Ҷӯрахон Обидпур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Ҷоизаҳо: ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 41:
Обидпур дар баробари ромишгар буданаш, инчунин дирижёри бо-маҳорат низ мебошад. Ӯ Солҳои 1969-70 вазифаи дирижёри ор-кестри созҳои халқии назди Кумитаи телевизион ва радиошунавониро ба уҳда дошт. Дар ин муддат О. 26 суруду пиесаҳои композиторони мухталифро бо оркестри созҳои халқӣ дирижёрӣ намуда, дар фонди радиои тоҷик сабт кардааст. Ҳамчунин дар ин самт ӯ беш аз 100 асари гуногунҳаҷмро барои ин оркестр таҳия (инструментовка) ва табдил додааст. Солҳои 1975-85 Обидпур бо ташабуси худ оркестри созҳои халқии донишҷӯёни факултаи мусиқӣ-омӯзгории До-нишкадаи санъатро ташкил карда, дирижёрӣ ва роҳбарии онро муддати 10 сол ба уҳда дошт. Дар бораи санъати дирижёрии Обидпур Ҳунарпешаи халқии СССР, профессор [[Ҳанифа Мавлонова]] чунин қайд намудааст: {{аввали иқтибос}}«Ҷӯрахон Обидпур истеъдоди фавқулодаи дирижёрӣ дошта, дар назди пулти дирижёрӣ дар обурангдиҳӣ ва итоат кардани оркестр ба овоз ва нафасгирии овозхонӣ ҳамто надорад, ки ин сифатҳо на дар ҳамаи дирижёрҳо мавҷуд аст. Барои ҳамин ман якчанд бор бо роҳбарии ӯ дар оркестри номбурда сурудҳои гуногунрангро иҷро кардам» {{охири иқтибос|сарчашма=[[Ҳанифа Мавлонова]] }}<ref>Ҳалимов Н. Соҳибҳунар. – Душанбе: Эр-граф, 2010. - С. 48</ref>
=== Оҳангсозӣ ===
Паҳлуи дигари фаъолияти эҷодии Обидпур оҳангсозӣ аст. Ӯ дар ин бахш худомӯз буда, зиёда аз 100 суруд эҷод намудааст: бо ҳамовозии ансамбли созҳои миллӣ ки мавзӯи бештари онҳо ишқ мебошад («Кош медидам туро», «Парвози дил», «Диламро машкан», «Эй дил», «Мапӯшон рӯйро», «Ишқ», «Хобам наомад», «Сарвиноз», «Медонам», «Оташи ишқ», «Ашки дил» ва ғ.ғайра), сурудҳои эстрадӣ («Тоҷикистон», «Ватан», «Бути тоҷик», «Ташна», «Гул», «Бе ёр, чунӣ?», «Гуҳари ишқ», «Дил куҷо буд» ва ғ.ғайра), сурудҳо бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ («Дил», «Ҷудо дил», «Дило, аз ишқ лабрезӣ», «Сияҳчашмак» ва ғ.ғайра). Ду сюитаи овозию рақсӣ ба шеърҳои [[Салими Хатлонӣ]]. Асарҳои созӣ (фантазияҳои «Гулсуман» барои рубоб бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ, «Нози дилбар» барои рубоб ва фортепиано, ҳарду бо ҳаммуаллифии К. Тушинок), пиесаҳои «Наргис», «Савти Борбад», «Навои Бедак»-ҳар се барои ансамбли рубобнавозон ва якчанд пиесаҳои хурд барои рубоб ва фортепиано ва ғ. 21 этюдҳои хушоҳанг, ки соли 1966 аз тарафи нашриёти «Маориф» бо номи «Этюдҳои хушоҳанг» чоп шуд. Сурудҳои бачагонаи О. дар ин бахш мавқеи босазое доранд. Ӯ зиёда аз 100 суруди бачагона (синни томактабӣ ва мактабӣ) эҷод намудааст, ки ҳама дар шакли китобу маҷмӯа аз чоп барормадаанд: «Ману тарона», (2005), «Боғчаи мо» (2007), «Шодии дил» (2012), китобҳои дарсии «Суруд ва мусиқӣ» (синфи 4 – 2007, 2014, 2018; синфи 1 – 2008, 2015, 2018) ва ғ.<ref name="ReferenceA"/>
Обидпур ягона композитори муосир аст, ки ба 17 шеъри худаш оҳанг бастааст. Сурудҳои бачагонаи «Бузғола», «Алла», «Барфак», «Фасли баҳор», «Соли нав», «Китоб», «Меҳргон», «Гули лола», «Боғча» ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд. Сурудҳои эҷодкардаи О. аз ҷониби овозхонони шинохтаи ҷумҳурӣ Н. Рауфова, М. Эргашева, Н. Раҳматова, С. Қосимова, Д. Холов, М. Набиева, Т. Муҳиддинов, М. Ҳамроқулова, Б. Маҳмадқулов, А. Мирраҷабов, С. Нуруллоев ва диг. иҷро гардида, дар фонди тилоии радиои тоҷик сабт шудаанд.
<ref>Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. С 127</ref>
== Осор ==
Обидпур муаллифи чандин китобҳои дарсӣ («Дарси рубоб», 1969, 1982, «Мактаби омӯзиши чанг» бо ҳаммуаллифии Ш. Ҳоҷиев, 2010), дастуру маҷмӯаҳо («Чаманоро», 1986, «Савтҳои борбадӣ», 1990, «Этюдҳои хушоҳанг», 1996, «Гулбонги рубоб», 2000, «Савту навои рубоб», 2014 ва ғ.ғайра), барномаҳои таълимӣ («Рубоби қошғарӣ» барои мактабҳои олӣ, 1986, «Рубоби қошғарӣ ва бадахшӣ» барои мактабҳои мусиқӣ, 1988, «Рубоби прима» барои мактаби олӣ, 1988) мебошад. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ аст.
Обидпур ба таълифоти як зумра олимон такя карда, комил набудани вазни арӯзро дар шеъри тоҷикӣ бо далелу бурҳон исбот карда, дар ин бахш се рисолаи мусиқӣ таълиф намудааст: «Шеър оҳанг аст» (2002), «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» (2008) ва «Кашшофӣ» дар шеъри устод Рӯдакӣ» (маҷаллаи «Душанбе», 2016 №7,8).