Зодоварӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Зодоварӣ''' ({{lang-fa|زادآوری}}) — қобилияти насл дода тавонистани [[ҳайвонот]] ва [[наботот]]. Афзоиш ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ мешавад. Афзоиши ҳайвонот. Афзоиши ғайриҷинсӣ ба мавҷудоти дараҷаи паст хос мебошад. Ҳангоми афзоиши ғайриҷинсӣ насл аз як ҷинс (дар натиҷаи тақсимшавӣ, муғҷабандӣ ё аз спораҳои он) мерӯяд. Бо роҳи тақсимшавӣ (як ё якчанд маротиба — шизогония) содатаринҳо ва бо муғҷабандӣ (афзоиши нашвӣ) исфанҷҳо, гидраиҳо, рӯдаковокҳо, [[хордадорҳо]] афзоиш мекунанд. Афзоиши ҷинсӣ қариб дар ҳама гурӯҳи ҳайвонот дида мешавад. Афзоиши ҷинсӣ дар мавҷудоти якҳуҷайра гуногун ([[изогамия]], [[гетерогамия]], [[оогамия]]) аст. Яке аз шаклҳои махсуси афзоиши ҷинсӣ [[партеногенез]] мебошад. Ҳангоми партеногенез насл аз ҳуҷайратухме ба вуҷуд меояд, ки бидуни [[бордоршавӣ]] инкишоф ёфтааст (масалан, дар [[кирмҳои ҷигармак]], кайки обӣ, ширинча ва ғайра). Ҷонварони афзоишашон ҷинсӣ хунсо ва ҷудоҷинса мешаванд. Хунсоӣ асосан хосси [[мавҷудоти бемуҳра]] (исфанҷҳо, рӯдаковокҳо, кирмҳои ҷигармак, тасмакирмҳо, [[шуллук]]) ва каму беш хордадорҳост (масалан, суфрамоҳӣ, шӯрмоҳӣ, равғанмоҳӣ, баъзе парандаву [[ширхӯрҳо]]). Ғадуди ҷинсии баъзе мавҷудоти хунсо (масалан, тӯқумшуллуки ток) ҳамеша тағйир (гоҳ модина ва гоҳ нарина) меёбад. Бо роҳи ҷинсӣ фақат дар давраи балоғат Афзоиш кардан мумкин.
 
=== Зодоварии ҳайвонот ===