[дил]]» (1976), «Пули Сангин» (1980), «Ҷонфизо» (1980), «[[Сар]]и баланд» (1982), «Ҷоми нур» (1983), «Дили бародар» (1986), «Субҳи содиқ» (1989), «Нишот» (1992), «Ёр меояд!», «Аз [[гул]]у хоку шуълаи оташ», «Оташи меҳр» ва «Минбари виҷдон» (2012) фароҳам омадаанд. Ҳамчунин, [[муаллиф]]и [[достон]]ҳои «Камон», «Антон», «[[Достон]]и Лола», «Достони хоб», «Қуллаҳои ноаён», «Аввалин дидор», «Нафаси ошиқӣ», «Ҳарфи аввал», «Посбони мақбара», «[[Дафтар]]и Порис» мебошад. Дар ашъораш хисоили ҳамидаи сарбаландию ҷавонмардӣ, инсондӯстию [[ватан]]парварӣ ва бардошти таҷрибаи рӯзгорро самимӣ ба тасвир овардааст. Дилбохтагони шоир ӯро ҳамчун марде маҳфилоро ва шоире хушқариҳа мешиносанду дар ёдҳояшон зинда медоранд. Муаллифи [[қисса]]и «Қатли Туғрал» (1984), драмаҳои «Тори муҳаббат» ва «[[Тир]]и маломат», филмномаҳои «Бӯйи нон», «Чор тан дар пайроҳа», «Антон» ва ғ. мебошад. Ашъори ба русӣ баргардоншудааш дар маҷмӯаҳои «Напевы вершин» (1976), «Горный кряж» (1979), Мост времени" (1983) ва «Закон любви» (1985) ба чоп расидаанд. Иддае аз навиштаҳои ӯ ба дигар [[забон]]ҳо ҳам [[тарҷумаи бадеӣ дар адабиёт|тарҷума]] ва чоп шудаанд. Худи ӯ [[китоб]]и ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф. А. Файз, М.Карим, С.Вурғун, Зулфия, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
 
== МукофотҶоизаҳо ==
* Шоири халқии Тоҷикистон;
* Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;