Германий: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Bot: Add chemistry element box
No edit summary
Сатри 1:
{{Варақаи германий}}
'''германий''' (лот. Germanium), Ge, унсури кимиёии гурӯҳи IV ҷадвали Менделеев, рақами тартибиаш 32, массаи ат. 72,59.
Германий ба ифтихори ватани кимиёшиноси Олмон К.А.Винхлер – Германия ном гузошта шудааст. Металл кристаллҳои хокистарранги нуқрагун, зичии 5,33 г/см<sup>3</sup> ва ҳарорати гудозиши 938,25<sup>0</sup>С дошта, дар ҳарорати 2850 <sup>0</sup>С меҷӯшад. Дар табиат парахшанда аст. Минералҳои германий камёбанд, чун металл аз маъданҳои металлҳои ранга, мису колчедан ва ангиштҳои германийдор истеҳсол мешавад, металли асосии стратегӣ-ҳарбӣ ба шумор меравад. Германий дар таҳқиқоти кайҳонӣ, дар истеҳсоли васоити оптикӣ, матоъгин, техникаи инфрасурх, техникаи гарминишондиҳанда, барои тайёр кардани нимноқилҳо, диодҳои электровакуумӣ, транзисторҳо, фотодиодҳо, термисторҳое, ки дар радиотехника ва телевизион, дастгоҳҳои ҳисоббарорӣ, аппаратураи ченкунанда, ба сифати катализатор барои истеҳсоли пўшонандаҳои пластикҳо, люминофораи лампаҳои рўшании рўзона ва дар тиб, саноати дорусозӣ истифодаи васеъ дорад.
 
Германийро соли 1885 олими олмонӣ К. Винклер дар таркиби минерали нуқра – аргиродит кашф намудааст. Мавҷудияти германийро соли 1871 олими рус ДОКТОРИ ИЛМҲОИ Менделеев пешгӯӣ намуда, ба он номи шартии экасилитсий гузошта буд. Германий 7,0∙10<sup>-4%</sup> массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи унсурҳои камёфт ва парешони рӯи замин буда, дар таркиби минералҳои аргиродит 4Ag<sub>2</sub>S∙GeS<sub>2</sub>, германит 3Cu<sub>2</sub>S∙FeS∙<sub>2</sub>GeS<sub>2</sub>, конҳои ангиштсанг ва партовҳои маъдании филиззоти ранга мавҷуд аст. Дар табиат 5 изотопи собити германий бо ададҳои массавии <sup>70</sup>Ge, <sup>72</sup>Ge, <sup>73</sup>Ge, <sup>74</sup>Ge ва <sup>76</sup>Ge дучор меоянд. Филиззи сафеди хокистарранг, ҳарорати гудозишаш 958°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2850°С, зичиаш 5,35 г/см<sup>3</sup>. Дар шароити муқаррарӣ аз нигоҳи кимиёӣ фаъолияти суст дорад. Зери ҳарорати баланд (зиёда аз 700°С) бо аксари ғайрифилиззот, аз ҷумла бо оксиген, сулфур ва галогенҳо ба реаксия дохил мешавад. Дараҷаи оксидшавии пайвастҳояш – 4, +2 ва +4 аст. Бо кислотаҳои беоксиген (HCl) ба реаксия дохил намешавад. Дар кислотаҳои нитрат ва сулфати консентратсияаш баланди гарм ҳал шуда, оксиди GeO<sub>2</sub>, бо ишқорҳо зери таъсири пероксиди ҳидроген пайвасти маҷмӯӣ (комплексӣ) (K<sub>2</sub>[Ge(OH)<sub>6</sub>]), бо ҳидроген герман GeH<sub>4</sub>, дигерман Ge<sub>2</sub>H<sub>6</sub> ва тригерман Ge<sub>3</sub>H<sub>8</sub> ҳосил мекунад. Пайвастҳои ду ва чорвалентаи германий бо галогенҳо (GeF<sub>4</sub>, GeGl<sub>4</sub>, GeCl<sub>2</sub>, GeBr<sub>4,</sub> GeI<sub>4</sub>) низ маълуманд. Ҳангоми реаксияи германий бо оксиген дар ҳарорати баландтар аз 700°С оксиди чорвалентаи GeO<sub>2</sub> ва дар ҳарорати паст аз 700°С оксиди дувалентаи GeO ҳосил мегардад. Оксиди GeO<sub>2</sub> хокаи сафеди регмонанд буда, дар ҳарорати 1115°С гудохта мешавад. Тетрахлориди германий GeCl<sub>4</sub> моеи беранг аст (ҳарорати гудозишаш 83°С). GeCl<sub>4</sub> ҳидролиз шуда, оксиди GeO<sub>2</sub> ва кислотаи HCl ҳосил мекунад. Ҳидроксидҳои германий – Ge(OH)<sub>2</sub> ва Ge(OH)<sub>4</sub> хосияти амфотерӣ доранд. Намакҳои Ge(OH)<sub>2</sub> – германит (мас., германити калий K<sub>2</sub>GeO<sub>2</sub>) ва Ge(OH)<sub>4</sub> – германат (мас., германати калий K<sub>2</sub>GeO<sub>3</sub>) ном доранд. Германий бо филиззот пайваст шуда, германид ҳосил мекунад. Тетраэтилгерманий (C<sub>2</sub>H5)<sub>4</sub>Ge аввалин пайвасти органикии германий мебошад. Тамоми пайвастҳои органикии германий безаҳранд. Германийро аз таркиби ангиштсанг ва партови маъданҳо дар шакли оксиди GeO<sub>2</sub> ҷудо карда мегиранд. Усули маълуми ба даст овардани германий истихроҷи он аз пасоби корхонаҳои истеҳсоли кокс аст. Барои ҷудо карда гирифтани германий аз танин истифода мекунанд. Он германийро дар шакли таннид таҳшин мекунад. Дар натиҷаи таҷзияи таҳшин то 45 дарсад оксиди GeO<sub>2</sub> ҳосил мегардад. Сипас бо мақсади ба даст овардани германийи холис GeO<sub>2</sub> ба тавассути гидроген барқарор карда мешавад. Германий нимноқил аст. Аввалин транзистори германий соли 1948 сохта шудааст. Диодҳо ва триодҳои германий дар радио, телевизор, ҳисобмошинҳо, компютер ва ғ. истифода мешаванд. Пардаи ниҳоят нафисе, ки аз хӯлаи германий бо ниобий сохта шудааст, дар –248°С хосияти фавқунноқилии аҷиб дорад. Германийро дар саноати тавлиди филиззот ва истеҳсоли шиша низ ба кор мебаранд.
 
== Адабиёт ==
 
Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев . – М. : Металлургия, 1993 . – 288 с.
* Кульман А. Германий ''Общая химия.'' М., 1979;
* ''Популярная библиотека химических элементов.'' М., 1983;
* Шретер В. (ва дигерманий). ''Химия.'' М., 1989;
* Идрисов Т. ''Кимиёи аносир (элементҳо).'' Д., 2004.''.''
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==
* [[Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ]]