Воқеият: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 1:
'''Воқеият''' ({{lang-ar|واقعیت}} — воқеӣ будан) — дар [[фалсафа]] кулли мавҷудот, дар маҷмӯъ олами объективӣ, ки новобаста ба ирода ва тасаввуроти инсон вуҷуд дорад; ҳақиқат ҳамчун ҳастии билфеъл.
 
Дар маърифати илмии муосир мафҳуми воқеият барои ифодаи ягон ҷанба ё бахши ҳастӣ истифода шуда, мавзӯи илми мушаххасро фаро мегирад (мас., воқеияти физикӣ, воқеияти биологӣ, воқеияти иҷтимоӣ ва ғ.ғайра). Воқеияти физикӣ низоми мудракҳои назариявиеро дар бар мегирад, ки тавассути назарияҳои алоҳидаи физикӣ (ё худ маҷмӯи назарияҳо) мураттаб гардида, ба онҳо мақоми ҳастишиносӣ дода шудааст. Воқеияти физикӣ олами воқеии объективиро тавассути мафҳумҳо, қонунҳо ва усулҳои назариявӣ-физикӣ тавсиф мекунад ва аз ин рӯ, онро аз воқеияти объективӣ, ки аз ягон назарияи физикӣ вобаста нест, бояд фарқ кард. Воқеияти биологӣ на танҳо ҳастии объективии олами биологӣ, балки рафтори фаъоли мудрикро низ дар бар мегирад.
 
Дар материализми диалектикӣ воқеият ба ду маъно фаҳмида мешавад: