Ҷанги Бадр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Farorud (баҳс | ҳисса)
х иловаи Гурӯҳ:Таърихи Ислом бо ёрии HotCat
Сатри 4:
 
Дар давраи фаъолияти Маккии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ӯ ва асҳобаш ба ҳама гуна ҳамлаҳо, таҳдидҳо, таҳримҳо, латукӯб, таҳқир ва таҳдиди марг дучор шуда буданд. Ин Паёмбарро водор кард, ки аввал мусалмононро ба Ҳабашистон (Эфиопия) барои ҳиҷрат бирифиристад (худаш дар Макка монд) ва сипас ба Ясриб (Мадина), ки даъват Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пазируфта буданд, ҳиҷрат кард. Пайғамбар аз ҷониби аҳолии Мадина, ки лашкари хурде доштанд, дастгирӣ мешуд. Аммо лашкари Қурайш бештар буд ва дар аввал мусалмонон дар бораи корвонҳои Қурайш, ки аз назди Мадина мегузаштанд, иттилоот ҷамъ меоварданд ва сипас Паёмбар тасмим гирифт, ки ба яке аз онҳо ҳамла кунад. Чунин ҳамлаҳо ба корвонҳо (мусалмонон танҳо ба корвонҳои Қурайш ҳамла мекарданд) ба сарони Макка фишор меоварданд. Сабаби дигараш метавонад он бошад, ки мусулмонон дар Макка молу мулки зиёд доштанд ва ин як навъ бозгашти чизи гирифта шуда буд.
 
[[Гурӯҳ:Таърихи Ислом]]