Кенгуру: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
 
Сатри 1:
{{ятим}}
[[Акс:Kangaroo and joey03.jpg|thumb|Кенгуру]]
 
 
'''Кенгуру (Macropodinae),''' ҷонварест халтадори ширхур. Дарозии танаш аз 30 см то 1,6 м; [[дум]]аш то 110 см; вазнаш 2 – 70 кг. [[Пой]]ҳои қафо ва думаш хуб инкишоф ёфтаанд; бо пойҳои қафо ҷаста–ҷаста роҳ мегардад ( то 10 м меҷаҳад). Думи кенгуру дар вақти ҳаракат мувозинати баданро нигоҳ дошта, ҳангоми ором истодан вазифаи такягоҳро иҷро мекунад. 40 намуди кенгуру мавҷуд аст. Кенгуру ҷонвари алафхӯр буда, дар ҳамвориҳои сер[[алаф]]у [[пахта]]зори [[Австралия]], ҷазираҳои [[Гвинеяи Нав]], Тасмания ва Бисмарк зиндагонӣ мекунад; баъзе [[ҳашарот]] ва ҳар гунна [[кирм]]ҳоро низ мехӯрад. Кенгуриҳои [[дарахт]]гард ва шохгард ҳам мавҷуданд. Кенгуру одатан [[шаб]]она мегардад ва ниҳоят эҳтиёткор аст. Давраи ҳамлааш 30 – 40 шабонарӯз. Соле 1 – 2 бача мезояд. Дарозии баданаш қариб 3 см аст. Баҷахояшро то 6 – 8 моҳагӣ дар бағалхалтааш бардошта мегардад. Кенгуриҳои калон қариб қир шудаанд. Кенгуруҳо ба [[чарогоҳ]]ҳо ва баъзе намудҳояшон ба зироати хоҷагии халқ зарар меоранд. [[Гӯшт]] ва [[пашм]]ашро истифода мебаранд. Дар [[боғи ҳайвонот|боғҳои ҳайвонот]] низ афзоиш меёбад. 9 намудаш ба «Китоби сурх»- и Иттифоқи байналхалқии муҳофизати табиат дохил шудааст.