Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 114:
Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод дар Форс давлате бо номи Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ таъсис меёбад. Асосгузори ин давлат писари Камбуҷи I [[Куруши Кабир|Куруши II]]-ро ([[Куруши Кабир]] ({{lang-fa|کورش کبیر}}) мешуморанд, ки ӯ солҳои 550—529 пеш аз милод ҳукумронӣ кардааст. Номи давлат аз номи сарсулолаи ин хонадон, ки [[Куруши Кабир]] Ҳахоманиш ном дошт , гирифта шудааст. Куруш худро «шоҳи Ашан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Барои васеъ кардани давлати худ Куруши II бар зидди шоҳи Модҳо — Астиаг, ки аз руйи маълумотҳои зиёд бобояш маҳсуб мегашт, ҷанг кард ва пойтахти он шаҳри Экбатан (Ҳамадон)-ро забт карда, тобеи давлати худ мегардонад. Ғалабаи Куруши II бар шоҳи Модҳо аз он сабаб осон гардид, ки халқи он бар зидди шоҳ Астиаг шӯриш бардошта буд. Мувофиқи ривояте шӯришгардон шоҳи худ — Астиагро дастгир карда, ба Куруш месупоранд. Вале Куруши II ӯро қатл накарда, баръакс, ба мартабаи баланд мушарраф мегардонад. Баъди забти Модҳо Куруши II ҷангҳои истилогаронаи худро давом дода,соли 547 п.а.м давлати Лидия, ки яке аз давлатҳои пурзури он вақт ба шумор мерафт тасарруф мекунад ва баъдан, ба Арманистон ва Каппадокия лашкар кашида, онҷойҳоро низ забт мекунад. Баъд аз ин [[Куруши Кабир]] нияти ҳуҷум ба Бобулро кард. Шоҳи Бобули нав дар давраи ҳукмронии Навуходоносори II ба давлати пуриқтидор табдил ёфта буд.
Барои ҳамин забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидиён Крез ва шоҳи Миср — фиръавн Яхмост II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва қӯшуни худ истифода бурд. Курши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ — Лидиёнро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидиён ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии зиёд Бобулро ҳам ишғол кард.
Куруш ба ин қаноат накарда мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт карда, '''Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо''' — империияи бузурги [[Ҳахоманишиён]]ро ташкил намуд. Баъд аз кушта шудани Куруши II дар яке аз ҷангҳо ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар мамлакат ошӯбҳои бисёре сар мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тулонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. ӯ ба мақсад ноил шуданаш қувва ҷамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме, ки лашкари [[Ҳахоманишиён]] ба Миср наздик мешуд, шоҳи Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наҷот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад.
Камбуҷия сиёсати кишваркушоии падарашро идома дод. Дар бораи панҷ соли аввали ҳукмронии ӯ дар сарчашмаҳои хаттӣ ягон хел маълумот нест. Муаррихони Юнони қадим аз вақти ҳуҷуми ӯ ба Миср сар карда, дар бораи ӯ ахбор медиҳанд. Куруш баъди Бобулро ишғол кардан бояд ба Миср ҳуҷум мекард. Аммо тавре ки ишора кардем, ӯ бо сабабҳои номаълум ин корро ба таъхир андохт. Дар натиҷаи марги ногаҳонӣ ва фоҷиавии ӯ ин нақша иҷро нашуд. Камбуҷия низ барои ба Миср ҳамла овардан шитоб накард. Эҳтимол ӯ мехост хубтар тайёрӣ бинад ва дар фурсати муносиб ин корро анҷом диҳад. Соли 525-и то мелод Камбуҷия лашкари худро дар Фаластин ҷамъ карда, ба сӯйи Миср равон гардид. Ба ёрии ӯ киштиҳои ҳарбии финикиҳо ва юнониёни Осиёи Хурд омада буданд. Нахустин муҳориба бо лашкари мисриҳо дар назди шаҳри Пелусия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин задухӯрди хунин форсҳо пурра ғалаба карданд. Боқимондаҳои лашкари Миср бетартибона қафо гаштанд. Баъди ин муҳориба форсҳо ба сӯйи пойтахти Миср — шаҳри Мемфис ҳаракат карда, ягон муқобилияти ҷиддӣ надиданд. Онҳо ба шаҳр расида, онро муҳосира намуданд. Мисриҳо муқобилияти зиёд нишон надода, ба зудӣ таслим шуданд. Фиръавн Псаметихи Ш асир гирифта шуд. Аммо Камбуҷия сиёсати падарашро давом дода, ӯро афв кард. Августи соли 525-и то мелод Камбуҷияро расман шоҳи Миср эълон карданд. Барои таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллиро ба худ ҷалб кардан ӯ либосҳои мисрӣ пӯшид ва маросими батахтинишиниаш мувофиқи қоидаҳои мисрӣ гузаронда шуд. Барои қонунӣ гардонидани ҳукмрониаш ӯ худро вориси фиръавнҳо эълон кардкарда,ба сулолаи 26 - Фиръавнҳо дар Миср асос мегузорад. Баъди Мемфисро ишғол кардани Камбуҷия қабилаҳои Либиё ихтиёран ба ӯ тобеъ шуданд. Баъдтар ӯ қисмати шимолии Куш (Эфиопия)-ро ишғол кард. Аз сарчашмаҳои хаттӣ бармеояд, ки ӯ бо баъзе амалҳояш рӯҳониёни Мисрро ба худ зид карда буд. Ба ӯ вайрону ғорат кардани якчанд ибодатхонаҳоро нисбат медиҳанд. Аммо ба ақидаи як қисми олимон, ин хабарҳо заминаи воқеӣ надоранд ва онҳоро рӯҳониён барои беобрӯ кардани Камбуҷия бофта баровардаанд. Дар ҳар сурат гумон кардан душвор аст, ки рӯҳониён ӯро бесабаб туҳмат карда бошанд. Шояд харобкунии ибодатхонаҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, пурра набошад ҳам, қисман ҷой доштааст. Камбуҷия чор сол дар Миср монд.<ref>Дар бораи ҳамлаи Камбуҷия ба Миср ниг: Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63</ref>.
 
Дар ин миён дар пойтахти империя вазъият ноором шуда буд. Аз набудани подшоҳ истифода бурда, мубад Гаумата, ки Камбуҷия идораи корҳои давлатиро ба ӯ супорида буд ва ба бародари Камбуҷия Бардия хеле монанд буд, худро шоҳаншоҳ эълон кард. Ҳол он ки мувофиқи ахбори Ҳеродот, Камбуҷия бародараш Бардияро пеш аз ҳуҷумаш ба Миср пинҳонӣ кушта буд. Хабари табаддулоти Бардияи дурӯғин моҳи марти соли 522-и то мелод ба Миср расид. Баъди шунидани ин хабар Камбуҷия лашкарро ҷамъ карда, ба сӯйи Эрон равон гардид, аммо дар роҳ ногаҳон бемор шуда, вафот кард. Марги ӯ асроромез буд ва ривоятҳои зиёдро ба миён овард. Аз рӯйи яке аз онҳо, ӯро ҷосусони мубад Гаумата заҳр дода куштанд. Марги Камбуҷия муборизаҳои дохилисулолавӣ ва дарбориро тезутунд кард.<ref>Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63</ref>;
 
Баъди вафоти Камбиз ба тахти подшоҳии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ [[Дopиуши Бузург]] ё Дорои I соли 522 пеш аз милод менишинад. Дорои як маҷбур мешавад, ки чор сол бар зидди ошубгарону саркашон мубориза барад ва мамлакатро пурра ба даст гирад. Ӯ барои пуриқтидор шудани давлати Ҳахоманишииҳо ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ медиҳад. ШоҳиӮ минбаъдаибарои шоҳаншоҳӣмустаҳкам Дороигардонидани Iдавлат (522—486дар псоҳаҳои маъмурӣ, молия ва ҳарбӣ як қатор ислоҳот мегузаронад.м.) пурразимнан, сарзаминибарои Осиёивусъат Миёнаробахшидан ба зеритиҷорати тасарруфидохилию [[Ҳахоманишиён]]хориҷӣ даровардроҳҳои вазиёдро якчандтармим ислоҳотҳоимесозад. муфидероАз дарҷумла, мамлакатбо амалӣташаббуси гардонид.ӯ Солҳоиканали минбаъдаСуэтс сулолаиаз [[Ҳахоманишиён]]нав бозбарқарор дусадкарда солмешавад. Баъди ин ҳукмронӣҳама намудандободониҳо, вале зулму истидодиДорои халқҳоиI тобеи(522—486 форсҳоп.м.) ваба зиддиятҳоияк дохиличанд дарборӣҷо лашкар кашида, пурра сарзамини Осиёи Миёнаро ба заволизери тасарруфи [[Ҳахоманишиён]] медарорад. Дар замони Ӯ империяи Ҳахоманишиҳо дар се қитъа доман ҳукуматгустурда овардандбуд.
Солҳои минбаъда сулолаи [[Ҳахоманишиён]] боз дусад сол ҳукмронӣ намуданд, вале зулму истидоди халқҳои тобеи форсҳо ва зиддиятҳои дохили дарборӣ ба заволи ҳукумат оварданд.
Шоҳаншоҳии Ҳахоманиширо солҳои 334—327 п.м. [[Искандари Мақдунӣ]] истило мекунад.<ref name="ReferenceA">Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008. — С. 76-82</ref>