Фарқият байни намунаҳои "Аминӣ Баҳманёр Арабзода"

no edit summary
|имзо =
}}
'''Аминӣ Баҳманёр Арабзода''' (''Наҷмиддин Арабзода''; 15 августи 1954, [[Панҷакент]], [[вилояти Ленинобод]], [[ҶШС Тоҷикистон]] — [[10 ноябр]]и [[2020]], [[Душанбе]], [[Тоҷикистон]]) — [[нависанда|нависандаи]] саршиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ.
 
== Зиндагинома ==
Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби №3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакент гирифта, риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) хатм кардааст.
Баҳманёр [[15 июл]]и соли [[1954]] дар шаҳри [[Панҷакент]] дида ба ҷаҳон кушодааст. Фориғуттаҳсили шӯъбаи арабии забонҳои шарқи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Университети давлатии Тоҷикистон]] (1977) аст. Дар идораи киносозии тоҷик, нашрияҳои «[[Маданияти Тоҷикистон]]», «[[Адабиёт ва санъат]]», маҷаллаи «[[Садои Шарқ]]» фаъолият доштааст.
 
== Фаъолияти корӣ ==
== Насри бадеии Баҳманёр ==
Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез (инжинер-методист) дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд. Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид. Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт дигарбора ба ҳафтаномаи “Маданияти Тоҷикистон” ба кор омад, ки акнун ба “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд. Аз соли 1987 то соли 1993 ба унвони мудири бахши насри моҳномаи “Садои шарқ” кор кард. Узви Иттиҳодияи нависандагони СССР аз соли 1987 аст. Бо вуқӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992 – 1997) ба зогоҳаш – шаҳри Панҷакент рафта, сардабири рӯзномаи “Самандар” ва моҳномаи “Дайри муғон” таъйин гардид.
Баҳманёр аз зумраи нависандагони навҷӯю хушсалиқаест, ки бо нигоштаҳои нахустинаш миёни хонандагон ва муҳити адабӣ маҳбубият пайдо кард, мутобиқ ба шароити рӯзгор ва гузашти вақт маҳорату малакаи тасвир дар асарҳояш такмил ёфтаю сербор шудааст. Қудрати офаринишаш марзу ҳадде намешиносад ва дар ҳама чиз нуктае, розеву карашмае меҷӯяд.
 
Забони пуртавонаш ҳампайванд бо тасвирҳои тозаест, аз нӯги хомааш бӯи сидқу сафо меояд, ҳар чӣ ба ҳиссу ақли хеш дармеёбад, бепарда, бидуни биму ҳарос ва бе ҳеҷ рӯю риё баён медорад.
Соли 1997 барои қиссаи “Заринаи Зарнигор”, ки дар моҳномаи мазкур чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - “Садои Шарқ” - таъин гардид ва то охири умр корманди ин даргоҳ буд.
Нигоштаҳои Баҳманёр рангу бӯи зодбумро медиҳанд, вале дорои паёмҳои инсонӣ ва башарии фаромаконӣ ва фарози маонианд. Бо ин ҳам реша дар жарфои фарҳангу забони тоҷикӣ — форсӣ доранд, ойинаи тамомнамои зиндагии худаш мебошанд. Барояш нависандагӣ саргармӣ, ҳавас ва шӯҳрату худнамоӣ нест, балки ниёзи сӯзонест, ки оромаш намегузорад.
 
Бинои тасвирсозе дар ҳама осораш бар тавсифи хаёлангези муҳит побарҷой аст, тахайюлу воқеиятро ба ҳам омезиш медиҳад. Бардоштҳо аз падида моли худашанд ва баҳри хонанда оромиши дилпазире ба армуғон меоварад, дар ҳолати шӯридагию шигифтӣ наъраи шайдо ва бонги эътироз баланд ба садо меояд.
== Эҷодиёт ==
Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014) ва «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014) мебошад. Соли 1991 дар Душанбе мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи “Песен идушего в петлю” (тарҷумаи Хуршеда Даврондухт) ба чоп расид. Маҷаллаи “Согласие”-и шаҳри Маскав соли 1995 дар шумораи нахустинаш нӯҳ ҳикояи Баҳманёрро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров чоп кард. Романи нахустинаш соли 2007 бо номи “Шоҳаншоҳ” дар моҳномаи “Садои шарқ” баъд аз тариқи нашриёти “Истеъдод” манзури хонандагон гашт.
 
Дар бистҷилдаи адабиёти тоҷик, ки нашриёти “Адиб” ба табъ расонд, китобҳояш “Шоҳаншоҳ” ва “Сармаддеҳ” дар як муҷаллад нашр шуданд. Комиссияи махсуси вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2013” дониста, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард.
 
Китобаш “Сармаддеҳ” соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондони Бритониё ба табъ расид. Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.
Писараш Исфандиёр Аминӣ мегӯяд, вақтҳои ахир якбора сари ду румон кор мекард, ки яке “Ғӯтях” ном дошт<ref>{{Cite web|url=https://sputnik-tj.com/incidents/20201110/1032241156/Klassiki-zinda-Bahmanyr-ham-ba-haq-payvast.html|title=Суқути "Шоҳи Сармаддеҳ": Баҳманёр ҳам ба Ҳақ пайваст|website=Sputnik Tajik|lang=tg|accessdate=2020-11-10}}</ref>.
 
== Даргузашт ==
Баҳманёр Аминӣ шаби 10 ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. <ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/30939766.html|title=Баҳманёр, нависандаи шинохтаи тоҷик даргузашт|website=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2020-11-10}}</ref>
 
== Осор ==