Китобхона: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB |
|||
Сатри 4:
== Вазифа ==
Доираи фаъолият ва вазифаҳои китобхона: ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ғанӣ гардондани адабиёти чопӣ ва анвои дигари иттилоот; таъмини иртибот байни аснод ва истифодабаранда; пешниҳоди хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ ва библиографӣ, таъмини дастрасӣ ба хазинаи китобхона ба василаи низоми феҳристҳои анъанавӣ ва электронӣ, захираҳои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ; ташкил ва истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи китобдорӣ; пешбурди фаъолияти илмӣ, омӯзишӣ ва методӣ. Ҳадафи китобхона: қонеъ кардани ниёзҳои иттилоотии истифодабарандагони адабиёт. Вобаста ба вазифа, ҳадаф ва ҳайати истифодабарандагони китобон таърихан анвои гуногуни китобхона ташаккул ёфтааст: мувофиқи мансубият китобхонаи оммавӣ (умумӣ) ва шахсӣ (ба гурӯҳи китобхонаҳои оммавӣ китобхонаҳои давлатӣ, мас., китобхонаи миллӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои шаҳраку деҳот, вазорату идораҳо, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дохиланд); аз рӯи ҳайати истифодабарон китобхонаи дастраси умум (новобаста ба мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ дастрасанд ва фонди универсалӣ доранд), илмӣ ва махсус (китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-техникӣ, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо); мувофиқи хусусиятҳои синну солӣ китобхонаи калонсолон, ҷавонон, бачагона; вобаста ба таркиби фонд универсалӣ, соҳавӣ, бисёрсоҳа; калон, миёна, хурд; истифодаи фонд мустақим (кушода) ва ғайримустақим; аз рӯӣ шакл ва забони асноди маҳфуз китобхонаи адабиёти хориҷа, патентӣ-техникӣ; мувофиқи пешниҳоди мавод ва аснод абонементӣ (амонатдиҳӣ, истифодаи мавод берун аз китобхона), барои толори хониш (танҳо дар дохили китобхона) ва омехта (ҳар ду равиш); моликият хусусӣ, пулакӣ, ройгон ва ғ. мешавад. Китобхона дар 3 бахш – хидматӣ (ташаккули фонд ва дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиграфӣ, корҳои методиву илмӣ ва
== Таърих ==
Китобхона бо ихтирои хат ва пайдоиши нахустин мутуни навишторӣ дар марказҳои тамаддуни Шарқи Қадим падид омад ва тадриҷан такомул ёфт. Китобхонаро дар гузашта хазина ва ганҷина мегуфтанд. Китобхонаҳои аҳди бостон, маъмулан дар назди дарбор (мас., китобхонаи Хаттусулиси 3 (1283–60 то м., шоҳигарии хетҳо) ва маъбадҳо (мас., китобхонаи Худои Энлил дар Ниппур (шумер) беш аз 54 ҳазор гирдаи сафолӣ бо мазмуни адабӣ, динӣ ва давлатӣ дошт, маъбади Ерусалим ҳовии кутуби динӣ буд) сохта мешуданд. Китобхонаҳои нимаумумӣ ва шахсӣ низ роиҷ буд. Китобхонаҳоро дар Мисри Қадим «Хонаи китоб» меномиданд (машҳуртаринашон китобхонаи маъбади Рамзеси 2, 1300 то м.). Китобхонаи Ашурбанипал (асри 7 то м., Ниневия, 20–30 ҳазор паёму фармони шоҳӣ ва адабиёт оид ба ҷуғрофия, математика, астрономия, тиб, забон, фарҳанг, дин дошт) то таъсиси Китобхонаи Искандария муҳимтарин китобхонаи аҳди бостон буд. КитобхонаПерғам (Осиёи Хурд) ҳазорон тумори чармин дошт. Таъсиси бостонтарин китобхонаи Хитой ба сулолаи императории Чжоу тааллуқ дорад (китобдораш Лао-сзи буд). Калонтарин китобхонаи умумӣ дар Юнони Бостон дар садаи IV то м. бино шудааст (китобхонаи Арасту, ки беш 40 ҳазор тумор дошт, дар маъхазҳо аз китобхонаҳои шахсии Афлотун, Аристофан, Демосфен ва дигарон низ ёд шудааст). Бино бар ахбори маъхазҳо дар охири садаи IV то м. дар Руми Қадим беш аз 30 китобхонаи умумӣ (ибодатхонаҳо) мавҷуд буд. Дар ибтидои асрҳои миёна дар Аврупо маркази фарҳанги китобдорӣ китобхонаҳои дайру калисоҳо (маҷмӯи китобҳои муқаддас ва адабиёти дини (масеҳӣ)-ро фаро мегирифтанд, китобхонаи дайри Виварий ва Бобиё дар Италия) ва асрҳои 12–16 китобхонаҳои донишгоҳӣ (Сорбон, Порис, Кембриҷ, Оксфорд, Йена, Эрфурт, Ҳейделберг, Копенгаген) буданд. Қадимтарин китобхона дар Русия китобхонаи Калисои ҷомеи София дар Киев (асри 11) маҳсуб мешавад (баъдан дар Новгород Москав китобхонаҳои салтанатӣ ва хусусӣ пайдо шуданд). Дар давраи Эҳё бо рушди илму фарҳанг ва санъати чоп теъдоди китобхонаҳо (адабиёти дунявӣ ва нодир доштанд) афзуданд. Аз садаи XVII китобхонаҳои калони аҳаммияти ҷаҳонидошта [китобхонаи Лауренсианаи Флоренсия, китобхонаи шоҳии Лувр (ҳоло китобхонаи миллии Фаронса), китобхонаи Ватикан, асрҳои 17–19 Будлиёни Оксфорд, китобхонаи Музейи Британия, Конгресси ИМА] таъсис ёфтанд. Аз нимаи 2-юми садаи XIX теъдоди китобхонаҳои тахассусӣ (илмӣ, академӣ, китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, осорхонаҳо, ҷамъиятҳои илмӣ, ҳизбӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ) ва оммавӣ афзуданд. Дар садаи XX иттиҳодияҳои миллӣ ва байналмилалии китобхонавӣ (машҳуртаринашон ИФЛА) таъсис ёфтанд. Бо рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ китобхона ба маркази универсалии иттилоот табдил шуд. Китобхонаҳои электронӣ (дар ИМА, 1980, Англия, 1990, Русия, 1995, Тоҷикистон, 2000), хонандаи онлайнӣ ташаккул ёфт. Дар фаъолияти китобхона равандҳои инноватсионӣ амалӣ мешаванд. Китобхонаҳои муосир аз пешин бо хусусиятҳои зоҳирӣ, меъморӣ, хадамот ва таҷҳизоту технологияи муосир тафовут доранд.
[[Акс:Vista de la Biblioteca Vasconcelos.jpg|thumb|Дохили як китобхонае дар Мехико]]
Дар манбаъҳои хаттӣ аз мавҷудияти китобхонаҳои назди маъбад, салтанатӣ, шаҳрӣ, таълимӣ, хусусӣ ва илмии аҳди хаҳоманишиву сосонӣ ишора шудааст. Дар давраи ҳахоманишиён осори илмиву адабӣ ва мазҳабӣ дар китобхона «Ганҷи Шопигон» (тахти Сулаймон) ва «Дастнабишт» (Тахти Ҷамшед) бойгони мешуданд. Китобхонаи донишгоҳи «Гунди Шопур» аз китобхонаҳои бузурги Эрони сосонист. Дар китобхонаҳои салтанатӣ ва донишгоҳҳо (Нусайбин, Ҳирон, Эдесс, Гунди Шопур) осори бисёр ба забони форсии қадим ва адабиёти хориҷӣ нигоҳдорӣ мешуданд. Китобхонаҳои шоҳони ашкониро ганҷина меномиданд ва дар шаҳрҳои Марву Нисо бунёд шуда буданд. Китобхонаҳои оташкадаҳои зардуштӣ дар Осиёи Шарқӣ маркази таксир, таҳрир, китобсозиву китобороӣ ва гирдоварию нигаҳдории осор ва дастхатҳои арзишманди паҳлавӣ ва порсии миёна буданд. Бисёр китобхонаҳои тоисломии эрониён дар пайи истилои араб тороҷ шуданд. Китобхонаҳои давраи аввали хилофат бештар дар назди масҷиду мадрасаҳо таъсис ва хазинаи онҳо маҷмӯи китобҳои динӣ (нусхаҳои ороёфтаи Қуръон, ҳадис ва
Дар информатика маҷмӯи барнома, файлҳо ва ғ. ки маъмулан, дар хотираи берунии компютер ҳифз мешаванд.
|