Зебо Аминзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 22:
 
Аминзода дорои эҳсоси баланди дарки мусиқӣ ва маҳорати олии санъати рақсӣ буда, ҷиҳатҳои нозуки рақси миллии тоҷикиро ба воситаи иҷрои ҳаракатҳои мавзун ифода кардааст. Аминзода унсурҳои балети классикиро бо рақси миллӣ ва халқӣ устокорона омезиш дода, ба бозёфтҳои тоза муваффақ шудааст. Рақсҳои бисёркасаи таҳия намудааш пурмаъно, дилчаспу хотирмон буданд. Рақсҳои «Вохӯрӣ», «Санам», «Ҷавонӣ», «Туйёна», «Чӯпонӣ», «Занг», «Дар чаман», «Муноҷот», «Орзу» ва ғ. аз бозёфтҳои тозаи санъати Аминзода мебошанд.
Аминзода ҳамчунин дар чандин спектаклҳо («Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, «Ашрофпараст»-и Ж. Молер, «Рамаяна»-и Н. Гусева, «Лӯлидухтар Аза» ва ғ.ғайра) нақшҳои асосиро (бо рақсаш) бозидааст. А. ба бисёр шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои дунё: Афғонистон (1966, 1972, 1981, 1984), Булғория (1968), Англия (1981), Шри-Ланка (1978), Тунис (1981), Ҷопон (1984), Испания (1986) сафари ҳунарӣ намудааст. Дорандаи ҷоизаи Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар София (1968), Мукофоти Комсомолии Ленинии Тоҷикистон (1968) ва умумииттифоқ (1982, ҳамроҳи ансамбли «Зебо»). Бо медали ҷашнии «Барои меҳнати шуҷоатнок», ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.<ref name="ReferenceA"/>
 
== Пайвандҳо ==