Романс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Романс
 
→‎Таърих: навсозӣ
Сатри 1:
'''Романс''' (исп. romance, ба маънои романӣ) — як навъ асари мусиқист барои ҷӯршавии овоз бо созҳо (бештар фортепиано).
== Таърих ==
Истилоҳи «Романс» дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, аввалин сурудҳои дунявии ба забони испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудҳои калисоӣ, ки ба лотинӣ иҷро мешуданд). Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул гардид. Матни Романсҳоромансҳо ҳархелаанд – лирикӣ, қиссагӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра. Мундариҷа ва воситаҳои баёни мусиқии Романсҳоромансҳо назар ба суруд одатан мураккабтар мебошанд, ҳарчанд ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан мумкин нест. Дар Романс ҳамовозии созҳо аҳамияти калон дошта, аксаран бо хониши вокалӣ як ҷузъи комили Романсроромансро ташкил медиҳад. Инкишофи Романс чун жанри мустақили мусиқӣ дар нимаи дуюми а. XVIII дар Олмон, Фаронса ва дар тӯли а. XIX дар Россия ба амал омада, боиси пайдоиши мактабҳои миллӣ гардидааст; композиторони олмонию австриягӣ (Ф. Шуберт, Р. Шуман, И. Брамс, Х. Волф), фаронсавӣ (Г. Берлиоз, Ш. Гуно, Ж. Бизе, П. Массне), рус (М. [[Глинка]], А. Дар-гомижский[[Даргомижский]], М. Балакирев, М. [[Мусоргский]], А. Бородин, Н. [[Римский – Корсаков]], П. Чайковский, С. Рахманинов) ва диг. намояндагони чунин мактабҳои миллианд. Дар асри ХХ композиторон аз навъҳои маъмулӣ даст кашида, дар Романсроманс роҳҳои нави пайванди мусиқӣ ва сухани бадеиро ҷӯё шуданд. Баъзан пиесаҳои хушоҳанги созиро низ Романсроманс меноманд: Романс барои фортепианои П. Чайковский, Р.Романс барои скрипка бо оркестри Я. [[Бетховен]], Романс барои виолончел ва фортепианои А. Ҳамдамов мисол шуда метавонанд.
 
== Дар мусиқии муосири тоҷик ==
Жанри романс дар мусиқии муосири тоҷик низ мавқеи хоса дошта, як зумра композиторони тоҷик дар ин жанр асар эҷод кардаанд, ки Романси «Эй тор»-и З. Шаҳидӣ аз операи «Комде ва Мадан» (1960), чор Романс ба рубоиёти Хайёми Ш. Ашуров (1994), силсилаи романсҳо бар ашъори шоирони классики тоҷики А. Ленский (1956), ду Романси З. Миршакар барои овоз ва фортепиано ба шеърҳои З. Миршакар (2006), чордаҳ Романси М. Светаев бар ашъори Рӯдакӣ, ду Романси Л. Толис («Бипурсидам», 2005, «Нарав, қӯи сафеди ман», 2002), се Романс ба шеърҳои А. Блоки Б. Пиговат (1977), «Романс – достон барои скрипка ва фортепиано»-и З. Шаҳидӣ (1976) ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд. Инчунин композиторон М. Атоев, М. Ашрафӣ, С. Юдаков, Ю. Мамедов, Ш. Пулодӣ, Т. Сатторов, А. Солиев, С. Ҳамроев, М. Ҳасанова, С. Урбах ва диг. дар жанри Р. асар эҷод намудаанд.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.317-318. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Романс"