Сотим Улуғзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эзоҳ: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Эҷодиёт: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 34:
== Эҷодиёт ==
Сотим Улуғзода бо ҳамкории донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести «Сом ва Дик»-и М. А. Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд, ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Бадҳо Сотим Улуғзода ин соҳаро бо муваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиётӣ садаи асри XX тоҷик эътибор пайдо кард. Тарҷумаҳои Сотим Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э. Л. Войнич «Ғурмагас» (1931), В. Н. Билл-Белосерковский «Ҳаёт даъват мекунад» (1935), Н. Ф. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), А. Н. Островский «Гунаҳгорони бе гуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар» (1953), В. Шекспир «Дон Кихот» (1974), Ч. Айтматов «Қуллаи Фудзияма» ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик мебошанд.
Сотим Улуғзода ҳанӯз аз солҳои 30 ба тадқиқи осори намояндагони шинохтаи адабиётӣ сеҳазорсолаи тоҷик таваҷҷӯҳтаваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла «Лоҳутии мо» (1933) «Анҷумани якуми нависандагони шӯрои Тоҷикистон» (1934), «Садриддин Айнӣ» (1935), «Дар бораи шоирони Помир» (1935), «Барои асарҳои саҳнавии олисифат» (1947), «Дар бораи баъзе масъалаи танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика» (1954), ба адабиётшиносии даври нави тоҷик бахшида шудаанд. Ҳамчунин Сотим Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носир Хусрав, Аҳмади Дониш, асару мақолаҳои пурқимат таълиф намудааст. Рисолаҳои «Аҳмади Дониш» (1946) ва «Пири ҳакимони машриқзамин» (1980) дорои қимати калони илмӣ мебошанд. Мақоми Сотим Улуғзода дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда, драматург басо баланд аст.
 
Филмномаҳои «Ҷавонии Ибни Сино» («Ӯзбекфилм», 1956), «Қисмати шоир» («Тоҷикфилм», 1957) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. «Қисмати шоир» дар Фестивали филмҳои Осиёву Африқо (1960) ба дарёфти Ҷоизаи «Уқоби тило» сазовор гардидааст. Сотим Улуғзода дар насри бадеӣ ҳам устоди забардасте буда, фаъолияти нависандигияш аз иншои қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) оғоз ёфтааст. Баъдан романи «Навобод» (1953), ки соли 1949 бо номи «Диёри навобод» нашр шудааст, қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» (1954), романҳои «Восеъ» (1967), «Фирдавсӣ» (1988), қиссаи «Ривояти суғдӣ» (1975—2014)-ро ба қалам овардааст, ки дар инкишофи насри муосири тоҷик марҳилаи наве гардидаанд. Соли 1996 романи «Фирдавсӣ» дар Озмуни байналмилалии «Китоби сол» ба дарёфти Ҷоизаи аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мушарраф гардидааст.