Аналгетик: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х →Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB |
х ислоҳи вожаҳо using AWB |
||
Сатри 3:
== Таснифот ==
Моддаҳои давоии тарзи таъсир ва сохти химиявиашон гуногунро дар бар мегиранд. Аналгетикҳо наркозӣ ва ғайринаркозӣ мешаванд. Ба аналгетикҳои наркозӣ морфин, омнопон, промедол, фентанил ва ғ. мансубанд. Онҳо ҳисси дард, аз ҷумла дарди шадидеро, ки ҳангоми зарбулат, сӯхтагӣ, сактаи дил ва ғ. пайдо мешавад, рафъ мекунанд. Аналгетикҳои наркозӣ ба интиқоли импулсҳои дард дар қисмҳои гуногуни ҳароммағз ва майна монеъ мешаванд. Ин гурӯҳи доруҳо таассуроти нохуш (тарсу ваҳм, ҳаяҷон, рӯҳафтодагӣ)-и марбут ба дардро рафъ карда, ҳисси ҳаловати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ (ба истилоҳ эйфория) ба вуҷуд меоваранд. Дар сурати чандин бор ворид намудани миқдори муайяни аналгетикҳои наркозӣ организм ба он одат мекунад ва таъсири дардбарӣ суст мегардад. Дар натиҷаи истифодаи тӯлонии аналгетикҳо шахс мумкин аст нашъаманд шавад. Аз ин рӯ, аналгетикҳои наркозӣ зери назорати қатъӣ буда, истеъмоли онҳо маҳдуд аст. Бе таъйиноти духтур истифода бурдани онҳо ҷиноят маҳсуб мешавад. Ба аналгетикҳои ғайринаркозӣ доруҳои синтезии сохти химиявиашон гуногун (кислотаи атсетилсалитсилат, амидопирин, аналгин, бутадион, парасетамол ва
== Таъсири манфӣ ==
Дар натиҷаи бе маслиҳати духтур муддати зиёд истеъмол кардани аналгин, амидопирин ва бутадион ҷараёни хунофарӣ халал меёбад. Мунтазам ва худсарона истифода бурдани доруҳои кислотаи салитсилат (мас., кислотаи атсетилсалитсилат ва салитсилати натрий) луобпардаи меъдаро ба ангезиш оварда, боиси хунравии он мегардад, мӯҷиби ғуввоси гӯш, заъфи сомеа, вазнин ҷараён гирифтани баъзе бемориҳо (мас., зиқи нафас ва
== Эзоҳ ==
|