Аъзам Солиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Аъзам Солиев
 
Сатри 31:
Аъзам Солиев писари композитор [[Фозил Солиев]]. С.1963 омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (композитсия Ю.Тер-Осипович) ва 1971 Консерваторияи давлатии Тошканд (композитсия ва колифония Б.Зейдман)-ро хатм кардааст. Аз с.1971 омӯзгори омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов). Солиев композитори сермаҳсул буда, зиёда аз 50 асари гуногунжанри мусиқӣ эҷод кардааст. Мусиқии ӯ, ки забонаш хеле муосир аст, ба шунаванда, наздик ва фаҳмо аст. Композитор аз мусиқии халқӣ ё классикӣ иқтибос наовардааст, вале тамоми эҷодиёти ӯ аз руҳияи халқӣ ва тобишҳои миллӣ саршор аст. Солиев дар соҳаи омӯзгорӣ низ ба муваффақиятҳо ноил гаштааст. Ӯ як зумра санъаткорони маъруфро тарбия намудааст (А.Бақоев, Б.Юсупов, П. Турсунов, А.Мӯсоев, С.Ҳомидов ва диг.).
== Фаъолияти эҷодӣ ==
Осораш асарҳои симфонӣ: 4 симфония («Ёдбуди падар», 1989, «Қаҳрамонона», 1977 ва ғ.); 4 [[достони симфонӣ]] («Хотираи Айнӣ», 1980; «Эҳёи Роғун», 1981 ва ғ.); Увертюраи патетикӣ (1968), сюитаи хореграфии «Дӯстӣ» (1982) ва ғ.; асарҳои вокалӣ-симфонӣ: ораторияи[[оратория]]и «Овози Осиё» (шеъри М.Турсунзода, 1972), 2 [[кантата]] («Партия раҳнамо» ва ғ.); асарҳои камеравӣ-созӣ: сюита иборат аз 4 қисм барои оркестри торӣ (1967), 2 квартети торӣ, Достони лирикӣ барои скрипка ва фортепиано (1979), триои полифонӣ барои гобоӣ, кларнет ва фагот (1990) ва ғ.; асарҳои фортепианӣ: вариатсияҳо, пиесаҳои бачагона, шаш пиеса, сонатина, сегонаи сонатавӣ ва ғ.; асарҳои камеравӣ-вокалӣ: суруду романсҳои зиёд бар ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик, силсилаи вокалӣ иборат аз 3 суруд ва [[силсилаи вокалӣ]] иборат аз 4 [[романс]] бар назми шоирони кдассики тоҷик ва ғ. А.Аъзам Солиев ба 9 намоишномаи театрӣ мусиқӣ эҷод намудааст («Абадзиндагон», «Шӯълаи озодӣ», «Фарёди ишқ», «Ғуломон» ва ғ.). А.Аъзам Солиев тули солҳои зиёд узви Раёсати ИК Тоҷикистон, раиси бахши мусиқии камеравӣ-созӣ буд. Бо ГрамотаиИфтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.<ref>Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.358. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}}</ref>
 
== Эзоҳ ==