Мӯй: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 4:
'''Мӯй''' (Pili) - торҳои найчамонанди маҳин ва нозуке, ки аз пӯст мерӯянд.
 
Мӯй ба ғайр аз кафи даст, пошнаи пой, пушти буғумҳои нохундор, лаб ва баъзе қисмҳои дигар қариб тамоми бадани одамро фаро гирифтааст. Мӯйи дароз (дар сар, занах, зери ноф, зери каш), қилмонанд (абрӯвон, мижгон ва ғ.ғайра) ва пашмакмонанд (дар тамоми бадан) мешавад.
 
Мӯӣ аз тор, ки берун аз пӯст ва реша (дар зери пӯст ҷой гирифта, бо пиёзаки мӯй интиҳо меёбад) иборат аст. Решаи мӯй якҷоя бо пиёзаки он дар фолликулаи мӯй ҷойгир буда, роҳи ғадудҳои чарб ба он рафта мерасанд. Фолликулаи мӯй (ғайр аз фолликулаи Мӯӣи қилмонанд) дорои бандчаи мушакҳои суфта аст, ки онҳо Мӯйро бардошта меистанд ва ба холӣ шудани ғадудҳои чарб мусоидат мекунанд. Ба пиёзаки мӯй пистонаки пайвастбофта, ки бо рагҳои хун ва нахҳои асаб фаро гирифта шудааст, ворид мешавад.
Сатри 11:
Сабзиши мӯй ба туфайли зиёд шудани ҳуҷайраҳои пиёзак сурат мегирад.
Мӯй моҳе тақр. 1 см дароз мешавад. Вай мӯҳлати муайяни сабзиш дошта, пас аз он мерезад, ба ҷояш Мӯйи нав мебарояд. Давомоти ҳаёти мӯй сари мардон ба ҳисоби миёна 2 сол, мӯйи занон 4 – 5 сол, давомоти сабзиши мижгон 3 – 5 моҳ мебошад. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 30 – 50 тор мӯй мерезад. Муайян шудааст, ки Мӯй баҳору тобистон нисбат ба зимистону тирамоҳ ва рӯз нисбат ба шаб тезтар месабзад. Мӯйи солим бақувват ва чандир аст (М. 100 – 200 г борро бардошта метавонад). Ба чандирии мӯй равғане, ки ғадудҳои чарб ихроҷ менамоянд, мусоидат мекунад.
Ба суръату давомоти сабзиш ва хусусиятҳои мӯй омилҳои гуногун таъсир мерасонанд: синну сол (мӯйи [[пиронсол]]он борик ва сабзиши онҳо суст мешавад), ҳолати асабия ва узвҳои эндокринӣ, ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар организм, хусусияти ғизо, нигоҳубини Мӯй ва ғ. Аз таъсири ҳарорат, ишқор (спирти навшодир, карбонати натрий, собуни ҷомашӯй ва ғ.ғайра) таркиби Мӯй тағйир ёфта, он камқувват ва мӯрд мешавад. Ихроҷи барзиёди чарби пӯст ва тағйир ёфтани таркиби химиявии он, ки дар натиҷаи вазъи ногувори асабу узвҳои эндокринӣ ба амал меояд, боиси серчарбии мӯй, зуд ифлос ва часпак шудани баъзе торҳои он мегардад. Дар натиҷаи аз беморӣ ё нигоҳубини нодуруст (зуд-зуд шустан, истифодаи оби дурушт, атр, маҳлулҳои спиртноки равғанбар, собуни ишқордор, тез-тез ҷингила кардан) суст гардидани кори ғадудҳои чарб М. аз ҳад зиёд мехушкад. Чунин мӯй хираю беҷило буда, зуд мерезад ва монанди мӯқалам тит мешавад.
==Касалиҳои мӯй==
Ихтилоли фаъолияти ғадудҳои чарб дар баробари тағйир ёфтани хусусияти мӯй боиси дар пӯсти сар пайдо шудани қабати равған ё сабӯсак низ мегардад, ки онҳо аломати себорея мебошанд. Ихтилоли сабзиши мӯй ва бо мӯйи нав иваз гаштани он, ки бинобар сабабҳои гуногун ба амал меояд, ба рехтани мӯй (то дараҷаи тосшавӣ) ё баръакс, ба сабзиши барзиёди он оварда мерасонад.
Сатри 20:
== Шустани мӯй==
Мӯйи равғанинро ҳафтае 1 маротиба, М.-и хушку мӯътадилро дар 10 – 14 рӯз 1 маротиба мешӯянд. Барои шустани Мӯй, новобаста ба ҳолати он, аз оби нарм (фориғ аз намакҳои калсий, магний, оҳан), ки бо роҳи ҷӯшондан ё ба об илова намудани танакор (1 қошуқча ба 1 л об) ҳосил карда мешавад, истифода мебаранд. Барои М. махсусан оби ҳарор. 50 – 55°С мусоид аст. Ба М. бевосита собун задан лозим нест, чунки вай осеб меёбад (беҳтараш бо кафки собун шуст). Ба М. аз ҳад зиёд собун молидан низ зиён дорад, зеро он хушкида зудшикан мешавад. Барои нигоҳ доштани ранг, ҷило ва чандирӣ М.-и малларо баъди шустан бо ҷӯшоби бобуна, М.-и сиёҳро бо оби сиркодор (1 қошуқ сирко ба 1 л об) мечайқонанд.
Мӯйро бо собуни ҷомашӯйӣ набояд шуст. М.-и хушкро бо собунҳои серравған (мушкин, косметикӣ ва ғ.ғайра) мешӯянд. Аз зардии тухм, ки дар он моддаҳои равғанмонанд бисёр аст (зардии тухмро аз сафедиаш ҷудо карда, бо оби гарм меомезанд) ё ҷурғот (онро ба М. ба миқдори зиёд молида, 5 – 10 дақ. сарро бо рӯймол баста мемонанд ва баъд М.-ро бо оби гарм мечайқонанд) истифода бурдан мумкин аст. Барои равғанин шудан ба М.-и хушк чанд соат пеш аз шустан равғани гарми рустанӣ (канадона) мемоланд. Барои шустани М.-и хушк аз собун ё хамираи сулсенӣ истифода бурдан мумкин аст (моҳе як бор). М.-и хушкро бо обе, ки шарбати лиму ё сирко дорад (1 қошуқ ба 1 л об), чайқондан мувофиқи мақсад аст.
М.-и равғанинро бо ҳама навъҳои собун (қатронӣ, шампун, собуни обакӣ ва ғ.ғайра) метавон шуст. Ба ҷои собун хардалро низ истифода бурдан мумкин аст. 2 – 3 соат пеш аз шустани М.-и равғанин ба пӯсти сар молидани шираи сабр (алоэ), сабзӣ, пиёз ё васоити махсус – арникол, кармазин, биокрин, биотол нафъ дорад. Барои чайқондани М.-и равғанӣ ҷӯшобаи гиёҳҳои дорӯӣ маслиҳат дода мешавад. Як қошуқ омехтаи гиёҳҳо (миқдори баробари ҷойкаҳак, бӯимодарон, пӯстлохи булут)-ро ба зарфе андохта оби ҷӯшида (1 л) мерезанд ва болояшро пӯшонда, 1 соат дар даруни деги обаш ҷӯшидаистода мемонанд. Баъд онро меполоянд ва хунук мекунанд. Барои чайқондани М.-и беҳад равғанин аз обе, ки спирти навшодир дорад (1 қошуқча ба 1 л об), истифода бурдан мумкин аст.
Ба одамони пирсол маслиҳат дода мешавад, ки сифатҳои ба ин синну сол хоси М. (борикӣ, мурдӣ, хушкӣ, зудрезии он)-ро ба назар гирифта, 20 – 30 дақ. пеш аз саршӯйӣ ба он омехтаи зардии тухму равған (зардиро бо равғани рустанӣ хуб меомезанд) моланд, сарро аввал бо рӯймолчаи полиэтиленӣ, баъд бо рӯймоли муқаррарӣ банданд. Сарро бо кафки собун мешӯянд. Барои он ки М.-и сафед ранги дилкаши нуқрафом гирад, онро бо оби синкадор метавон чайқонд.
М.-ро эҳтиёткорона ва бо сачоқи нарм хушкондан лозим. Ба ин мақсад истифодаи фен маслиҳат дода намешавад, зеро он М.-ро аз ҳад зиёд мехушконад. Сарро хушк нашуда бастан лозим нест. Дар пирсолӣ баъди шустани М. ва хушкондани он каме крем молидан муфид аст (он мӯйро равғанин ва ҷилодор мекунад).
Сатри 40:
== Сермӯй ==
'''Сермӯӣ''' дар рухсора ё дигар қисмҳои бадан ва ҷои мӯӣҳои нарм бештар сабзидани мӯӣҳои дуруcтро гуянд. Муй дар сари одам ва бадани ҳайвонот мешавад. Муй агар дар сари одам бисёр бошад одам зебо менамояд.
== Манбаъ ==роххоирохҳои табаи Кати сиёх кардани муйи сар
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мӯй"