Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 2:
 
==Таърих ==
Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ бо унвони Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[23 июн]]и соли [[1993]] дар шаҳри [[Хуҷанд]] ташкил шудааст. Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат, таҳқиқоти илмӣ оид ба самтҳои гуногуни таърих ва ҳунари санъати мусиқӣ, рушди минбаъдаи санъати касбӣ ва идомаи беҳтарин анъанаҳои санъати миллӣ бо ҷалби ҳунармандони варзида ва мутахассисони касбӣ самти афзалиятноки таълимию ҳунаромӯзии факултаро дарбар мегирад. Дар таъсиси муассисаи таълимию илмии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Академияи мусиқии ҶТ) мутахассисони варзида – номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор [[Наим Ҳакимов|Ҳакимов Наимҷон Ғаниевич]], профессор [[Рауф Муродов ]], профессор [[Умар Алиев]] ҳамчун ташаббускор иқдом намудаанд. Минбаъд олимони шинохта – мусиқишиносон н. и. с. [[Фирӯз Ӯлмасов]], [[Абдувалӣ Абдурашидов]], [[Султоналӣ Худойбердиев]] ва ҳофизони варзида, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС профессор [[Ҷӯрабек Муродов]], Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон профессор [[Боймуҳаммад Ниёзов]], оҳангсоз [[Шарофиддин Сайфиддинов]], сароянда [[Даврон Алиматов]], Ҳофизони халқии Тоҷикистон [[Маъруфхоҷа Баҳодуров]], [[Абдураҳим Шерматов]], мутрибон-навозандагони чирадаст Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ [[Юсуфҷон Бобоҷонов]], ғиҷакнавоз [[Сайдулло Убайдуллоев]] ва дигарон дар таълиму тарбияи насли ҷавони хунармандонҳунармандон саҳми арзанда гирифтанд.
 
Дар ибтидо дар Академияи мусиқии ҶТ шӯъбаҳои зерин амал мекарданд: мусиқишиносӣ-шарқшиносӣ, актёри театри анъанавӣ, санъати навозандагӣ, санъати сарояндагии анъанавӣ. Дар АМ ҶТ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва Донишкадаи таълимӣ амал мекард, ки дар он олимони намоёни соҳаи санъат Абдурашидов А., Раҷабов А., Кароматов Ф., Гейзер Э. Р., Ғафурбеков Т., Абдуллоев Р. ва дигарон фаъолият мебурданд. Дар соли аввал ба донишкадаи таълимӣ 36 нафар, соли хониши 1994-1995 35 нафар донишҷӯ қабул гардиданд. Соли [[1995]] шӯъбаи рассомӣ, соли таҳсили 1995-1996 шӯъбаи хониши академикӣ, соли [[2002]] шӯъбаи актёри драма ва коргардони театр бо сарварии Ҳунарманди шоистаи ҶТ [[Барзу Абдураззоқов]] ба фаъолият оғоз намуд.