Беларус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Сатри 44:
 
==Сохти давлатдорӣ==
[[File:Belarus-Minsk-House of Government and Vladimir Lenin Monument (perspective corrected).jpg|alt=Бинои Ҳукумат дар Минск|left|frameless|166x166px|Бинои Ҳукумат дар Минск|пайванд=Special:FilePath/Belarus-Minsk-House_of_Government_and_Vladimir_Lenin_Monument_(perspective_corrected).jpg]]
Тибқи конститутсияи соли 1994 қабулгардида Белоруссия давлати воҳиди ҳуқуқбунёд ва республикаи президентӣ аст. Сарвари давлат – президент, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад, сардори ҳукумат – сарвазир, мақоми қонунгузор – Маҷлиси миллист, ки аз ду палата – Шӯрои Республика (64 ҷой) ва Палатаи намояндагон (110 ҷой, ваколаташон 4 сол) иборат аст. Суди олӣ ва Суди конститутсионӣ амал мекунанд. Белорус узви [[СММ]] (аз соли 1945), [[ИДМ]], [[Шӯрои Аврупо]], [[САҲА]] ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Мувофиқи шартномаи соли [[1999]] басташуда Белорус якҷоя бо [[Россия]] давлати иттифоқӣ гаштанд. Муносибатҳои дипломатии Белорус бо [[Тоҷикистон]] аз [[5 сентябр]]и [[1992]]барқарор аст. Дар сатҳи дипломатияи мардумӣ дар [[Тоҷикистон]] Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Белорус» ва дар Белорус Ҷамъияти дӯстии «Белорус – Тоҷикистон» фаъолият доранд.
==Ҷуғрофиё ва геология==
Сатри 142:
==Маориф==
Кори мактабҳои таҳсилоти умумӣ мувофиқи консепсияи соли 2009 ҷоригардида ва меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Баҳогузорӣ аз рӯйи 10 балл сурат гирифта, таҳсилоти миёна 12 сол муайян шудааст (аз 6-солагӣ). Ғайр аз муассисаҳои таълимии маъмулӣ мактабҳои таҳсилоти шабона (79 адад), мактаб-интернатҳои махсус (барои кӯдакони нуқси рӯҳию ҷисмонӣ дошта (88 адад), мактабҳои хусусӣ (ҳамагӣ 12) фаъолият доранд. Маълумоти касбию техникӣ (аз рӯйи 350 намуди касб) дар 250 муассиса, маълумоти олӣ дар 43 мактаби олӣ (28 донишгоҳ, 8 академия, 2 донишкада, 5 коллеҷи олӣ ва 16 мактаби олии хусусӣ) дода мешавад. Калонтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ: Донишгоҳи давлатии Беларус (соли таъсисаш 1921), Донишгоҳи миллии техникӣ (1990), Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроника (1964).
 
<nowiki>*</nowiki><nowiki>[[Донишкадаи Ҷумҳуриявии таълимоти касбӣ]]</nowiki>
 
==Илм==
Донишгоҳи императории Вилен (1803) ва Архиви марказии китобҳои қадимии қонунҳо (Вилно, 1852), Комиссияи археографии Вилен (1864) аввалин муассисаҳои илмӣ дар ҳудуди Белоруссия маҳсуб мешаванд. Мактаби хоҷагии қишлоқи Гори-Горетс (1848, баъд донишкада шуд), Институти маданияти Белорус (Минск, 1922, аз соли 1928 – АИ ҶШС Белоруссия, аз соли 1997 – Академияи миллии илмҳо) низ аз ҷумлаи муассисаҳои илмии давраи пеш мебошанд. Дар Белоруссия 300 муассисаи илмӣ, аз ҷумла Маркази таҳқиқоти илмии проблемаҳои захиранигаҳдорӣ (Гродно, 1990), Институти ҷангал (Гомел, 1992), Институти кимиёи маҳсулоти нав (Минск, 1988) ва ғайра фаъолият доранд. «Даклады Нацыя­нальнай акадэмii навук Беларусi», «Весцi Нацыянальнай акадэмii наук Беларусi» нашрияҳои илмии пурарзиш мебошанд.