Идора: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Вазифаҳои идора: ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 10:
 
== Вазифаҳои идора ==
# Вобаста ба мазмун ва муҳтаво: умумӣ (хосси ҳамаи низомҳои идорӣ буда, таъмини маълумот, пешбинии инкишофи раванду ҳодисот дар оянда, амсиласозӣ, барномасозӣ, ташкилӣ, мутобиқсозӣ, роҳбарӣ, назорат, муҳосибот ва ғайраро дар бар мегирад), махсус (хосси низомҳои алоҳидаи идорӣ, мас., хадамоти амният, фаъолияти зиддииктишофӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ғ.ғайра), таъминотӣ (мас., таъминоти моддӣ-техникӣ, кадрӣ; молиявӣ-барномасозӣ ва ғ.ғайра);
# Вобаста ба самти таъсир: дохилӣ ва берунӣ;
# Вобаста ба замони амал: доимӣ ва муваққатӣ.
# Вобаста ба хусусиятҳои ҳудудӣ: мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ (дар давлатҳои федеративӣ ‒ мақомоти федератсия ва ҷумҳурӣ). Дараҷаҳои ҷараёни идора : таҳлили вазъи идорӣ; коркард ва қабули қарор, ташкил ва назорати иҷрои қарор, ҷамъбасти натиҷа ва ислоҳкунӣ.
 
Ҳенри Файол (1841‒1925) вазифаҳои умумӣ (пешгӯйӣ, банақшагирӣ, ташкилӣ, маъмурӣ, таъминоти иттилоот, мутобиқсозӣ, танзим, назорат) ва якчанд асли идора (тақсими кор, обрӯ ва масъулият, ягонагии фармон ва роҳбарӣ, риояи мартабаҳо, марказонӣ ва ғайримарказонӣ, тартибот, баробарӣ, мукофотдиҳӣ, тобеият, адолат, ташаббус, ҳамрайъӣ ва ғ.ғайра)-ро муайян кардааст. идора ҷараёни доимиву мақсадноки таъсири субъект ба объект тавассути механизми муайян мебошад. Субъекти идора ашё, падидаҳо ва ҷараён (ҷараёни идорӣ), одамон (идора-и одамон) ва объекти он ҳамеша метавонад одам (оператор, маъмур, роҳбар ва ғ.ғайра) ё ташкилаи коллективӣ ‒ маъмурият (дирексия, роҳбарият, ҳайати фармондеҳон ва ғ.ғайра) бошад.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Идора"