Рӯзнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 26:
Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ 11 марти 1912 дар Бухоро бо номи «Бухорои шариф» (дар матбааи шаҳри Когон) аз чоп баромад. Пайдоиши нашрияҳои ҷадидӣ ба забонҳои мардуми Осиёи Миёна, аз ҷумла рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро аксари муҳаққиқони замони Шӯравӣ ба таъсири Инқилоби якуми Русия (1905) марбут донистаанд, ки ин унвон чандон ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро дар пажӯҳиш ва натиҷагириҳои муҳаққиқони даврони Шӯравӣ аз ҷанбаҳои воқеиву таърихӣ омилҳои идеологӣ бештар бартарӣ пайдо кардаанд. Албатта, таъсири равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Русияро ба ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна наметавон нодида гирифт. Ва ин ҳам дар ҳоле будааст, ки таъсиргузории публитсистикаи форсии хориҷию туркӣ ба раванди ташаккули матбуоти ҷадидии тоҷикӣ аксаран тавассути сарзамини рус ва идораву намояндагиҳои Русияи подшоҳӣ сурат мегирифт. Аммо пажӯҳишҳои охир (Набавӣ А. «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллии тоҷикӣ) ақидаеро, ки Инқилоби якуми Русия омили асосии пайдоиши матбуоти ҷадидия дар Осиёи Марказӣ аст, рад мекунанд. Зеро то нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» бархе аз равшанфикрону маорифпарварони Бухоро баҳри ба майдон овардани нашрияҳо кӯшишҳо карда буданд, вале бо сабабҳои гуногун ин амал муяссар намешуд. Баъдан ду шахсияти маъруфи он давра – тоҷири бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансурзода (Мансуров) ва адиби бухороӣ Мирзосироҷ (маъруф бо номи доктор Собир) барои таъсиси рӯзномае бо забони аҳли Бухоро агарчи имконоти молӣ доштанд, вале барои таъсису нашри чунин рӯзнома иҷозати амири Бухоро ва ҳам Элчихона (сафоратхона)-и Русияи подшоҳӣ дар Бухоро лозим буд. Ниҳоят онҳо бо ёрии мудири матбаа Левини яҳудӣ ба таъсиси рӯзномаи «Бухорои шариф» муваффақ шуданд. Ҳамин тариқ, марҳалаҳои такмилу пешрафти матбуоти тоҷикро метавон ба се давра тақсим кард: 1. Давраи ба майдон омадани нахустин рӯзномаҳои тоҷикӣ ва шаклгирии матбуоти тоҷик дар Осиёи Марказӣ (1913–19). 2. Матбуоти тоҷик дар даврони ҳукумати шӯравӣ, ё худ матбуоти ҶШС Тоҷ. (1919–90). 3. Давраи навини матбуоти тоҷик, аз «перестройка»-и горбачёвию соҳибистиқлолии Тоҷикистон то имрӯз.
 
Ба туфайли интишори рӯзномаи «Бухорои шариф» дар Осиёи Миёна рӯзномаҳои тоҷикӣ ва фарогири саҳифаҳои тоҷикӣ ба саҳна омаданд. Рӯзномаи «Садои Туркистон» ба ҳайси нашрияи адабӣ, иқтисодӣ, фаннию адабӣ аз апрели 1914 зери таҳрири Убайдуллохоҷа Асадуллохоҷаев бо фосилаи ҳафтае ду бор ба чоп шурӯъ карда, то 66 шумора ба табъ расид. Рӯзномаи «Садои Фарғона» (3 апрели 1914–1916; ношир ва муҳаррираш Обидҷон Маҳмудов) ба забонҳои туркию форсӣ ҳафтае се бор дар ш.-ҳои Қӯқанду Марғелон; рӯзномаи «Рӯзномаи моварои баҳри Хазар» (14 декабри 1914 – феврали 1917) дар Ашқобод ба забонҳои форсию туркманӣ чоп шудааст. «Шуълаи инқилоб» (10 апрели 1919 – 8 декабри 1921) аввалин рӯзнома (ҳафтанома)-и шӯравии тоҷикӣ буд, ки дар ҳаҷми 8 саҳифа ҳамагӣ 91 шумора ба табъ расид. «Қутулиш» (28 июни 1920 – 13 августи 1920, ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ), «Учқун» (15 апрели 1920, ҳамагӣ 8 шумора, ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ), «Бухоро ахбори» (ношири афкори ҳукумати муваққатии инқилобии Бухоро, ба забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ), «Рӯшноӣ» (декабри 1921 – июни 1922, ба тоҷикии лаҳни яҳудӣ ва хатти арабӣ) аз рӯзномаҳои шӯравӣ буданд, ки асосан дар ҳудуди ш-ҳоишаҳрҳои Тошканд ва Бухорову Самарқанд табъу нашр мешуданд. Соли 1924 дар кишвари Туркистон 46 рӯзнома аз чоп баромад. Яке аз онҳо рӯзномаи «Овози тоҷик» буд, ки бо номи «Овози тоҷики камбағал» то шумораи 9-ум чоп шуд. «Овози тоҷик» аввал органи кумитаи ҳизбӣ ва комиҷроияи вилояти Самарқанд буд, баъд ба органи Бюрои ҳизбӣ ва Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷ. табдил дода шуд.
 
Минбаъд дар ҳудуди таъйиншудаи Тоҷикистон (Бухорои Шарқӣ) раванди тавсиаи нашрияҳо бо амалиёти Артиши Сурх дар мубориза алайҳи ҳаракати зидди ишғолгарии босмачиён рабт мегирад. Чун ҳаракати босмачигарӣ охирҳои соли 1922 аз водии Фарғона ба Бухорои Шарқӣ кӯчид, нашру пахши ҷаридаҳои Округи ҳарбии Туркистон дар Душанбе ва атрофи он душвор шуд ва идораи сиёсии ҷабҳаи ҳоким дар пайи нашри рӯзнома дар ин минтақа гардид. Дар оғози кор «Бюллетенҳои ахборӣ»-и чопӣ дар ҳаҷми 30–34 саҳифа барои кормандони сиёсии ҷабҳа фиристода мешуданд. Рӯзномаҳои «Красный Каратегин» (декабри 1923, ба таври мошиннавис, моҳе як бор), «По басмачу!» (13 декабри 1923 – баҳори 1926, ношири афкори идораи сиёсии корпуси 13-уми тирандози болшевикҳо), «Овози Шарқ» (тоҷикӣ, 12 августи 1924 – марти 1925) аз ҷумлаи рӯзномаҳое буданд, ки дар баробари тарбияи сиёсию ҳарбии аскарон, инчунин тарғиби ҳокимияти сотсиалистии шӯравиро ҳадафи асосӣ қарор дода буданд. 15 апрели 1925 дар шаҳри Душанбе шумораи аввалини рӯзнома «Иди тоҷик» (аз шумораи 2 – «Бедории тоҷик»), зери таҳрири Аббос Алиев дар ҳаҷми 16 саҳифаи шакли А–4, бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад. Номи «Бедории тоҷик» аз 8 октябри 1928 ба «Тоҷикистони сурх» (аз 1 январи 1955 ба «Тоҷикистони советӣ», соли 1990 ба «Тоҷикистони шӯравӣ», пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият») табдил шуд. Дар ин солҳо ташвиқ ба сафҳои Артиши Сурх, мубориза ба муқобили босмачиён, ба мардум фаҳмонидани моҳият ва мустаҳкам намудани сохторҳои Шӯравӣ, ташкил намудани мактабҳои нав, маҳви бесаводӣ, даъват ба ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти нав мавзӯъҳои асосии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх»-ро ташкил медоданд. Аз ҷумла навиштаҳои роҳбарони он замони ҷумҳурӣ ба мисли Нусратуллоҳ Махсум, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур дар ин нашрия фарогири ҳамин масъалаҳо буданд.