Ғуриён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Нашъу намои давлат: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 3:
=== Сари қудрат омадани Ғуриён ===
Охири асри ХI дар [[Ғур]] айёми барқароршавии муносибати феодалӣ буд. Дар нимаи дувуми асри ХI ва нимаи аввали асри ХII доираи ҳокимияти маликҳои вилояти Мандеш хеле вусъат пайдо намуда, ба тамоми Ғур паҳн гардид. Дар миёнаҳои [[асри ХII]] давлати феодалии Ғуриён таъсис ёфт.
Ҳокимони [[Ғур]] баъзе вақтҳо исман ба шинохтани ҳокимияти олии [[Ғазнавиён]] маҷбур шуда бошанд ҳам, вале дар зарфи чандин даҳсолаҳо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Ниҳоят, онҳо заиф шудани давлати ғазнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиқлолиятиистиқлоли худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди ҳукмронии Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ ба rувваи бузурге соҳиб гардиданд.
 
Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони ғазнавӣ) аз афзудани иқтидори Ғуриён ва шӯҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба [[Ғазна]] биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ғуриён"