Баҳоуддини Омилӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 9:
Баҳоуддини Омилӣ дар тамоми илмҳои расмии замони худ асарҳо навишта, дар баъзе аз онҳо ягона буд. Ӯ муассиси якчанд мадраса дар ҳавзаи Исфаҳон аст. Муҳимтарин соҳаи фаъолияти илмии Баҳоуддини Омилӣ риёзиёт, муҳандисӣ, меъморӣ ва нуҷум буд. Яке аз асарҳои маъруфи риёзии Баҳоуддини Омилӣ «Хулосату-л-ҳисоб» аст, ки китоби дарсии ҳавзаҳои илмӣ ба шумор мерафт. Нусхаҳои ин асар дар китобхонаҳои ҷаҳон паҳн шудаанд, аз он ҷумла дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (№ 1611/3) ва Китобхонаи миллии ҶТ (№ 931, 1239, 1260/2, 1788, 1836/2) мафҳузанд. Асар аз муқаддима ва 10 боб иборат буда, дар он назарияи ададҳо, амалҳои арифметикӣ, муодилаҳои алгебравӣ ва масъалаҳои ҳандасӣ баррасӣ шудаанд.
 
Баҳоуддини Омилӣ риёзиётро дар ҳисобҳои ҷуғрофиёӣ татбиқ намуда, унсурҳои илми геодезияро тартиб дод, усулҳои гуногуни андозакуниҳои ашёи дастнорасро дар маҳал истифода кард (андозагирии баландии ашё, умқи чоҳ, бари дарё ва ғ). Дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ низ аз риёзиёт истифода кардааст (мас. таъйини ҳаҷм ва вазни оби курр, таъйини нисоб дар закот). Дар асари машҳураш — «Кашкул» низ чанд масъалаи риёзӣ ва ҳандасиро баён кардааст:
# хосияти ададҳо ва ҷамъи пайдарпайиҳо (прогрессияи арифметикӣ, аз он ҷумла прогрессияи бо ададҳои касрӣ, қоидаҳои ташкили ҷуфткунии ададҳо, қоидаҳои ташкили ададҳои мукаммал, ҳосили ҷамъи баъзе пайдарпайиҳои ададӣ, қоидаҳои ҷамъкунии баъзе пайдарпайиҳо);
# илми ҳисоб ё арифметика (ёфтани махраҷи умумии касрҳо, масъала дар бораи ҳавз, муайян кардани адади фикркардашуда, номҳо, моҳҳо ва аломати бурҷҳои дувоздаҳгона, баъзе қоидаҳои арифметикӣ, қоида оид ба ифодаҳои тақрибии аз решаи квадратӣ бароянда);
# ҷабр ва муқобала (муодилаҳои номаълумдор; муодилаҳои хаттие, ки се тарзи ҳал дорад: усули ҷабр ва муқобала, усули табдилдиҳӣ, усули «ду саҳв»; се масъалаи рамзии умумӣ: айнияти a2 — b2 = (a + b) (a — b) ва ҳолати хусусии он ҳангоми b = 1 ва a — b = 1 будан); 4) амали андозагирӣ (мисолҳои андозагирии ҷисмҳои шаклашон гуногун мас., фил ё шутур, аз рӯйи сояи ҷисмҳо муайян намудани баландии онҳо, масофаи ҷисмҳои дастнорас ва дур ва ғайра).