Байнаннаҳрайн: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 14:
 
== Ҷуғрофиё ==
Дарёҳои Даҷла (1840 км) ва Фурот (2850 км) дар Қуна (воқеъ дар 96 километрии шаҳри Басра) ба ҳам пайваста, дарёи Арвандрӯд (Шаттулараб)-ро ташкил медиҳанд, ки он ба Халиҷи Форс рафта мерезад. Фосилаи байни дарёҳои мазкур дар наздикии шаҳри Бағдод ба 32 км мерасад. Дар Байнаннаҳрайн дарёҳои бузурги Хабур, Ҷулоб ва ғайра низ мавҷуданд, ки баҳорон пуроб ва зимистон камобанд. Дар ин сарзамин кӯлҳои зиёде (Ҳаммор, Саъдия ва ғ.ғайра) низ мавҷуданд, ки тобистон обашон хеле кам шуда, боиси мушкили обёрии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Аксари заминҳои Байнаннаҳрайн шӯразоранд.
 
Иқлими Байнаннаҳрайн хушк, дар шимол — субтропикӣ, дар ҷануб — тропикӣ (гармсер). Боришоти миёнаи солона то 300 мм, дар баландиҳо бештар, дар ҷануб то 100—200 мм. Зироаткорӣ аз қадимулайём инкишоф ёфтааст. Асосан гандум, ҷав, шолӣ, пахта ва диг. зироатҳои лӯбиёӣ мекоранд. Дар соҳилҳои дарёҳо ва лаб-лаби каналҳо найшакар мерӯяд.
Сатри 30:
Қадимтарин тамаддуни Байнаннаҳрайн дар ҳазораҳои 5-4 то м. ба вуҷуд омада буд. Пояҳои тамаддуни шумерӣ ба рӯйи хоке гузошта шуда буд, ки обхезиҳои мавсимии дарёҳои Даҷлаву Фурот ва боришоти зиёд ҳосилхезии заминҳои шумериёнро таъмин менамуданд. Дар ибтидо шумериёни қисми ҷанубии Ироқи кунунӣ қашшоқона зиндагӣ мекарданд ва обхезии дарёҳо зироатҳоро нобуд месохтанд. Вале онҳо силсилаи тадбирҳо, аз қабили хушконидани ботлоқҳо, сохтани оббандҳову обанборҳо, наҳрҳои заҳкашию шабакаҳои обёрӣ, бунёди роҳҳо, маъбадҳо, қасру кушкҳо, шаҳрсозӣ ва диг. амалиёти марбут ба умури кишоварзиро роҳандозӣ намуданд. Дар натиҷаи чунин тадорукот дар нимаи дувуми ҳазораи 4 то м. шумериён ба муваффақиятҳои бузург ноил шуданд. Кишоварзӣ чунон зуд тараққӣ кард, ки ба гуфтаи фарҳангшиносон, дар ин давра шумериҳо аз ботлоқзорҳои хушконидашуда 86 баробари тухмии коштаашон ҳосил ғундоштанд. Пойтахти шумериён шаҳри Ур ободу зебо гардид, қасри шоҳӣ ва маъбадҳо сохта шуданд. Шаҳрҳои бузург ба мисли Урук (Варқаи кунунӣ), Ларсо (Синкрети кунунӣ), Ниффер, Нейсин ва ғ. арзи вуҷуд намуданд. Минбаъд шаҳр-давлатҳои бузург дар империяи шумериён ташаккул ёфтанд, ки онҳоро «шоҳ-коҳин»-ҳо (Patesi) идора мекарданд. Дар назди маъбадҳо анборҳои бузург барои нигаҳдории ғалла мавҷуд буданд ва рӯҳониён ба умури хоҷагӣ, муҳосиба, содироти ғалладона ба давлатҳои хориҷаи дуру наздик ва ворид намудани чӯб, филиззот, ғуломон ва диг. маводди мавриди ниёзи шумериён машғул шуданд. Ин ҳодиса барои ба вуҷуд омадани хат мусоидат намуд.
 
Аккадиҳо муҳоҷирони соминажоде буданд, ки тақр. дар нимаи дувуми ҳазораи 3 то м. аз қисми ғарбии Арабистон омада, дар атрофи давлати Шумериён иқомат ихтиёр карданд. Онҳо соли 2340 то м. бо роҳбарии Саргони Кабир давлати Аккадиёнро созмон доданд, ки пойтахташ шаҳри Агода (Аккад) буд. Саргони Кабир бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла шаҳрҳои қаламрави Иломиҳоро тасхир намуда, қаламрави худро дар Шим. Ҷ. ва Шим. Ғ. тавсиа ва нахустин империяи бузургро таъсис дод. Саргон (Sorqon) 55 сол ҳукмронӣ кард. Аккадиҳо як силсила унсурҳои фарҳангӣ (хат, эътиқодоти динӣ, улуму замона ва ғ.ғайра)-ро аз шумериён касб карда, давлаташонро нерӯманд сохтанд ва нуфузашонро аз Баҳри Миёназамин дар Ғ. то Баҳри Каспий дар Шим. ва Халиҷи Форс дар Ҷ. тавсиа доданд. Маркази империяи Аккад дар масири роҳи корвонӣ қарор дошт. Он сарзаминҳоро аз Арманистон сар карда, то Халиҷи Форсу Эрон ва аз Осиёи Хурд то Баҳри Миёназамин ба ҳам мепайваст. Баъди вафоти Саргон саросари Аккадро ошӯбҳо фаро гирифтанд. Писари ӯ Нарам Син пеши роҳи таназзули Аккадро гирифтан натавонист ва охирҳои ҳазораи 3 то м. шумериён тавонистанд, ки аз чанги асорати аккадиён халос шаванд. Онҳо баъди обхезии бузург, ки олимон онро ба «Тӯфони Нӯҳ» нисбат додаанд, шаҳри Кишро маркази худ интихоб намуданд. Тақр. садаи XXI то м. иломиҳо ба онҳо ҳуҷум карда, ба ҳукмронии шумериён хотима доданд. Вале онҳо боз 5 асри дигар фарҳангу маънавиёти худро ҳифз карданд. Коҳинони шумерӣ ба як навъ табақаи рӯҳонӣ табдил ёфта, боз асрҳои зиёд фаъолият доштанд. Баъдтар қабилаи «гутӣ»-ҳо аз Ш. ва ошуриҳо аз Ғ. пай дар пай ба аккадиҳо ҳуҷум карда, ба ҳукмронии онҳо дар Байнаннаҳрайн хотима доданд.
 
Дар ибтидои ҳазораи 2 то м. дар Байнаннаҳрайн давлате бо номи ''Ошуриён'' арзи вуҷуд намуд. Он дар ҳудуди чаҳор шаҳри воқеъ дар соҳилҳои Даҷла — Ошур (Шарлотаи кунунӣ), Арбела (Арбиёи кунунӣ), Кулах (Намруди кунунӣ) ва Нанаво (муқобили шаҳри Мавасили кунунӣ) ҷойгир шуда буд. Сокинони Ошур аз сомиёни Бобилу Аккад, қабилаҳои ғайрисомии ғарбӣ (хетиёну митониён) ва кӯҳнишинҳои курди Қафқоз иборат буданд. Онҳо ба Бобил ҳуҷум карда, соли 1900 то м. истиқлол ба даст оварданд ва Бобилро пойтахти худ эълон намуданд. Симиобум нахустин силсилаи шоҳиро ташкил кард. Султони овозадори Ошуриён Ҳаммурапӣ (ҳукмр. 1892—1850) дар таърих ҳамчун шоҳи кишваркушою нерӯманд ва қонунгузор машҳур шуда буд. Ӯ бори аввал дар таърих дар соҳаи ҳуқуқ «Маҷмӯи қонунҳо»-и худро дар рӯйи сахрасанги диорит навишта, дар маркази шаҳр гузошта буд, ки ҳоло он дар осорхонаи Луври Фаронса нигаҳдорӣ мешавад. Ҳаммурапӣ Сурияро низ тасхир кард ва маркази сиёсию фарҳангӣ ба қисмати шимоли Байнаннаҳрайн интиқол ёфт. Баъди 8 соли марги Ҳаммурапӣ коситҳо ва иломиҳо сарзамини Бобилистонро тасхир карданд. Митониён дар Шим. Байнаннаҳрайн ба тавсеаи давлати худ шурӯъ намуданд. Шоҳи Митониён Парратарна қисми шимолии Сурияро ба даст овард, Сауссадатар дар охири садаи XVI то м. Ошуриёнро ба худ тобеъ кард. Дар ибтидои ҳазораи 1 то м. оромиҳо аз Арабистон омада, дар Шим. Байнаннаҳрайн ва Сурия ҷойгир шуданд. Ошуриён, ки дар қисми ҷануб истиқлоли нисбии худро ҳифз намуда буданд, зуд иқтисодашонро қавӣ карда, бо сарварии Салмансари I ба фатҳи сарзаминҳои хурди шимол ноил гардиданд. Давраи нави таърихи Ошуриён шурӯъ шуд, ки онро империяи Ошури ҷадид ё худ империяи Калдониён низ меномиданд. Калдониён тадриҷан тамоми Сурия, Финикия ва Урартуро ба даст дароварданд. Онҳо шаҳри Колахро пойтахти нави худ қарор дода, қаламрави худро то Арабистон вусъат доданд.