Заргарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Маҳсулоти заргарӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 24:
Баъзе заргарони Бухоро ба сохтани [[танга]]ҳо низ машғул мешуданд. Тангаҳоро дар устохонаи дарбор тайёр мекарданд, ки он корхонаи танга ном дошт. Барои тангасозӣ асбоби махсус, ба монанди лӯлаи металлӣ, қолибҳои матндору нақшдор истифода мешуд. Ба лӯлачаи як тарафаш баста, пораи металлро андохта, ба дарунаш тири оҳанинро гузошта, аз болояш бо болға мекӯфтанд.
Чи тавре ки мардумшинос, М. Искандарзода, маълумот додааст, дар шаҳри қадимаи Ҳисор гузари заргарон мавҷуд буда, дар он оилаҳои зиёди заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Яке аз заргарони он шаҳр Маъбуди Ғолиби Ҳисорӣ буд, ки ҳамчун сарвари заргарони Ҳисор бо санъати волои худ дар байни аҳолии шаҳр машҳур буд.
Заргарони Ҳисор шаддаи марҷонро бо панҷаҳои нуқрагини кандакоришуда, ки аз шаш то дувоздаҳ донаанд, ороиш медоданд. Дар байни муҳраи марҷон киштӣ ё туморро бо нақшу нигори қолибӣ ё кандакорӣ аз нуқра месохтанд. Инчунин байни ҳар қисми марҷонҳо тангаҳои нуқрагини сиккаи Бухоро истифода мешуд, ки онро ҳамели танга меномиданд. Аз мӯҳраҳоимуҳраҳои гарди хазина чун шаддаи марҷон бо шакли ромб оро медоданд ва шакли хурди ин муҳра хафабанд (гулӯбанд) ном дошт.
 
[[Ҳалқа]] – ороиши серистеъмоли занон ва духтарони ин диёр ба шумор меравад. Аммо то охирҳои асри ХIХ ба гӯши яккаписарон, яъне аз оилаҳое, ки фақат як фарзанди писар доштанд, якто ҳалқаи нуқрагин меандохтанд. То замони оиладоршавиаш писар онро овехта мегашт ва ақидае буд, ки гӯё ин ҳамчун тилисме буд ӯро аз бадиҳо нигоҳ медошт.