Қудратуллоҳ Яҳёев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
→‎Эҷодиёт: навсозӣ
Сатри 33:
 
== Эҷодиёт ==
Соли 1972 К.Қудратуллоҳ Яҳёев ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул мешавад. Ин солҳо ӯ сюитаҳои чаҳорқисмаи «Тоҷикистони ман», «Зарбҳои кӯҳҳо» бо қисмҳои «Субҳи кӯҳистон», «Рақси чӯпон», «Хикояи мӯйсафед» ва «Ид», достони симфонии «Суруди ҳофиз»-ро бахшида ба Ҳофизи халқии Тоҷикистон [[Шариф Ҷӯраев]] ва «Идона»-ро барои оркестри симфонӣ менависад.
Соли 1977 дар [[ноҳияи Данғара]] комсомол [[Талбак Лолаев]] гандумро аз алангаи оташ ҳифз намуда қаҳрамонона ҳалок гардид. Ин ҳодиса тамоми мардуми мамлакатро ба изтироб овард. [[Композитор]] Қ. Яҳёев зери чунин таассурот дар асоси балладаи шоир Ҳабибулло Файзулло «Садди оташ» симфонияи якқисмаи «Хотираи Талбак Лолаев»-ро эҷод карда, онро ба ин ҷавонмарги ҷасур бахшида аст. Соли 1981 барои ин асараш Қ. Яҳёев бо медали умумииттифоқии ба номи А. Александров мукофотонида мешавад. Достони симфонии «Ёддоштҳо» ба 100-солагии [[Садриддин Айнӣ]] бахшида мешавад. Ин асар низ яке аз муваффақияти композитор дар жанри симфонӣ маҳсуб мешавад. Дар он ба ҳайси оҳанги асосӣ оҳанги «Гардуни Рост» аз мақоми Рост ([[Шашмақом]]) истифода бурда шудааст.
Асарҳои созӣ-камеравии Қ. Яҳёев аз Сюитаи фортепиано барои 4 даст, Квартети[[Квартет]]и тории полифонӣ, Квартети омехта бо истифодаи ҳайати ғайриоддӣ, Дуэти[[Дуэт]]и полифонӣ, Элегия барои флейта ва фортепиано, «Хаёлот» ва «Обшорон» барои фортепиано ва асарҳои дигар иборат аст. Яке аз асарҳои бештар муваффақ гаштаи Қ. Яҳёев дар жанри созӣ-камеравӣ Сонатаи[[Соната]]и сеқисма барои валторна ва фортепиано маҳсуб мешавад. Дар эҷодиёти композитор жанри суруд низ мавқеъи хосса пайдо кардааст. Дар ин жанр ӯ бо ансамбли эстрадии «Гулшан», оркестри созҳои миллӣ, [[оркестри симфонӣ]], ҳамсароён ва дигар сарояндагони муосири тоҷик ҳамкорӣ менамояд.
ва фортепиано маҳсуб мешавад. Дар эҷодиёти композитор жанри суруд низ мавқеъи хосса пайдо кардааст. Дар ин жанр ӯ бо ансамбли эстрадии «Гулшан», оркестри созҳои миллӣ, оркестри симфонӣ, ҳамсароён ва дигар сарояндагони муосири тоҷик ҳамкорӣ менамояд.
Сурудҳои «Ватан» (шеъри Ф. Ансорӣ), «Суруди деҳқон», «Дунёи модар» ва «Чиҳил кокул» (шеъри Лоиқ), «Модарам» ва «Оқил бишав» (шеъри Гулрухсор), «Тоҷикистон» (шеъри Б. Раҳимзода), «Душанбе» (шеъри А. Бохтарӣ), «Суруди Рӯдакӣ» (шеъри А. Рӯдакӣ), «Шукрона» (шеъри Ҳ. Қурбонова) ва ғ. дар байни халқ хеле маъмул гаштаанд.
Композитор Қ. Яҳёев бо театрҳои драмавӣ ва мусиқии Хуҷанд, Хоруғ, Конибодом, Курғонтеппа, Кӯлоб, театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳамкорӣ мекунад. У дар кинои тоҷик низ таҷрибаи бой дорад. Ба филмҳои «Камони тилоӣ» ва «Сурудҳои Вахш» мусиқӣ навиштааст.