Морис Равел: Тафовут байни таҳрирҳо
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) Равел Морис Жозеф |
(бе тафовут)
|
Нусха 13:25, 18 ноябри 2020
Равел Морис Жозеф (1875-1937) — композитори барҷастаи фаронсавӣ.
фр. Maurice Ravel | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | фр. Joseph Maurice Ravel[1] |
Таърихи таваллуд | 7 март 1875[2][3][4][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 28 декабр 1937[3][4][5][…] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | аз 1892 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, оҳангсоз |
Соз | фортепиано ва fortepiano[d] |
Сабк | опера, мусиқии килоссик[d] ва impressionism in music[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
Равел маълумоти мусиқиро дар Консерваторияи Париж гирифтааст. Чун пианинавоз ва дирижёр сафари ҳунарӣ карда, асарҳои худро иҷро мекард. Дар операву балетҳояш, асарҳои симфониву камеравӣ, дар сурудҳо ва пиесаҳои фортепиании ӯ истеъдоди хушоҳангии ба худ хоси Равел падидор мебошад. Навоварӣ дар эҷодиёташ бо риояи анъанаҳои мусиқии классикӣ ба назар мерасад. Ба қуллаи баландтарини эҷодиёти Равел асарҳои зиёди фортепиании ӯ тааллуқ доранд («Инъикос», «Гаспари шабона», «Валсҳои бофасоҳат ва сентименталӣ», «Оромгоҳи Куперен», «Сонатина», «Павана»), квартети торӣ, 2 консерти фортепианӣ, асарҳои оркестрӣ «Валс», «Балеро», «Рапсодияи испанӣ», операи лирикӣ – ҳаҷвии «Вақти испанӣ», опера – балети «Бача ва афсунгар», балети «Дафнис ва Хлоя» ва ғ. Равел ба мусиқии русӣ, алалхусус ба эҷодиёти Мусоргский, таваҷҷуҳи зиёд дошт, сюитаи фортепиании «Расмҳо аз намоишгоҳ»-и ӯро хеле устодона таҳияи оркестрӣ (оркестровка) намудааст. Равел санъати мусиқии Фаронса ва ҷаҳониро бо офаридаҳои нодираш бою рангин сохт.[8]
Нигаред
Эзоҳ
- ↑ 1.0 1.1 Свидетельство о рождении
- ↑ 2.0 2.1 Ravel, Maurice (ингл.) // The Enciclopædia Britannica — 12 — London, NYC: 1922. — Vol. XXXII Pacific Ocean Islands to Zuloaga. — P. 254.
- ↑ 3.0 3.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 4.0 4.1 Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa12763/maurice-ravel (порт.) — São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ 6.0 6.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ LIBRIS — 2012.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.306-307. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)