Ҳаким Маҳмудов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Эҷодиёт: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 33:
 
== Эҷодиёт ==
Маҳмудов яке аз навозандагони мумтози сози [[думбура]] буда, онро ҳамчун сози якканавозӣ дар ҷумҳурӣ машҳур намуд. Маҳмудов барои думбура бо ҳамовозии ансамбли созҳои халқӣ як миқдор наво офаридааст, ки «Сезарб», «Баҳори кӯҳистон», «Машқи ҷавонӣ», «Қақраи кабк» ва ғ. аз қабили онҳост. Сурудҳои ӯ «Боғчаро бин, сабза дорад», «Гул кун ба бахти мо Ватан», «Дар саҳни чаман», «Деҳқонбача», «Доғи дил», «Чашми адаб» ва ғ. аз тарафи ҳофизон иҷро шуда, дар фонди радио сабт шудаанд. Маҳмудов силсилаи навоҳои халқиро бо думбура сабт намудааст, ки дар хазинаи радио маҳфузанд («Фалаки даштӣ», «Роғӣ», «Ғарибӣ», «Нозанин», «Рози дил», «Дарди гул», «Баҳор омад», «Нигор» ва ғ.ғайра). Маҳмудов аз с. 1975 инчунин дар [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи мусиқии анъанавӣ фаъолият намуда, як зумра ҳофизонро думбура омӯхтааст. (М. Сафиева, З. Нурова, М. Шарифова ва диг.). Ба як қатор мамлакатҳои хориҷӣ: Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Ҷопон сафари ҳунарӣ кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.<ref name="ReferenceA"/>
== Нигаред==
* [[Рӯихати ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]]