Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 126:
 
== Иқтисоди шоҳаншоҳӣ ==
Боҷу хироҷғундорӣ аз муҳимтарин амалҳои дастгоҳи давлатӣ ҳисоб мешуд. Мувофиқи ислоҳоти дар соҳаи молиёт ҷорӣ намудаи Дорои I ҳар вилоят мебоист андози солонаро бо пул адо кунад. Мувофиқи ислоҳоти молиявии Дорои 1 аз соли 515 п.а.м дар мамлакат вазни якхелаи пул ҷори карда шуд, ки дар мамлакат дар гардиш буд. Тангаҳои дар муомилотбуда "Дорик" ном дошт.
Боҷу хироҷғундорӣ аз муҳимтарин амалҳои дастгоҳи давлатӣ ҳисоб мешуд.
 
Ғайр аз ин, ба тариқи молиёти ҷинсӣ, яъне маҳсулоти зироатӣ ё ки ҳунармандӣ андоз мепардохтанд. Илова бар ҳамаи ин, боҷҳои дохилӣ ва андозҳои роҳ низ вуҷуд доштанд. Махсусан бо сарбоз таъмин кардани кушуни ҳахоманишӣ барои аҳолӣ бори гароне буд.
[[Осиёи Миёна]] ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Ҳеродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблағи 200 таланти нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. [[Хоразм]], [[Суғд]] ва Порт сатрапии XVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии XII ба шумор рафта, 360 талант андоз мепардохтанд. Ниҳоят сакоиҳои вилояти XV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант андоз медоданд.