Овоздиҳии пинҳонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳи шаблонҳо using AWB
илова
Сатри 1:
{{маъноҳои дигар|Овоз (мазмунҳо)}}
'''Овоздиҳии пинҳонӣ''' - яке аз усулҳои низоми интихоботӣ буда, [[шаҳрванд (шахси воқеӣ)|шаҳрванд]] дар интихоботи [[Президент|Раиси ҷумҳур]] ва мақомоти намояндагии ҳокимияти [[давлат]]ӣ ба тарзи овоздиҳии пинҳонӣ иштирок менамояд. Ба назорат аз болои изҳори иродаи [[овоз]]диҳандагон роҳ дода намешавад. Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ дар интихобот бо роҳи андешидани чораҳои ташкилӣ кафолат дода мешавад, овоздиҳӣ дар биноҳои махсус, ки дар он ҳуҷраҳои ҷиҳозонидашуда мавҷуд аст, сурат мегирад. Дар он бино ҷой барои супурдани варақаҳои (бюллетенҳо) интихобот муайян шуда, қуттиҳои интихобот гузошта мешавад. Дар ҳуҷраи овоздиҳӣ худи интихобкунанда варақа (бюллетенро) пур карда ба қуттӣ мепартояд. Агар интихобкунанда имконияти варақаро (бюллетенро) пур кардан надошта бошад, барои иҷрои ин [[кор]] метавонад шахси дигарро (ғайр аз аъзои комиссияи интихобот) хоҳиш намояд. Агар интихобкунанда бо сабаби аҳволи саломатӣ ё сабаби дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонад, бо хоҳиши ӯ комиссияи участкавии интихобот ба аъзои комиссия супориш медиҳад, ки дар ҷои истиқомати интихобкунанда овоздиҳиро ташкил намояд. Дар ин хусус дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад.<ref>Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 358</ref>
== Нигаред низ ==
* [[Овоздиҳии кушод]]
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}