Султон Валад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 57:
: Гӯяд Валад: Эй мардумон, ҳастам бурун аз ду ҷаҳон,
: Гарчи ба сурат андар ин кошонаам, кошонаам.
 
: Ошиқӣ чист? Бигӯ: бедилу беҷон будан,
: Гарди он маҳ чу фалак доимӣ гардон будан.
: Дурдии дурд кашидан зи кафи соқии ишқ,
: Рӯзу шаб бехуру бехоб дар афғон будан.
: Ошиқӣ нест шудан бошад аз ҳастии худ,
: Ҳамчу шамъ аз шарари шӯълагудозон будан.
: Ошиқӣ банд гусистан буваду ворастан,
: З-ин замин рафтану хуш бар сари кайвон будан.
: Ба ҷуз аз ишқ ҳама чиз Адам донистан,
: Бо ғамии ишқ ҳамеша хушу шодон будан.
: Ишқ дардест, ки ҳам дард бувад довари ӯ,
: Бо чунин дард нашояд пайи дармон будан.
: Сифати ишқ ҳама шӯру шару хунрезист,
: Фитнаангезиву вайронии дӯкон будан.
: Бо чунин ашки чу борону фиғонҳои чу раъд
: Натавон як нафасе хурраму хандон будан.
: Ақл чун қатра бувад ишқ чу баҳри Уммон,
: Хунук он қатра, ки дорад сари Уммон будан.
 
: Чӣ кунад дил, ки туаш ҳеҷ қароре надиҳӣ?
: Чӣ кунад ҷон зи барат, чунки каноре надиҳӣ?
: Карам аз даст чу шуд, гир зи зулфат дастам,
: Кори ман ишқи ту бас, гарчи ту коре надиҳӣ
: Ин раво бошад, к-аз гулшани рухсор маро
: В-аз ҳама боғи ҷамолат ҷуз хоре надиҳӣ?
: Аз майи ишки ту сармаст будам, махмурам,
: Қадаҳе з-он лаби майгун ба хуморе надиҳӣ.
: Дилфигорам, санамо, аз ғами ҳиҷрон пайи васл
: Як дам аз лутфу карам дил ба фигоре надиҳӣ.
: Ошиқу зортар аз ман ба ҷаҳон нест касе,
: Ваъдаи хуш ба чунин ошиқи зоре надиҳӣ.
: Валадат гӯяд ҳар дам, ки: «Худо ёри ту бод»,
: Гарчӣ васлат ба чу ман зору низоре надиҳӣ.
 
== Адабиёт ==