Алии Қушчӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х clean up using AWB |
No edit summary |
||
Сатри 26:
}}
'''Алии Қушчӣ''' (
== Зиндагинома ==
Сатри 32:
== Солҳои фаъолият ==
Соли 1417 ба [[Самарқанд]] баргашта, ба мадрасае, ки [[Улуғбек]] таъсис дода буд, дохил шуд ва шогирди [[Қозизодаи Румӣ]] ва [[Ғиёсиддини Кошӣ]] буд. Пас аз хатми мадраса дар ҳамон ҷо дарс гуфта, бо корҳои илмӣ машғул гардид. Дар ҳамин давра «Рисолаи ҳисоб» ва «Рисолаи нуҷум»-ро навишта, дар байни аҳли илми замонааш обрӯву эътибори калон пайдо кард. Баъди ба кор даромадани [[расадхонаи Улуғбек]] (1428) таҳти роҳбарии ӯ тадқиқот бурд ва асарҳои нав эҷод кард. Дар таълифи асари Улуғбек «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ» саҳми калон дорад. Соли 1438 Улуғбек Алии Қушчиро ба Хитой сафир таъйин кард. Баъди таназзули мактаби илмии Самарқанд Алии Қушчӣ осори илмии олимони ин расадхонаро ба [[Хуросон]] бурд. Пас аз қатли [[Улуғбек]] (1449) Алии Қушчӣ ба Кирмон рафт. Дар он ҷо ба дарбор даъват шуда, дар мадраса низ аз нуҷум ва риёзиёт дарс мегӯяд. Алии Қушчӣ дар Эрон мактаби илмӣ ташкил дода, анъанаҳои мактаби илмии Самарқандро давом медиҳад. Баъди ба [[Табрез]] кӯчидани пойтахти мамлакат (1465) султон Ҳасанбек ӯро ба Туркия ба дарбори султон Муҳаммади II сафири мухтор таъйин намуд. Дар Туркия Алии Қушчӣ баробари анҷоми вазифаи давлатӣ ба навиштани осори илмӣ пардохт. Дар ин ҷо Алии Қушчӣ «Китоб-ул-Муҳаммадия» ном рисола таълиф кард (1473) ва дар асоси қазияҳои (теорема) ҳандасӣ «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ»-ро шарҳ дод. Дар ин асараш ӯ формулаи
Алии Қушчӣ дар рисолаҳои худ ақидаҳои илмии [[Абулвафои Ҷузҷонӣ]], [[Ҷамшеди Кошонӣ]], Фарғонӣ, [[Абурайҳони Берунӣ]], [[Ибни Сино]], [[Насируддини Тусӣ]] ва дигаронро идома дода, махсусан дар соҳаи фалсафа, мантиқ, риёзиёт, ҳайъат, ҷуғрофия ва ғайра тадқиқоти зиёде ба анҷом расондааст. «Рисола ал-мӯъҷаз фӣ-т-тиб», «Рисолаи мантиқ», «Рисолаи ҳисоб», «Ҳайати форсӣ» аз ҷумлаи онҳоанд. Алии Қушчӣ дар ҳалли масъалаи асосии фалсафа мисли пешгузаштагонаш оламро офаридашуда пиндошта, дар «Рисолаи мантиқ» навиштааст, ки «…олам мутағаййир аст ва ҳар чӣ мутағаййир аст, ҳодис аст. Пас олам ҳодис аст». Вале ин ҷиҳати таълимоти идеалистии Алии Қушчиро дар афкори табиию илмиаш пайдо кардан душвор аст. Алии Қушчӣ дар масъалаҳои муайян намудани мавқеи ҷисм, ҳаракати ҷисмҳои моддӣ ва намудҳои он, ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ ва як қатор дигар масъалаҳои илми ҳайат нуқтаи назари материалистӣ дошт. ӯ оламро ба ду қисм
== Саҳми Алли Қушчӣ
Саҳми Алии Қушчӣ дар инкишофи математика ва астрономияи асри XV
Аз осори Алии Қушчӣ ба забони форсӣ ва арабӣ 23 рисола доир ба астрономия, математика, мантиқу фалсафа, тибу адабиёт боқӣ мондааст, ки дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ («Рисолаи ҳисоб»), дар Санкт-Петербург, Тошканд, Теҳрон, Лейден (Ҳолланд) маҳфузанд.
Сатри 44:
== Адабиёт ==
▲* Бартольд В. В. Улугбек и его время. // Бартольд В. В. Соч., Т.2, Ч.2. — М., 1964, с. 23-196.
* Кары-Ниязов Т. Н. ''Астрономическая школа Улугбека.'' М.-Л.: Изд. АН СССР, 1950.
* Матвиевская Г. П., Сираждинов С. Х. О математических работах школы Улугбека. В кн.: ''Из истории эпохи Улугбека.'' Ташкент: Наука, 1965, с. 173—199.
* Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. ''Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII—XVII
* Булатов М. С., Обсерватория Улугбека в Самарканде. Историко-математические исследования, XVIII, 1986, с. 199—216.
|