Скрипка: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Эзоҳ: гурӯҳбандӣ
Сатри 4:
== Таърихи пайдоиши скрипка ==
Нисбати таърихи пайдоиши скрипка якчанд ақида вуҷуд дорад: скрипка гуйё аз созҳои камончадори арабӣ (аз асри VIII), аз таркиботи (элементҳои) якҷояи фидел ва ребек (номи созҳо) ва ё аз виола ба вуҷуд омадааст. Навъҳои классикии скрипка дар асрҳои XV-XVI дар як вақт дар Итолиё ва Фаронса кор карда бароварда шудааст.
Дар миёнаи асри XVI дар таҷрибаи мусиқӣ скрипка ҳамчун сози якканавозӣ ва оркестрӣ мавқеи худро пайдо кард. Таърих номҳои устоҳои бузурги итолёвӣ А. ва Н. Аматӣ, А. ва Д. Габриели, А. [[Страдивари]], ки дар охири асри XVI - аввали асри XVIII навъҳои беҳтарини скрипкаро сохтанд, нигоҳ медорад.
Аввалин композитороне, ки барои скрипка асар навиштаанд (а. XVIII): А. Корелли, А. [[Вивалди]], Ҷ. Тартини (Италия), Ф. Бенда, Я. Стамис (Чехия), Ж. М. Леклер, Ҷ. Б. Виотти (Фаронса), И. Е. Хандошкин (Россия). Барои ин соз адабиёти васеъ вуҷуд дорад - аз пиеса ва этюдҳо то консертҳои пурмазмун. [[Соната]]ҳои барои скрипка машҳури И. С. [[Бах]], Г. [[Ҳендел]], В. Мотсарт, Л. [[Бетховен]], Н. [[Паганини]], Ф. [[Менделсон]], П. [[Чайковский]], С. [[Прокофев]], Д. [[Шостакович]], А. [[Хачатурян]] ва ғ.
скрипкаҳо дар [[квартет]]и торӣ, [[ансамбли камеравӣ|ансамблҳои камеравӣ]], [[оркестри симфонӣ]] нақши пешбарро мебозанд.
Дар таърихи иҷрокунандагӣ номҳои скрипканавозони виртуоз (чиррадаст) Н. [[Паганини]], А. Ветан, Г. Венявский, А. Ауэр, Ф. Крейслер ва ғ дар дунё вирди забонанд. Номҳои Я. Хейфес, И. Манухин, Д. Ойстрах, Л. Коган, М. Вайман, В. Климов ва ғ. дар ҷаҳон машҳуранд.
Композиторони тоҷик низ барои сози скрипка асарҳои гуногунжанр эҷод намудаанд: консертҳо барои скрипка ва оркестри симфонӣ (камеравӣ)-и Х. Абдуллоев, Д. Дустмуҳаммадов, Ю. Мамедов, Т. Шаҳидӣ, Қ. Яҳёев; Консерт барои скрипка ва фортепианои А. Ҳамдамов; Достон барои скрипка ва фортепианои М. Бафоев; Вариатсия барои скрипка ва фортепианои Р. Баротов; Каприччио барои скрипка ва оркестри торӣ, Соната барои скрипка ва [[фортепиано]] ва [[дуэт]]ҳо барои ду скрипкаи Ф. Баҳор аз ҷумлаи онҳоянд.<ref>Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.356-357. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}}</ref>