Инсон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
Сатри 1:
'''ИНСÓН''' (ар. انسان аз решаи نِسیان – фаромӯшӣ ва масдари اُنس ва اِنس – ром будан, улфат, унс ва хӯ гирифтан, зидди ваҳшӣ; мардум, мардумаки чашм, одамӣ, башар), дар [[фалсафа]] мудрики фаъолияти иҷтимоӣ-таърихӣ ва фарҳангӣ, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рӯйи Замин, ки номи илмиаш ''Homo sapiens'' (Одами оқил) аст. Моҳияти  инсон, пайдоишу таъйинот ва мақоми он дар дунё яке аз масъалаҳои асосии таърихи андешаҳои фалсафӣ ба шумор рафта, мавриди омӯзиши соҳаҳои гуногуни дониш: ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, физиология, педагогика, тиб ва ғ. қарор дорад. Фалсафа маълумоти гуногуни илмҳои мазкурро баррасӣ карда, ба онҳо шарҳу тавзеҳ ва мазмуни муайян мебахшад. Таълимоти мактабу равияҳои мухталифи фалсафии Эрон, Ҳинд, Чин ва Юнони Бостон инсонро офарида аз нури азалӣ ва хок (Авесто), ҳамчун «олами сағир» (Суқрот), як бахши муҳимтарини Кайҳон, инъикосгар ва рамзи «олами кабир» тавсиф кардаанд, ки дар худ ҳамаи унсурҳо ([[об]], [[оташ]], [[хок]] ва [[ҳаво]])-и Кайҳонро ҷой додааст, аз ду ҷанбаи воқеияти ягонадошта (Арасту) ва ду ҷавҳари гуногунҷинс (Афлотун) – ҷисму рӯҳ иборат аст. Инсон ва моҳияти он нахуст дар динҳои ибтидоӣ ва афкори фалсафии бостон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, инсоншиносӣ пас аз худошиносӣ муҳимтарин мавзӯъ ва масъала ба шумор рафта, аксарияти макотибу равияҳои фалсафию мазҳабии Эрон, Ҳинд, Чин, Миср ва Юнони Бостон, таълимоти масеҳиву ислом, донишмандони асрҳои миёнаву давраи Эҳё ва даврони муосир ба шинохту баррасии инсон пардохтаанд.
 
== Мувофиқи таълимоти динҳои ҷаҳонӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Инсон"