Рӯзнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 34:
Рӯзнома дар воқеъ рӯйдодҳоро ҳаммонанди китоб ё радиову телевизион нашр намекунад, зеро на ҳамчун китоб фурсату фазои кофӣ барои таҳлилу арзёбии ахбор дорад ва на монанди радиову телевизион бо шитобзадагӣ ҳамроҳ аст, балки дар фосилаи ин ду омил қарор мегирад. Ба илова рӯзнома дар саҳифаҳои хеш метавонад садҳо хабари гуногунро дарҷ намояд ва чанд баробари радиову телевизион матлаб мунташир кунад. Дар рӯзнома метавон бо таваҷҷуҳ ба гурӯҳҳои мухталифи хонандагон ва алоқамандиҳои гуногуни онон матнҳо, саҳифаҳо ва ҳатто чопҳои ҷудогона эҷод кард ва анвои хабарҳои умумӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва амсоли онро ба чоп расонд.
 
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанг (2015) дар Тоҷикистон 355 рӯзнома ҳаққи чоп дошта, беш аз 190-тоашон дар Душанбе ба табъ мерасанд. Аммо бештар аз нисфи ин теъдод номунтазам табъу нашр мешаванд. Дар ин миён 102 рӯзнома аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва 253 рӯзнома тавассути манбаъҳои ғайрибуҷавӣ (созмонҳои ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ, аҳзоби сиёсӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон) фаъолият мекунанд. Аз ин зовия рӯзномаҳои Тоҷикистонро мувофиқи аломати манбаъҳои маблағгузорӣ метавон ба 2 гурӯҳи калон ҷудо кард: рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва рӯзномаҳои ғайриҳукуматӣ. Ба гурӯҳи аввал рӯзномаҳоеро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (мас., «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғ.ғайра) ва ба гурӯҳи дуюм рӯзномаҳоеро, ки аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ малағгузорӣ мешаванд (мас., «Фараж», «Озодагон», «Миллат» ва ғ.ғайра), метавон дохил кард. Ин ду гурӯҳ аз рӯйи мансубият ба муассисашон ба 5 зергурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Рӯзномаҳои расмӣ ва соҳавии ҳукуматӣ (мас., «Ҷумҳурият», «Омӯзгор»); 2. Рӯзномаҳои аҳзоби сиёсӣ (мас., «Минбари халқ», «Наҷот»); 3. Рӯзномаҳои ҷамъиятӣ (мас., «Нигоҳ», «Фараж»); 4. Рӯзномаҳои саҳомӣ (мас., «Чархи гардун», «Азия-плюс»); 5. Рӯзномаҳои хусусӣ (мас., «Имрӯз News», «Озодагон»). Муҳаққиқон 6 вижагиеро барои ин таснифот нишон доданд: минтақаи интишори рӯзнома; муассиси рӯзнома; аудиторияи ҳамагонӣ (доираи бархурдорӣ аз иттилооти рӯзнома); фаъолияти қонунӣ доштани рӯзнома; аломатҳои табъу нашрии рӯзнома; рӯзномаҳои хушсифат ва оммавӣ.
 
Минтақаи интишори рӯзнома – маҳдудае, ки ин нашрия пахш мешавад. Мас., рӯзномаҳое ҳамчун «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» дар пойтахти ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд, ки маҳдудаи тавзеи онҳо танҳо шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он аст. Баръакс, рӯзномаҳое ба мисли «Варорӯд» (Хуҷанд), «Пайк» (Кӯлоб) фаротар аз маҳалли нашри хеш муштарӣ доранд. Дар ин миён рӯзномаҳое ҳам ҳастанд, ки ба туфайли маблағҳои бурсии созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва бо вуҷуди тиражи начандон калон (3–4 ҳазор нусха) ба минтақаҳои бештар паҳн мешаванд (нашрияи «Импульс»-и шаҳри Хоруғ). Солҳои охир чандин рӯзномаҳои чопи Душанбе («СССР», «Озодагон» бо теъдоди 3,5–4 ҳазор нусха) бинобар маводди нашриашон, матолиберо хориҷ аз кишвар бо истинод аз хабарнигори хеш ба нашр мерасонанд (аз Маскав, Санкт-Петербург, Кобул, Теҳрон, Машҳад, Монреал ва ғ.ғайра). «Озодагон» (бино бар маълумоти ин нашрия) дар сартосари Тоҷикистон ва ш.-ҳои Самарқанд, Кобул, Теҳрон, Машҳад, Алмаато, Бишкек, Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург паҳн мегардад. Нашрияҳоро бо ин вижагии масири интишор метавон ба гурӯҳи фаромиллӣ (транснациональное) ва миллӣ ё марказӣ тақсим кард. Барои рӯзномаҳои фаромиллӣ таҳияи иттилооти дархур баҳри муштариёни берун аз кишвар шарти муҳим аст. Хусусияти рӯзномаҳои миллӣ ё марказӣ дастрас шудани онҳо ба тамоми минтақаҳо ё ақаллан ба аксари маҳалҳои қаламрави кишвар мебошад. Дар даврони шӯравӣ рӯзномаҳои «Правда», «Известия», «Комсомольская правда» ба таври расмию ғайрирасмӣ ин гуна вижагӣ доштанд. Дастуроте, ки хусусан дар сармақолаҳои ин нашрияҳо чоп мешуд, барои созмонҳои ҳизбӣ ва сохторҳои идории тамоми қаламрави шӯравӣ чун барномаи амал пазируфта мешуданд. Бо фарорасии фазои истиқлолу субот, пайдоиши заминаҳои рушди демократӣ, таъсисёбии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон журналистика низ ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ ба марҳалаи нави рушд қадам ниҳод. Ҳоло дар Тоҷикистон баробари рӯзномаҳои ҳукуматӣ, даҳҳо рӯзномаи ғайриҳукуматӣ низ рӯйи кор омада, тибқи талаботи бозори иттилоотӣ фаъолият доранд. Дар радифи рӯзномаҳои марказӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо низ рӯзномаҳо ба нашр мерасанд. Ҳамчунин корхонаҳои алоҳида, вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ, мактабҳои олӣ, институтҳои таҳқиқоти илмӣ ва шаҳрвандони алоҳида рӯзномаҳои худро доранд. Аз ҷумла рӯзномаҳои вилоятӣ дар низоми матбуоти даврии Тоҷикистон дорои мавқеи муайян мебошанд. Ин рӯзномаҳо аз замони шӯравӣ мерос монда, органи аслии ҳукумати вилоят буда, аз буҷети он маблағгузорӣ мешаванд (дар замони шӯравӣ ба зиммаи кумитаи ҳизбии вилоят буд). Рӯзномаҳои вилоятии «Бадахшон» (ВМКБ), «Ҳақиқати Суғд» (вилояти Суғд), «Хатлон» (вилояти Хатлон) ва «Навиди Кӯлоб» (минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон) чун ворисони «Бадахшони советӣ», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Ҳақиқати Кӯлоб», ки дар замони истиқлол бо табдили ном ба ихтиёри ҳукумати вилоятҳо гузаштанд, дар равиши сиёсии фаъолиятҳои хеш дигаргуние ворид накарданд. Рӯзномаҳои маҳаллӣ (ноҳиявию шаҳрӣ) бо хусусиятҳои осон дастрас будан, ба арзу ниёзи хонанда ҳамроз шудан, воситаи самимии робитаи маънавии сокинони маҳалли муайян будани хеш дар низоми матбуоти даврии охири садаи XX мавқеи хос доштанд. Имрӯз теъдоди ангуштшуморе аз рӯзномаҳои маҳаллиро номбар кардан метавон, ки ақаллан ҳафтавор мунтазам ба чоп расанд.
 
Таърихи пайдоиши рӯзномаҳои бисёртираж ба охири солҳои 20 садаи XX, ба давраи оғози саноатикунонии шӯравии собиқ рост меояд. Ин навъ рӯзномаҳо, ки нахуст бо мақсади тарғиби ғояи саноатикунонӣ дар корхонаҳои бузург пайдо шуданд, ҳамчун василаи муассири ҷомеаи коргарӣ ва минбари хубе дар баррасию натиҷагирии муассисоти илмию саноатӣ ва умури кишоварзӣ роҳ ёфтанд. Бо пайравӣ аз таҷрибаи минтақаҳои пешсафи шӯравӣ дар корхонаву муассисаҳои калонтарини Тоҷикистон низ чопи рӯзномаҳои бисёртираж ба роҳ монда шуд ва ин нашрияҳо дар тӯли даҳсолаҳо ҳамчун дастёру ҳамрози коргоҳу аҳли заҳмати он мунтазам ба табъ мерасиданд ва бархе аз онҳо берун аз муассисаи хеш низ шуҳрат доштанд («Бофанда» – Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини шаҳри Душанбе; «Қолинбоф» – Иттиҳодияи истеҳсолии қолинбофии Қайроққум; «Минбари коргар» – Ф-каи кешбофӣ (трикотаж)-и Ӯротеппа; «Алюминий Таджикистана» – Корхонаи алюминийи Тоҷикистон; «Ба қуллаҳои дониш» – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва ғ.ғайра). Аз соли 2010 дар кишвар бархе аз рӯзномаҳои бисёртираж, ба монанди «Ба қуллаҳои дониш» (ДМТ), «Омӯзгори ҷавон» (ДДОТ) на танҳо бо афзоиш додани теъдоди чоп (аз 1 ҳазор нусхаи пешин то 8–10 ҳазор), балки инчунин фарохсозии доираи мавзӯъу масъалаҳои инъикосшаванда, дахолати боҷуръат ба баррасию таҳлили проблемаҳои соҳа, муносибати касбӣ ба газетаофарӣ аз қолиби маъмули «рӯзномаҳои бисёртиража» берун рафтаанд.
 
Рӯзнома пеш аз ҳама ҳомии қонунҳои ҷорӣ дар ҳар кишвар аст ва қонунмандии ҷомеаро эҳтирому тарғиб мекунад. Аз ин рӯ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳар нашрия расман дар мақомоти андоз ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном шуда, дар чаҳорчӯби муайяни қонун, бо риояи принсипҳои роиҷи матбуот ба фаъолият шурӯъ мекунад. Қонуни матбуот асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар ВАО, кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.
Сатри 46:
Майли сиёсатошноиро ҳамчун падидаи худшиносии аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, ки солҳои охир аз худ бештар хабар медиҳад, ба мавҷи навбатии рӯйи кор омадани рӯзномаҳои ҷамъиятию сиёсии «Азия-плюс», «Имрӯз News», «Миллат», «Фараж», «Озодагон», «Нигоҳ», «Пайкон», «Ҷомеа», «СССР», «Пайк» (солҳои 2006–2012) метавон рабт дод. Ҳафтаномаҳои мазкур бо дахолати боҷуръатона ба инъикоси мушкилоти ҷомеа умуман, масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ аз ҷумла, афкори оммаро савқ бахшида, шуури сиёсиро такон дода, мардумро аз панҷараи андешаи «сиёсатқимобӣ» берун кашида, хусусияти ҷамъиятию сиёсӣ доштани рӯзномаҳоро собит мекунанд.
 
Шакли чопи рӯзномаҳо (формат) андоза ё меъёрҳои дар матбаа устуворгардида барои интишори матбуоти даврӣ мебошад. Дар таҷрибаи матбааҳои Тоҷикистон шаклҳои чопи А-2, А-3, А-4 маъмул аст. Ҳаҷми чопи рӯзномаҳо аломати матбуоти даврӣ аст, ки ба каму зиёд фаро гирифтани иттилоот (маълумот) дар рӯзномаи муайян ишора мекунад. Дар Тоҷикистон ҳоло рӯзномаҳо дар ҳаҷми 4 ё 8 саҳифа, бо андозаи А–2 («Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва ғ.ғайра), 16 саҳифа («Озодагон», «Нигоҳ» ва ғ.ғайра), 24, 32 саҳифа, бо андозаи А–4 («Омӯзгор», «Чархи гардун»), бо ороиши ранга («Тоҷикистон», «Ба қуллаҳои дониш») чоп мешаванд. Ҳаҷми чопие, ки ҳар рӯзнома эълом медорад, метавонад вобаста ба таърихи таърихие ё тақозои бозори реклама тағйир ёбад. Чунончи, рӯзномаи «Факты и комментарии»-и соли 2009 ба ифтихори яксолагиаш як шумораашро дар ҳаҷми 100 саҳифа интишор дода буд ва ё рӯзномаи «СССР», ки маъмулан аз 16 саҳифа иборат аст, моҳҳои охири соли 2011 ва ибтидои соли 2012 бо иловаи 7 саҳифаи реклама, 22-саҳифаӣ ба табъ расид. Аммо ҳаҷми маълумоти дарбаргирифтаи рӯзнома тозагӣ ва сифати иттилоотро ифода намекунад. Мас., ду рӯзномаи 16 саҳифаӣ – «Дайджест-пресс» ва «Озодагон» аз ин назар байни ҳам тафовути бузург доранд.
 
Рӯзномаҳо хушсифат ва оммавӣ мешаванд. Ин ду вижагии рӯзномаҳо зоҳиран тавъам намоянд ҳам, моҳиятан тафовути ҷиддии рӯзномаҳоро вобаста аз усулгароӣ ва собитқадамии онҳо дар самти иҷрои рисолати касбӣ бозгӯ менамоянд. Рӯзномаҳои хушсифат дар фаъолияти эҷодии худ интишори ақидаро муқаддам шумурда, бо такя ба факту далелҳои муътамад ба баррасии ботамкини рӯйдоду воқеаҳо даст зада, вазифаи савқ додани андеша ва ба вуҷуд овардани афкори хонандагонро иҷро менамоянд. Ин навъ нашрияҳо доираи маҳдудтар, аммо омӯзишдидаву интеллектуали ҷамъиятро фаро мегиранд. Рӯзномаҳои оммавӣ бидуни хатти машиӣ пойдор ва барои ҷомеаи хеш муфид, бо маводди сабуки саргармкунанда ва гоҳе ҳангомаҷӯёна доираи муштариёни дар ҷамъият начандон фаъолу соҳибмаълумотро мухотаб қарор медиҳанд ва маъмулан харидори зиёдтар доранд. Мас., рӯзномаҳои англисии «The Times» (бо тиражи қариб 370 ҳазор нусха), «News of the World» (бо тиражи беш аз 4,5 млн нусха) ва тоҷикии «Озодагон» (наздики 3100 нусха), «Оила» (30 ҳазор нусха).