Албер Камю: Тафовут байни таҳрирҳо

119 байт хориҷ карда шуд ,  2 сол пеш
хулосаи таҳрир нест
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
 
== Фаъолияти эҷодӣ ==
Камю шахсияте фавқулода ҷаззоб дошт ва ӯро «қиддисқуддус ва валии бидуни Худо» хондаанд. Ӯ, ки сафедпустисафедпӯсти фақире аз Алҷазоир буд, вақте ҳозир ба таъйид ва дастгирии ҷабҳаи озодибахши миллии Алҷазоир нашуд, чапҳо ва коммунистони Франсия аз ӯ интиқод карданд, ба онҳо чунин ҷавоб дод: «Ман ба ҳақ ва адолат бовар дорам, аммо қабл аз адолат, аз Модарам дифоъ мекунам». Ин ҷабҳа фаронсавиҳои муҷоҳидро аз Алҷазоир берун карданӣ буданд. Камю ба яке аз дӯстонаш, ки узви ҳизби коммунист буд, чунин гуфт: «Ҳар иттифоқе ки биафтад, ман метавонам аз ту дифоъ кунам, то тирборон нашавӣ, аммо агар маро тирборон кунанд, ту маҷбурӣ ки ба дастури ҳизби коммунистӣ он фармонро таъйид ва тасдиқ намойӣ». Камю дар охирҳои умраш робитаашро бо Жан Пол Сартр қатъ кард ва ин ба хотири ҳимояти исроркоронаи Сартр аз зулм ва ваҳшате буд, ки коммунистҳо ба роҳ андохта буданд. (Достони фалсафа. Бриан Меггӣ. Тарҷимаи форсӣ. Чопи аввал 1388=2009, саҳ 217—218). Сабаби асосӣ ин буд, ки Камю сиёсати Шӯравӣ ва Сталинро сахт танқид мекард. Дар сурате, ки Сартр тарафдори ин сиёсат буд.
 
Яке аз муҳимтарин асарҳои фалсафии Камю китоби «Афсонаи Сизиф» мебошад. Афсонаи Сизиф (Миф о Сизифе). Мақола дар бораи пучӣ. (Эссе об абсурде)мебошад. Дар муқоваи охири китоби «Афсонаи Сизиф», нашри форсӣ, соли 2003 чунин омадааст: «Худоён „Сизифро“ -роСизифро маҳкум карда буданд, ки пайваста тахтасангеро то қуллаи кӯҳе боло бубарад. Ва чун ба қулла мерасид он тахтасанг аз китфи Сизиф меафтод ва ба ҷои аввалаш бармегашт. Ҳамин кор ҳар рӯз такрор мешуд. Худоён ба ҳақ андешида буданд, ки аз барои гирифтани интиқом ва танбеҳ ҷазое даҳшатноктар аз кори беҳуда ва беумед нест. Агар ба гуфтаи Ҳомер бовар дошта бошем, Сизиф оқилтарин ва эҳтиёткортарини инсонҳо будааст. Чун дар ин ҷо таноқуз ва зиддияте вуҷуд надорад. Доир ба сабабҳое, ки Сизифро сазовори ин кори беҳуда дар ҷаҳаннам кард, дар байни муҳаққиқон ақидаҳои мухталифе вуҷуд дорад…Чаро ки вай асрори Худоёнро фош карда буд». (с.200)
 
Аксари муҳаққиқони муосир бар ин назаранд, ки мавзӯи меҳварии фалсафаи Камю масъалаи маънибохтагӣ, пучӣ, беҳудагӣ ва абсурд дар зиндагии башар аст. Ҳарчанд худи Камю мегуфт, ки ман файласуф нестам, вале воқеият ин аст, ки ӯ бузургтарин файласуфи озодандеш ва реалисти асри ХХ буд. Мо медонем ки Камю пеш аз дигар файласуфони муосираш ба ин андеша расида буд, ки дар ҷаҳони имрӯза дигар намешавад асарҳои фалсафиро бо тарзу услуби кӯҳна таълиф намуд. Яъне дар шакли рисолаҳои назариявии хушку дилгиркунанда. Ва мегуфт, ки «агар файласуф шудан хоҳӣ, бояд роман нависӣ». Ва худ аз рӯйи ин қоида рафтор намуда, аксари осори худро дар шакли роман, намоишнома, мақола ва ёддошт навиштааст.
Сеюм: Аз ҷавоби саволҳои воқеияти пучӣ ва беҳудагии зиндагии инсонӣ гурехтан фоидае надорад. Ин роҳи дурусти ҳалли муаммои абсурд нест.
 
Чорум: Роҳи дурусти ҳалли масъала ин аст, ки мо бояд хунсардона вуҷуд доштани ҳодиса ва падидаи падида(феномен) -и пучӣ ва абсурдро дар зиндагии башарӣ қабул кунем ва эътироф намоем. Дар «Афсонаи Сизиф» бояд қабул кунем, ки Сизиф аз кори худ шод ва қонеъ аст, ҳангоме, ки аз болои кӯҳ ба поён мефарояд. Чаро? Барои он ки худи Сизиф аз беҳудагии кори худ огоҳ аст, вале таслим намешавад. Ҳамин муқовимати шикастнопазир сабаб ва мояи саодатмандӣ ва ғурури инсонии Сизифро ташкил медиҳад. Чаро ки ӯ чораи дигаре надорад. Вале дар зиндагии воқеии одамон чунин муносибат танҳо аз роҳи шуришшӯриш ва исёни бардавом ва ҳамешагӣ амалӣ мегардад. Бисёре аз қаҳрамонони асарҳои Камю чунин ҳолати рӯҳониро дар мушкилоти зиндагонии рӯзмарра аз сар мегузаронанд. МасъаланМасалан, дар ҳолатҳое, ки яке аз ин қаҳрамонони роман ва намоишномаҳои ӯ дар зиндагиашон гирифтори таҳдидҳои марговар мешаванд ва ё ин ки яке аз наздиконашонро аз даст медиҳанд ва ё худи он қаҳрамонон гирифтори зиддият ва носозгорӣ бо виҷдони худ мегарданд ва ғайра.
 
Панҷум: Авҷи баланди беҳудагӣ ва абсурд дар ҷомеа ба андешаи Камю онгоҳ зоҳир мешавад, ки баъзе гуруҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба мисли фашизм, натсизм, болшевизм., сталинизм, маоизм ва ғайра талош мекунанд, ки бо роҳи зӯрӣ ва истибдод ҳолати ҷомеаро беҳтар кунанд. Худи Камю ҳамчун гуманист ва сотсиалисти муътадил ва ҳамзамон зидди низоми авторитарӣ-истибдодӣ бар ин ақида буд, ки аз роҳи зӯрӣ ва террор аҳволи ҷомеа бадтар мешаваду беҳтар не. Фаъолияти ҳизбҳои тоталитарӣ ва террористии асри XX ва XXI гувоҳи ин ҳолат ва ин воқеиятанд. Исён ва шӯриши дастҷамъона ба андешаи ӯ ҷомеаро ба ҳамбастагии иҷтимоӣ ва бехатарии коллективӣ мепайвандад. Ба шарте, ки ҳудудҳо ва меъёрҳои зиндагии иҷтимоӣ ба эътибор гирифта шаванд. Бо як калима метавон гуфт, ки: «Ман шӯриш ва исён мекунам, пас мо вуҷуд дорем». Ин ду навъи исён ки имкони амалӣ шудан доранд, Камю исёни ҳунариро беҳтар мешуморад. Исёни аввал фаъолиятҳои инқилобӣ асту исёни дуюм фаъолиятҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ. Ба ҳар сурат Камю бо ин андешаи худ натавонистааст аз доираи назарияи пессимистӣ берунтар қадам гузорад. Чаро ки ба андешаи охирин ва ниҳоии Камю гӯё намешавад шарр ва бадиро ба таври куллӣ аз олами вуҷуд берун кард.
 
Шашум: Баъзе муҳаққиқон ақидаҳои Камюро ғайридинӣ ва атеистӣ арёбӣ намудаанд. Аммо худи Камю худро атеист намешуморад. Дар тақвияти дурустии ин масъала баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки тарафдорони экзистенсиализми ғайридиниро ба атеизм нисбат додан як масъалаи шартӣ ва эътиборӣ аст. Чаро ки худи Камю ба Худо эътиқод надошт ва ба мисли Нитсше Худоро инкор мекард ва бо вуҷуди ҳамаи ин тасдиқ мекард, ки агар Худо набошад, зиндагии башарӣ ба куллӣ беҳуда ва пуч мегардад. Ин андешаро чандин асрҳо пеш файласуфи фаронсавӣ Волтер низ такрор намуда буд.
 
Ҳафтум: Баъзе аз муҳаққиқон роҳи ҳалли фалсафаи абас ва абсурдро дар ин медонанд, ки: Инсон гирифтори се мушкилии асосӣ аст:-Тарс аз маргу мурдан ва нестии абадӣ.
Инсон гирифтори се мушкилии асосӣ аст:
-Тарс аз маргу мурдан ва нестии абадӣ.
-Дигаркушӣ ё террори дигарон.
-Худкушии фардӣ ё маргӣ ихтиёрӣ.
 
Саволи асосӣ ин аст, ки: барои наҷоти инсон аз марги ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ чӣ бояд кард? Ин ҳолатро мегӯянд: бунбасти вуҷудӣ ё абсурд. Пас чӣ бояд кард? Ҷавоби онҳо ин аст:
Барои ҳалли ин се мушкилӣ мо бояд маргро барҳам занем. Ва дар ин ҷаҳон ба зиндагии абадӣ ва ҷовидонӣ ноил гардем. Аммо сабаби ба бунбасти фикрӣ гирифтор шудани АлбертАлбер Камю дар он буд, ки ӯ маҳз ҳамин нуктаи чорум: барҳам задани маргро аз зиндагии башар сарфи назар карда буд. Маҳз эътирофи ҳамин нуктаи чорум аст, ки мушкилоти беҳудагӣ, пучӣ ва абсурд будани зиндагии инсониро аз байн мебарад. Ва дар натиҷа Инсони оянда аз тарси марг, дигаркушӣ ва худкушӣ наҷот меёбад.
 
Ба таври мушаххас натиҷаҳои мусбати ин чоркунҷаи ҳадафманд ва созанда аз ин қароранд: