Фарқият байни намунаҳои "Омударё"

х
ислоҳи вожаҳо using AWB
х (→‎Корбурди иқтисодӣ: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB)
х (ислоҳи вожаҳо using AWB)
Дар даврони бостон рӯди Вахшро сарчашмаи аслии Амударё мешумурдаанд, аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.
 
Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Чунончи, нависандаи гумноми «ҲудудҲудуду-улл-олам» дар фасли ''«Сухан андар рӯдҳо»'' мегӯяд: «Ва дигар рӯдест ӯро Харноб хонанд, аз мағриби кӯҳи Қасак биравад ва миёни [[Вилояти Бадахшон|Бадахшон]] ва [[Ноҳияи Фархор|Порғар]] андар [[Дарёи Аму|Ҷайҳун]] афтад. Ва ин Харноб аз Ҷайҳун меҳтар аст, валекин ҳама ба Ҷайҳун бозхонанд аз баҳри он, ки Ҷайҳун аз раҳе дуртар равад»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. — Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м саҳ. 40</ref>.
 
Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: ({{lang-fa|'''جریاب''' <- '''خرناب''' <- '''خرباب''' <- '''خروآب'''}}). Аммо росту дурусташ бояд «Харвоб» ({{lang-fa|'''خروآب'''}}) бошад, зеро вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он — «шарв», «шорв» ва «шор» — ба маънои «чашма, чашмасор; рӯди кӯҳӣ ё даргов» — ҳамакнун низ дар ҷойномҳои Муҷихарв дар [[Ноҳияи Нуробод|Дарбанд]], Сабзихарв, Ушхарв, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв дар [[Ноҳияи Дарвоз|Дарвоз]], Вишхарвак, Пошхарв, Рохарв, Техарв дар [[Ноҳияи Ванҷ|Ванҷ]], Рошорву Ҳидошарв дар [[Ноҳияи Рӯшон|Рӯшон]], Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор дар [[Ноҳияи Шуғнон|Шуғнон]] ва Абхарву Шитхарв дар [[Ноҳияи Ишкошим|Вахон]] зинда аст. Рӯди Панҷро дар Дарвозу Ванҷ «Оби Панҷ» ва дар Рӯшону Шуғнон «Панҷдарё» меноманд.
 
== Набототу ҳайвонот ==
Соҳилҳояш, хусусан поёноби он тӯқау чакалакзор (санҷид, сафедор, газ, най ва ғ.ғайра). Дар Амударё моҳӣ бисёр аст: лаққамоҳӣ, хормоҳӣ, белбинӣ, зағорамоҳӣ ва ғ.
 
== Эзоҳ ==