Амстердам: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Farorud (баҳс | ҳисса)
Сатри 92:
 
== Аҳолӣ ==
Аҳолиаш 761395 нафар (бо атрофаш) ва бо қисми агломератсияи Рандстад 2,2 млн нафар; гуногунмиллат (177 миллату халқият), сернуфус- таринашон суринамҳо, марокашиҳо ва туркҳо. Амстердам дар резишгоҳи д. Амстел, назди халиҷи Эйсселмер воқеъ гардида, мавқеи мусоиди нақлиётию географӣ дорад. Каналҳои сершумор, шоҳроҳҳои автомобилгард, роҳи оҳани Амстердамро бо Гаага, Роттердам, Баҳри Шимолӣ ва д. Рейн мепайванданд. Амстердам калонтарин ва баъди Роттердам дуюмин бандари бузургтарини ҷаҳон (гардиши бор 70,4 млн т, 1 млн контейнер дар як сол маълумот, соли 2010) буда, пешбандараш дар Баҳри Шимолӣ воқеъ аст. Дар Амстердам саёҳати баҳрӣ (то 100 ҳазор сайёҳ дар мавсим) ва дарёӣ (то 60 ҳазор) ба роҳ монда шудааст. Метрополитен дорад. Амстердам дорои аэропорти байналмилалии Схипхол (яке аз даҳ аэропорти бузургтарини олам) аст. Аввалин бор чун маркази тиҷоратӣ ва молиявӣ соли 1275 номбар шуда, солҳои 1975—1806 пойтахти Республикаи Батав ва аз 1806 пойтахти Шоҳигарии Нидерланд мебошад.{{Wikidata/Population}}
 
== Иқтисод ==