Забон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Вазифаҳои забон: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 5:
 
== Вазифаҳои забон ==
Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (бо имову ишора, рафтор, бо истифода аз рангҳо, садо ё формулаҳо ва ғ.ғайра) ифода карда метавонад. Аммо воситаи умдаи ифодаи фикр забон мебошад. Тафаккур ва забонро ба ҳам омехтан ва ё якеро маз­муну дигареро шакл пиндоштан мумкин нест, ҳар кадоме аз инҳо шаклу мазмуни хос доранд. Шакли дигари мав­ҷудияти забон ва тафаккур нутқи инсон аст, ки ин ду аз ҳам ҷудонашавандаанд. Масалан, забони адиб, забони омӯз­гор ва ғ. гуфтан нодуруст аст, зеро забон ба мардум та­аллуқ дорад, на ба афроди алоҳида. Дар ин маврид бояд нутқ гуфт. Фақ­ру костаии нутқи ягон кас, мас., нависанда, аз заъфи забон на­буда, балки сатҳи донишу савияи забондонии ҳамон касро бозгӯ мекунад. Нутқ дар рушду такомули забон ёрии ама­лӣ мерасонад; робитаи диалектикии забон ва нутқ дар ҳамин раванд ба таври барҷаста зоҳир мешавад. Гу­рӯҳ ё оилаи забонҳоро вобаста ба ҳаёт ва таърихи мушаххаси халқҳо муайян кардан мумкин аст. Ҳар як забони зинда ҳо­милони хеш­ро дорад. Мабдаи ҳар як забон ба ташаккули халқият ва гузаштагони он — қабилаву авлод мансуб аст. Авлод нахус­тин ҷамъия­ти инсонӣ мебошад, ки забони худро дошт. Инки­шофи баъдии гурӯҳҳои авлодӣ боиси пайдоиши итти­ҳо­дияҳои қабилавӣ мегардад, ки вобаста ба ин забони авлодӣ то ба дараҷаи забони қабилавӣ, инкишоф меёбад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, забонҳои авлодӣ ба забонҳои қабилавӣ, забонҳои қабилавӣ ба забонҳои уму­мимардумӣ ва забонҳои умумимар­думӣ то дараҷаи забонҳои миллӣ ташаккул меёбанд. Дар забонҳои ташаккулёфта (аз ҷумла забони тоҷикӣ) забони адабии гуфтугӯӣ ба ҳайси забони муомилаи байни одамон хидмат мекунад, зеро забони адабии гуфтугӯӣ аз забонҳо (шеваҳо)-и ма­ҳаллӣ ва минтақавӣ бартарӣ дорад ва барои ҳамаи соҳи­бони забон қо­би­ли дарк ва муштарак буда, унсур­ҳои забон фонетикию лу­ға­вӣ ва грамматикӣ дар он ташаккулёфтаву эътирофшуда мебошанд. Ҳамаи забонҳои ҷаҳон ин давраҳои инкишофро тай накардаанд. Ҳоло, ки ҷомеаи авлодӣ ву­ҷуд надорад, забони авлодӣ ҳам нест, вале забонҳои қабилавӣ ва шеваҳо хеле зиёданд. Дар қитъаҳои Амрико, Африқо, Осиё метавон ин падидаро мушоҳида кард. Дар Доғистон (қа­ламрави Руссия) қабилаҳое ҳастанд, ки забони хосси худро доранд (агу­лӣ, сахурӣ, рутулӣ, дидоӣ ва ғ., ки забонҳои қабилавии до­ғистонианд).
 
Ниёзҳои мардум ба муоширату мубодилаи афкор, дуруст пешниҳод шудани маълумот, саҳеҳ фаҳмидани ҳам­дигар, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти ҷомеаи ба­шарӣ аст, забони муоширатро ба вуҷуд овард. Ин аст, ки забон хусусияти ҷамъиятӣ (вазифаи ҷамъиятӣ) дорад ва барои ҷомеа хидмат мекунад. Ҳамон забон воситаи муомилот шуда метавонад, ки таркиби луғавӣ ва сохти грамматикии мукаммал дошта, нуфузу эътибори он дар байни дигар за­бонҳо эҳсосшаванда бошад ва онро ҷамъият эътироф кунад. Ин ба омилҳои иҷтимоию таърихӣ, аз қаби­ли ҳам­чун миллат ташаккул ёфтани қавму ҳалқиятҳо, инкишофи забон ва пайдоиши хат (нигар. Хат ва пайдоиши он), маориф, адабиёт, сиёсат, касбу ҳанар, таъриху маданият ва муносибатҳои ҳамзистию ҳамҷавории миллатҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар забоне воситаи му­ошарати байни одамон мешавад, ки дорои чунин ху­су­сият­ҳои иловагӣ бошад:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Забон"