Драма: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 38:
Жанри драма, яъне намоишномаи ҷиддӣ, ки мундариҷаи он бо тасвири ҳаёти ҳаррӯза алоқаманд аст (баръакси [[фоҷиа]]е, ки қаҳрамон дар ҳолатҳои истисноӣ қарор дорад) таърихи худро аз [[асри XVIII]], ҳангоме, ки як қатор драматургони аврупоӣ ([[Ҷорҷ Лилло|Ҷ. Лилло]], [[Дени Дидро|Д.Дидро]], [[Пйер Огустин Карон де Бомарше|П. О. Бомарше]], [[Готҳолд Эфраим Лессинг|Г. Э. Лессинг]], [[Фридрих Шиллер|Ф. Шиллер]]) драмаҳои буржуазиро сохтанд, оғоз намудааст. [[Драмаи буржуазӣ]] ҳаёти шахсии одамро тасвир мекард, [[кашмакаш]]ии намоишнома аксар вақт бо зиддиятҳои дохилии оила алоқамандии зич дошт.
 
Дар [[асри XIX]] жанри драма дар доираи адабиёти [[Реализм (адабиёт) |реалистӣ]] шадидан рушд кард.  Драмаҳоро аз ҳаёти ҳозира [[Оноре де Балзак|О.де Балзак]], [[Лев Николаевич Толстой|Л.Н.Толстой]], [[Александр Николаевич Островский|А.Н.Островский]], [[Ҳенрик Ибсен|Ҳ.Ибсен]], [[Герҳорт Ҳоуптмон|Г.Ҳоуптмон]], [[Ҳерман Зудерман|Ҳ.Зудерман]] эҷод кардаанд. Дар айни замон, [[мелодрамма]] дар рушд мебошад, ки асосан ба эҳсосоти инсонӣ диққат медиҳад ([[Александр Дюма (писар)|А. Дюма-сон]] ва ғ.ғайра)
 
Нахустин кашшофи [[драмаи рамзӣ]] драматурги фаронсавию белгӣ [[Морис Метерлинк]] буд. Аз дунболи вай, поэтикаи рамзӣ ва ҷаҳондарккунӣ дар драмаҳои [[Герҳорт Ҳоуптмон|Г.Ҳоуптмон]] баъдан [[Ҳенрик Ибсен|Ҳ.Ибсен]], [[Леонид Николаевич Андреев|Л. Н. Андреев]], [[Ҳуго фон Ҳофманштал|Г. фон Ҳофманштал]] мустаҳкам шудаанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Драма"