Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 87:
 
== Таърих ==
Ҳудуди Иморот ҳанӯз ҳазорсолаи 6 то м. маскун буда, дар ҳазораи 4 то м. соҳилҳои Халиҷи Форс маҳали муҳими тиҷорати байни Байнаннаҳрайн ва Ҳинди Қадим буд. Соли 300 то м. дар мавзеи Малейҳа юнониён колонияи тиҷоратии хешро асос гузоштанд. Тиҷорат махсусан бо Сосониён (дар асрҳои 5—6) хуб роҳандозӣ шуда, дар соҳили шарқӣ, дар Дибба то садаи VII европоиёни масеҳӣ ибодатгоҳ ва бандар сохта буданд. Хилофатҳои соҳилҳои ҷануб. [[Халиҷи Форс]] ва шимолу ғарбии Уммон дар ҳайати Хилофати араб буда, шаҳрҳои Дубай, Шарҷа, Фуҷайра ҳамон замон бино гаштаанд. Дар асрҳои 10 — 11 қисми шарқии Нимҷазираи Араб дар тасарруфи қарматиҳо буд ва баъди таназзули ин сулола зери таъсири Уммон афтод. Охири садаи XV ба минтақа таваҷҷӯҳитаваҷҷуҳи европоиён афзуд. Аввалин шуда ин ҷо португалиягиҳо маъво гирифтанд. То садаи XII моҳидорони маҳаллӣ, сокинони ҳудуди ҳозираи Иморот ба сафарҳои баҳрии тӯлонӣ баромада, то соҳилҳои Кения, Шри-Ланка, Хитой ва Вйетнам мерасиданд. Ширкати Ост-Индияи Британияи Кабир дар садаи XVIII тиҷорати баҳрии байни бандарҳои Халиҷи Форсро бо баҳонаи хотима бахшидан ба роҳзании баҳрӣ монополияи худ кард ва аҳолии иморатҳоро, ки асосан бо тиҷорат машғул буданд, аз манбаи асосии зиндагӣ маҳрум гардонд. Ин боиси задухӯрдҳои доимии байни ширкати Ост-Индия ва аҳолии маҳаллӣ мешуд (англисҳо арабҳоро роҳзан ва ноҳияи иморатҳоро «Соҳили роҳзанон» номида буданд). Соли 1820 ин ширкат шартномаеро зӯран ба гардани амирон ва шайхони 7 иморати араб бор кард, ки он ибтидои муқаррар шудани назорати Британияи Кабир бар ин сарзамин буд. Ҳамин тариқ, соли 1838 «Соҳили роҳзанон» (Иморот), Уммон, Масқат, Баҳрайн ва Кувайт таҳти назорати Англия даромад ва дар халиҷ киштиҳои ҳарбии он ба таври ҳамеша ҷой гирифтанд. Аз миёнаҳои садаи XIX ин ҳудуд бо номи Уммони Аҳдӣ тобеи Британияи Кабир шуд. Солҳои 20 садаи XX дар Уммони Аҳдӣ ҳаракати миллии озодихоҳӣ оғоз ёфта, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) хеле авҷ гирифт; таъсири Британияи Кабир дар Халиҷи Форс суст шуд ва 2 дек. 1971 дар қатори дигар давлатҳои халиҷ таъсиси давлати мустақили Иморот эълон гардид. Дар аввал иморати РаъсРаъсу-улл-Хайма ба ин иттиҳод ворид шудан нахост, вале феврали 1972 ба он шомил шуд. Дек. 1971 байни Иморот ва Иттифоқи Советӣ муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардид.
{{Саросарнамо|Burj Dubai 001.jpg|900px|Бурҷи Халиф ва дигар бурҷҳои атроф|text-align=center}}
 
== Иқтисод ==
[[Акс:(UAE) The Dubai Fountain at Dusk 01.jpg|thumb|[[Dubai Mall|The Dubai Mall]], бузургтарин маркази фурӯш дар ҷаҳон]]
Аз соли 1956 сар карда паёпай кашф шудани конҳои нафт дар Абузабӣ, Дубай, Шарҷа ва РаъсРаъсу-улл-Хайма мӯҷиби дар муддати кӯтоҳ ба давлати бузурги истихроҷкунандаи нефт дар Шарқи Миёна табдил ёфтани Иморот гардид. Вобаста ба ин дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар низ тараққӣ карда, он ба маркази иқтисодии байналхалқӣ табдил ёфт. Асоси иқтисодиёти Иморот истихроҷ ва содироти нефт (2,2 млн баррел дар як рӯз; захираи табииаш дар ҳудуди зиёда аз 7 млрд т; 10%-и захираи нефти олам аст) ва газ (захираи табииаш 5,7 триллион м<sup>3</sup>) буда, вобаста ба ин истеҳсоли масолеҳи нефт, саноати коркардаи нефт, нефту химия, металлургия, истеҳсоли семент тараққӣ кардааст. Савдои беруна хеле рушд карда, маркази тиҷоратӣ — Дубай ва минтақаи савдои озод — Ҷабал Алӣ маблағгузории (инвеститсияи) хориҷиро бештар аз ҳама ҷалб мекунанд. Танҳо бандарҳои Рашид (Дубай) ва Ҷабал Алӣ (Фуҷайра) дар як сол зиёда аз 3 млн контейнерро интиқол медиҳанд. Дар мамлакат инфрасохтори нақлиётӣ (6 аэропорти байналхалқӣ, бандарҳои баҳрӣ, шабакаи роҳҳои автомобилгард, соли 2010 метро ба кор даромад) ва телекоммуникатсия хеле тараққӣ кардааст. Маблағгузориҳои калон ба сохтмони биноҳо ва маҷмааҳои мӯҳташам ҷалб мешаванд. Истихроҷ ва содироти марворид ва маҳсулоти моҳидорӣ низ дар иқтисоди кишвар ҷойи намоён дорад. Аз ҳунармандии анъанавӣ бофтани қолин ва матоъҳои пашмӣ, ҳаккокию зарробии филизот муравваҷ аст. Дар воҳаҳо мевагиҳо, сабзавот, ғалладона ва ғ. парвариш ва кишт карда мешаванд. Чорводории кӯчӣ (бодиягардӣ) маъмул аст. Иморот асосан масолеҳи мошинсозии вазнин ва саноати химия, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот, равғанҳои молиданӣ, молҳои сермасраф ва хӯроквориро ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратиаш — ИМА, Япония, Британияи Кабир, Таиланд, Уммон, Ҳиндустон, Эрон, Сингапур.
[[Акс:Executive Towers Under Construction on 30 January 2007.jpg|200px|thumbnail|right|Сохтмони осмонхарошҳо дар Дубай]]
 
== Маориф ==
Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ройгон ва то синфи 9 аст. Масъалаи ҷалби духтарон ба таҳсил даҳсолаи охир ба сатҳи зарурӣ расидааст. Солҳои охир дар таълим усулҳои пешқадам, методикаи таълимию таҳсилии Ғарб ҷорӣ шуда истодааст. Ҳоло ба омӯзиши забони англисӣ, ки пештар аҳамият намедоданд, бештар диққат медиҳанд. Барномаи «Муаллими садаи XXI» тайёр кардани 10 ҳазор омӯзгори сифатан нав ва ҷавобгӯи талаботи замонро (то соли 2020) дар назар дорад. Таҳсили фарзандони хориҷиён дар мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ пулакӣ аст. Дар Иморот маълумоти олӣ дар ҳамдастӣ бо кишварҳои дигар, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои машҳур роҳандозӣ шудааст. Дар Донишгоҳи Иморот (с. таъсисаш 1976, Абузабӣ), 4 коллеҷи олии техникӣ (1988), Донишгоҳи тиббии халиҷ (1998, Аҷман), Донишгоҳи занона (1988, кампусҳо — шаҳракҳои иқоматиаш дар Абузабӣ ва Дубай), дар шӯъбаҳои Донишгоҳи технологии Ротчестер (Дубай), Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон (РаъсРаъсу-улл-Хайма), Донишгоҳи Сорбонна намояндагони миллатҳои гуногун таҳсил мекунанд. Маҷмааи бузурги таълимӣ — шаҳраки донишҷӯён, ки соли 2003 ба истифода дода шудааст, шӯъбаҳои 16 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ (аз ҷумла Донишгоҳи инженерию иқтисодии Санкт-Петербург, Донишгоҳи Маҳатма Гандӣ, Манчестер Бузинес Скул), марказҳои таълимӣ, маркази таълимии электронӣ, марказҳои тадқиқоти илмӣ, хобгоҳҳо ва ғ.-ро муттаҳид кардааст. Китобхонаҳо бештар дар назди муассисаҳои маълумоти олӣ ва марказҳои илмию тадқиқотӣ фаъолият доранд. Китобхонаи марказии ба номи Зоид, китобхонаҳои «Мақом» (барои занон) ва «Фалаҷ» (барои мардон) дорои маводи ғанӣ, махсусан мавод дар мавзӯи илмҳои иҷтимоӣ мебошанд.
 
== Матбуот, радио, телевизон ==
Воситаҳои ахбори омма бо вуҷуди озод будан, аз ҷониби Шӯро оид ба корҳои ВАО назорат мешаванд, то дар мундариҷаву маводашон мавзӯъҳои номатлуб ва фаҳш набошанд. Рӯзномаҳои «Ал-Иттиҳод», «Ал-Баён», «Ахбор-ал-Араб», «Ал-Халиҷ», «7 Days», «Arabian business.com», «Gulf news», «Khaleej Times» (ба забони англисӣ); маҷ-ҳои «Gulf Marketing Review» (тиҷоратӣ), «Soura maqazine» (инъикосгари санъати аккосӣ ва дигар намудҳои санъати тасвирӣ), «Шабоб-ал-явм» (барои кӯдакон ва наврасон) нашрияҳои намоёни Иморот мебошанд. Ба забони русӣ маҷ-ҳои «Русские Эмираты», «Деловые Эмираты» ва роҳнамои «Ключи Востока» нашр мешаванд. Алҳол (2011) дар Иморот наздики 40 шабакаи телевизионӣ ва 8 пойгоҳи радио амал мекунанд. Шабакаи асосии телевизионӣ «Абузабӣ» буда, ҳар иморат пойгоҳи телевизион ва радиои худро дорад. Дар Иморот шабакаҳои махсусгардондашудаи иттилоотӣ, намоишҳои варзишӣ, пахши барномаҳо барои ақаллиятҳои миллӣ (мас., барои форсизабонҳо), барои давлатҳои дигар (мас., Британияи Кабир, Покистон ва ғ.ғайра); фароғатӣ, иҷтимоӣ, мусиқӣ, барои кӯдакон ва наврасон (ройгон), тиҷоратӣ, рекламавӣ ва ғ. фаъолият мекунанд. Радиошунавонӣ ғайр аз дохили кишвар (ба забонҳои арабӣ, англисӣ, франсавӣ, урду ва ғ.ғайра) ба кишварҳои дигар — бештар арабзабон пахш мешавад. «Русское радио в ОАЭ» барномаҳояшро ба тавассути мавҷи 96,3 FM пахш мекунад.
 
== Адабиёт ==