Баҳоуддини Омилӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 4:
== Зиндагинома ==
Дар 1-солагӣ бо оилааш ба шаҳри Ҷабали Омул рафта, дар 13-солагӣ ба Исфаҳон кӯчид. Пас аз се соли истиқомат дар Исфаҳон шоҳ Таҳмоспи I (1514-76) падари Баҳоуддини Омилӣ — Азудуддин Ҳусайнро ба Қазвин даъват намуда мансаби шайхулислом дод. Баҳоуддини Омилӣ низ ҳамроҳи падараш ба Қазвин омада, ба таҳсили илмҳои гуногун пардохт. Соли 1563 Баҳоуддини Омилӣ ҳамроҳи падараш ба Ҳирот сафар мекунад. Пас аз он ки падараш шайхулисломи Ҳирот таъйин мешавад, Баҳоуддини Омилӣ дар Қазвин мемонад ва дар с-ҳои 1571 ва 1573 ашъоре барои падараш ба шаҳри Ҳирот мефиристад. Бештари таҳсилоти Баҳоуддини Омилӣ дар Қазвин, ки он замон маркази илм буд, гузашта, сипас дар Исфаҳон давом ёфт. Аввалин устодаш падараш буд, ки аз ӯ тафсиру ҳадис ва адабиёти арабро омӯхт. Баъд аз Абдуллоҳи Яздӣ (ваф. 1573) илми ҳикмат, калом ва тиб, аз Алӣ Музаҳҳаб, Алӣ Қоинӣ ва Муҳаммадбоқири Яздӣ риёзиёту ҳайат, аз Пираҳмади Қазвинӣ ҳикмат ва риёзиётро омӯхтааст. Соли 1575 падараш ба Қазвин омад ва барои сафари ҳаҷ аз шоҳ иҷозат гирифт. Шоҳ ба падараш иҷозат дода, ба рафтани Баҳоуддини Омилӣ мумониат кард ва ӯро ба тадриси илмҳо уҳдадор намуд. Баҳоуддини Омилӣ пас аз марги падараш дар соли 1576 ба дарбори шоҳ Таҳмоспи I ба Ҳирот рафт ва шайхулислом таъйин шуд. Дар замони ҳукмр. шоҳ Исмоили II (1576-77) Баҳоуддини Омилӣ низ муддате шайхулисломи Исфаҳон будааст. Баҳоуддини Омилӣ соли 1583 ба ҳаҷ рафт ва дар роҳи бозгашт (сент. 1584) муддате дар Табрез монд. Аз осори Баҳоуддини Омилӣ бармеояд, ки ӯ ба Озарбойҷон, Ироқ, Ҳалаб, Шом, Миср, Сарандеб, Ҳиҷоз; ш-ҳои Байтулмуқаддас, Козмин, Ҳирот, Арон, Ганҷа, Қум, Шервон ва ғ. низ сафар кардааст. Баҳоуддини Омилӣ дар сафарҳояш бо донишмандони зиёде ҳамсуҳбат шудааст. Мас., дар Миср бо Муҳаммад ибни Абилҳасани Бакрӣ (ваф. 1585) вохӯрд ва ба Ризо Абилатифи Мақдисӣ ҳайат ва ҳандасаро омӯзонд. Дар Димишқ бо Ҳофиз Ҳусайни Карбалоӣ (ё Табрезӣ) вохӯрд. Шуҳрати илмӣ ва мавқеи иҷтимоии Баҳоуддини Омилӣ шогирдони бисёреро дар наздаш гирд овард. Аз рӯйи баъзе сарчашмаҳо Баҳоуддини Омилӣ 97 шогирд доштааст. Шоҳ Аббос ба мақоми илмии Баҳоуддини Омилӣ бовари комил дошт. Яке аз сафарҳои муҳим ва таърихии Баҳоуддини Омилӣ сафари пиёдаи ӯ бо ҳамроҳии шоҳ Аббоси I аз Тус ба Машҳад дар 7 июли 1600 аст. Баҳоуддини Омилӣ соли 1616 ба Исфаҳон баргашта, то охири умр мулозими шоҳ Аббоси I (ҳукмр. 1587—1629) буд. Ӯ соли 1618 аз расадхонаи Мароға боздид намуда, барои таъмири он Баҳоуддини Омилӣ, Ҷалолиддини Мунаҷҷим ва Алиризо Аббоси Хушнависро фиристод.
 
 
== Риёзиёт ==