Скрипка: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
Сатри 1:
'''Скрипка''' — сози мусиқии тории камончадорест дар [[созҳои торӣ|оилаи созҳои торӣ]] ([[алт]], [[виолончел]], [[контрабас]]) ва овозҳои аз ҳама регистри[[регистр]]и баландро соҳиб аст. С.Скрипка созӣ якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрӣ буда, 4 тор дорад, ба фосилаи [[квинта]] ҷӯр мешавад.
== Услуби навозандагӣ дар скрипка ==
Услуби навозандагӣ дар скрипка тарзҳои хел ба хел дорад ва хеле пешрафта мебошад. Услуби асосии садобарорӣ – бурдани камонча ба торҳост. Штрихҳои он (тарзу услуби навохтан) – ''legato'' (равон бурдани камонча), ''detache'' (самти ҳаракати камончаро дар ҳар садо тағйир додан), ''spiccato'' («паридан»-и камонча) ва ''tremolo'' (такрори тези садоҳо бо ёрии «ларзондан»-и [[камонча]]). Яке аз услубҳои асосӣ ва маъмул – ''pizzicato'', яъне бо ангушт, бо ёрии камонча садо баровардан аст. Дар скрипка навохтани аккордҳои 3-4 овоза бисёр қуллай мебошанд. Тембри скрипка хушоҳанг, бо овозҳо ва рангубори динамикӣ (серамалӣ) бой ва бо таъсирбахшӣ бо овози одам наздик аст. Барои тағйир додани тембр мавриди навохтан, баъзан сурдинаро истифода мебаранд. Дар [[оркестр]] ба скрипка пассажҳои аз ҳама мураккабро месупоранд.