Базидиомитсетҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 14:
}}
 
'''Базидиомитсетҳо''' ({{lang-la|Basidiomycota}}, аз юн. basidion – таҳкурсӣ ва mykes – занбӯруғ) — як синфи [[занбӯруғҳо]]и дараҷаи олӣ, ки узвҳои махсуси афзоиш – базидияҳо доранд.
 
== Ҳаёт ==
Базидия дорои 4 спораи якҳуҷайра (базидиоспораҳо) буда, онҳо дар нешҳои махсус – стерагмаҳо ҷой гирифтаанд. Дар натиҷаи сабзиш дар ҳар як базидиоспора митселияҳои гаплоидӣ, яъне танаи занбӯруғ ҳосил мешавад. Сипас дар аксари базидиомитсетҳо ҳуҷайраҳои ҳамин митселий ё митселияҳои гуногун омезиш ёфта, митселияҳои диплоидӣ ҳосил мекунанд. Минбаъд дар базидияҳо мейоз рӯй медиҳад ва он бо ҳосил шудани чор ядро ба анҷом мерасад.
 
== Намудҳо ==
Базидиомитсетҳо зиёда аз 15 ҳазор намудро дар бар мегиранд. Бисёрии онҳо ғизоӣ (мас., дили барра, карнайзанбӯруғ ва ғ.ғайра), баъзеашон заҳрнок (телпаки қозӣ, сиёҳак ва ғ.ғайра) мебошанд. Базидиомитсетҳое низ дучор мешаванд, ки дарахтро мепӯсонанд, ба зироат зарар мерасонанд.
 
Базидиомитсетҳо ба ду зерсинф тақсим мешаванд: холобазидиомитсетҳо (Holobasieliomycetes; базидияашон якҳуҷайравӣ аст) ва фрагмобазидиомитсетҳо (Phragmobasidiomycetes; базидияашон чорҳуҷайравӣ ё якҳуҷайравии нокшакл мебошад).