Фарқият байни намунаҳои "Воронеж"

х
→‎Саноат: ислоҳи вожаҳо using AWB
х (→‎Таърих: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB)
х (→‎Саноат: ислоҳи вожаҳо using AWB)
 
 
== Саноат ==
Воронеж-и муосир бузургтарин маркази саноатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, шаҳри асосии Черноземяи Марказӣ мебошад. Соҳаҳои асосии саноат: мошинасозӣ (истеҳсоли ҳавопаймоҳо, муҳаррикҳо барои ракетаҳо, таҷҳизоти челонгарию манганакунӣ, экскваторҳо, дастгоҳҳо ва ғ.ғайра), радиоэлектроника (истеҳсоли телевизор), кимиё (истеҳсоли каучуки синтезӣ, пластмасса). Соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли мебел ва масолеҳи бинокорӣ тараққӣ кардаанд.
 
Дар Воронеж Институти давлатии лоиҳакашию технологии мошинасозии оҳангарию манганакунӣ, пажӯҳишгоҳи физикаву кимиё, филиалҳои як қатор институтҳои таҳқиқоти илмии умумируссиягӣ, Донишгоҳи давлатӣ (1918), донишгоҳҳои кишоварзӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, меъморию бинокорӣ, институтҳои ҳарбии авиатсияи муҳандисӣ, радиоэлектронӣ ва дигар мактабҳои олӣ, осорхонаҳои кишваршиносӣ, бадеии ба номи И. Н. Крамский, адабӣ (осорхонаи инфиродии шоир И. С. Никитин), театрҳои драма, опера ва балет, тамошобини наврас, лӯхтак фаъолият доранд. Ёдгориҳои меъморӣ: калисоҳои Успенский (1694—1702) ва Николский (1720), қасри Воронеж (асри 18) ва ғ.